Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 11-уми декабр
Соли 1810 дар Порис шоир, намоишноманавис ва навсандаи аҳли Фаронса Алфред де Мюссе ба дунё омад. Ӯ аз ҷумлаи намояндагони барҷастаи асри романтизм буд. Машҳуртарин намунаҳои ашъораш бо номҳои “Умед ба Худованд”, ”Қитаъоти шабҳо”, “Минтақаи “ёдгор”, “Шаби декабр” чоп шудаанд. Вай муаллифи намоишномаҳои “Бо ишқ набояд шӯхӣ кард”, “Шамъдон”, “Барои ҳеч чиз набояд қасам хӯрд” ва достонҳои “Саргузашти як сори сафед”, “Эътирофоти як кӯдаки замона” мебошад.
Соли 1843 шоир ва намоишноманависи Фаронса Казимир Жан Франсуа Делавин тарки олам кард. Вай муаллифи суруди миллии пешини Фаронса La Parisienne буд.
Соли 1864 дар Руан адиби фаронсавӣ Молис Леблан, муаллифи китоб дар бораи Арсен Люпен ба дунё омад. Арсен Люпен як шахсияти достонӣ аст, ки нахустин бор дар маҷмуаи романҳои пулисӣ-ҷиноӣ навишташуда тавассути Молис Леблан падид омад. Ва чунон мавриди истиқбол қарор гирифт, ки баъдҳо бар мабнои ин шахсият теъдоди зиёде достон ва филму сериёлҳои телевизионӣ сохта шуд.
Соли 1911 дар Қоҳира адиби маъруфи Миср Наҷиб Маҳфуз ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт буд. 30 августи соли 2006 бар асари як амали ҷарроҳии ноком дар бемористон аз олам гузашт. То рӯзи даргузашт солхӯрдатарин ҷоизадори Нобел дар адабиёт буд.
Асарҳои машҳури ӯ “Бозии тақдир”, “Қоҳираи нав”, “Хон ал-Халилӣ”, “Оғоз ва анҷом”, “Миёни ду қаср”, “Кохи орзу”, “Оина”, “Муҳтарам ҷаноб”, “Шабҳои ҳарзор шаб” ва ғайра мебошанд.
Соли 1918 дар шаҳри Кисловодск нависанда, публистист, шоири рус Александр Солженитсин ба олам омад. Ӯ аз бузургтарин намояндагони адабиёти руси охири қарни бистум ба шумор мерафт. Яке аз машҳуртарин асарҳои ӯ “Маҷмааҷазираҳои ГУЛАГ” ба шумор меравад, ки аслан маҷмуаи таҳқиқоти ҳунарӣ-таърихии адиб дар бораи режими саркӯбкунандаи Шӯравӣ дар солҳои 1918- 1956 мебошад.
Солженитсин барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт дар соли 1970 буд.
Соли 1918 нависандаи машҳури Словения Иван Санкар тарки олам кард.
Соли 2000 дар шаҳри Ню-Йорк дар синни 87-солагӣ намоишноманавис, филмноманавис ва нависандаи амрикоӣ Н.Ричард Нэш вафот кард.
Соли 2021 адиб, филмноманавис ва коргардони амрикоӣ хонум Энн Райс аз олам гузашт. Вай 80 сол дошт. Райс нависандаи достонҳои кутоҳ, адабиёти масеҳӣ ва ҳикояҳои шаҳвонӣ буд. Дар охирин моҳҳои умраш вай бо эълони расмӣ тарки масеҳият кард, вале дар ҷойе нагуфт, ки пайрави кадом дин шуд.
Таҳияи Б.Шафеъ