Китоби нав. Муҳаммад Лутфуллозода. «Чаҳоргонаи тарбия»
Муаллифи китоби «Чаҳоргонаи тарбия» академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Муҳаммад Лутфуллозода мебошад. Китоби мазкур аввали ҳафтаи моҳи ноябри соли 2022 дар ҳаҷми 400 саҳифа нашр шудааст.
Мавриди зикр аст, ки рӯзи 18-уми ноябри соли ҷорӣ бахшида ба солгарди академик Муҳаммад Лутфуллозода мизи мудаввар зери унвони «Устоди аввалини мову Шумо» доир гардида буд, ки дар он шогирдону ҳамкорони донишманди маъруф ширкат доштанд.
Академик Лутфуллозода дар муқаддимаи китоб аввал аз бемории худ, ки аз аввали сол оғоз шуда, муддати се моҳ идома доштааст, хабар медиҳад ва баъдан сабаби таълифи китобшро иброз медорад. Муқаддимаи китобро пурра меорем:
ЧАНД СУХАНАКЕ ДАР ВУРУДИ КИТОБ
Соли 2022 баҳри ғуломбачаи шумо, азизони дил, соли хуб набуд: 24 январ касал шуда то 16 март дар бистари беморӣ хобидам. Баъдтар зери таъсири дорую дармони табибону суханҳои тасаллобахши фарзандону ёру дўстон хеле беҳтар шудам, тай-тай попо шудам.
Аммо дил мезанад, нафас мегирад, по намеравад. Лекин сар кор мекунад, ақл дар ҷояш. Хайф аст, ки агар ин ақлро, ки хоси инсон аст, истифода набарем. Бинобар ин якбора се китобак навиштам: яке «Қурон ва тарбия», дигаре «Шоҳнома» ва тарбия», сеюмӣ – «Тоҷикон» ва тарбияи ватандўстӣ». Ҳар се китоб бо саъю талошҳои фарзандони дилбандам Парвин ва Заррина ба теъдоди кам ҳам бошад чоп шуданд.
Китобҳои ҳаҷман хурд оҳиста-оҳиста аз назар дур мешаванд. Бинобар он мақсад гузоштам, ки китоби дигаре бо унвони «Баҳори тарбия» нависам ва ҳар чаҳорро таҳти унвони умумии «Чаҳоргонаи тарбия» гирд биёварам.
Азизони дил, агар эътибор дода бошед, нисфи зиёди китоби «Педагогикаи миллии халқи тоҷик», ҷилди 5-и «Осори педагогӣ» ва чандин асару мақолахои банда ба масъалаи тарбияи инсон бахшида шудаанд. Чунин мешуморам, ки ҳамагон ба ин масъалаи инсонофар машғул шавем. Инсон агар дониши кофӣ дошта бошад, хуб аст. Ба қавли устод Рўдакӣ, «Дониш андар дил чароғи равшан аст». Аммо одамони зиёдеро медонем, ки бе дониш роҳи зиндагиро ёфтаанд. Вале бе тарбия на зиндагист, на роҳу равиши зиндагӣ. Ҷойи одами бетарбия на байни одамон, балки кунҷи зиндон аст. Тарбия инсонро дар зиндагӣ хелида-хелида инсон месозад.
Ҳамаи пайғамбарону бузургони ҷаҳон, рисолати худро дар тарбияи инсон дида, баланд садо баровардаанд: «ЭЙ ОДАМОН, ОДАМ ШАВАЕД!».
Ҳамаи мавод, ки дар ин китоби «Чаҳоргонаи тарбия» гирд оварда шудаанд, ба тарбияи инсон нигаронида шудаанд:
– инсони сазовори падару модар:
– инсони сазовори ҷомеа:
– инсони сазовори Ватан.
Азизони дил, ба ҳамаи шумо сиҳатию саломатӣ ва дар тарбияи худу фарзандони бонангу номуси Ватан комёбиҳо орзумандам!
Муаллиф
Китоби “Чаҳоргонаи тарбия” – ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Неъматулло ШАМСОВ,
мутахассиси пешбари шуъбаи
нигоҳдории рисолаҳои илмӣ.