Академик Бертелс ба устод Айнӣ: Он чӣ Шумо навиштаед, ман бояд фақат тасдиқаш кунам…

Академик Бертелс ба устод Айнӣ

ШАТРАНҶ (شترنج شطرنج): тахтаест 64-хонагӣ, ки дар вай бо 32 дона бозӣ кунанд. Устод Айнӣ, Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик.

(С. Айнӣ. Куллиёт, ҷ. 12; Д., 1976.)

Устод Садруддини Айнӣ, бетардид, аз донишмандони бузургу соҳибназари забону адабиёти форсӣ ё худ, форсии тоҷикӣ мебошанд, ки мероси пуршукуҳи эшон бар ин гувоҳ аст. Аз ҷумла, «Луғати нимтафислии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик» аз таснифоти муҳимму арзишманди устод аст, ки эроншиноси маъруф, Е. Бертелс онро барҳақ «шоҳкор» номидааст.

Е. Бертелс яке аз муҳаррирони ин қомус буда ва дар номае (соли 1939) ба устод Айнӣ онро ганҷинае аз ҷавоҳири моломол, як асаре, ки ҳазорон мардум метавонанд солҳои дароз аз он баҳра бибаранд, меномад. Бертелс дар идомаи ин нома, бо дилсӯзӣ баъзе аз шубҳаҳои худро, ки шояд баъдан барои устод Айнӣ дардисарсоз бишаванд, иброз дошта, аз ҷумла, ин гуна менависад:

«… Маълумоти ман дар соҳаи забони тоҷикӣ назар ба маълумоти Шумо маълумоти як бачаи ҳафтсола барин мебошад назар ба маълумоти Ҳаким Абуалӣ Ибни Сино.

Он чӣ Шумо навиштаед, ман бояд фақат тасдиқаш кунам, ки дар ин ҷо албатта ҳеч ҷойи эътироз нест.

Вале мехостам бигӯям, ки ин шубҳаҳо иборат аз чист: дар луғати Шумо бо он ҳама сарват, ки доираи он аст, калимаҳои советӣ ва интернатсионалистӣ ҳеч ёфта намешавад. Агарчи ман шояд сабабашро мефаҳмам, вале метарсам, ки агар ин китоб дар ҳамон шакли ҳозирааш аз чоп мебарояд, баъзе танқидчиёни мӯшикоф як ҳаёҳуе хоҳанд баровард, ки он сараш нопайдо хоҳад буд. Хоҳанд гуфт, ки Шумо мухолифи дохил кардани чунин калимаҳо дар забони адабии тоҷик ҳастед ва дигар ҳамин хел музахрафот. Агарчи Шумо албатта метавонед ба чунин танқид чунон як ҷавоби қатъӣ бидиҳед, вале, ба назарам, аз ин қисм гуфтугӯҳо ҳеч касро хушаш намеояд…»

Аз саҳифаи донишманди тоҷик Обид Шакурзода дар Фейсбук.

ШАРҲ: Евгений Эдуардович Бертелс – шарқшиноси рус, доктори илмҳои филология (1935), профессор (1928), узви вобастаи АИ ИҶШС (1939), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Ӯзбекистон (1944) ва ҶШС Тоҷикистон (1946), узви вобастаи Фарҳангистони улуми Эрон (1944), узви фахрии АИ ҶШС Туркманистон (1951), узви вобастаи Академияи улум дар Димишқ (1955), узви фахрии АИ ҶШС Ӯзбекистон (1956) буд. Аз маъруфтарин шарқшиносони Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт. Солҳои 1890 – 1957 зистааст.