Профессор Сатторзода: Довталабон бештар дар қироати шеър, дар баёни мазмун лакнат доранд
То анҷоми озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», рўзҳои башумор мондаанд. Ин мусобиқаи фарҳангӣ муддати 4 сол аст дар кишвар доир гардида, истеъдодҳои зиёдро ба мардум ошно намуд. Низомномаи сабқат бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми феврали соли 2022 , №АП-156 тасдиқ гардидааст. Масъули баргузории он Китобхонаи миллӣ, Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Кумитаи давлатии телевизион ва радио ва як қатор сохторҳо мебошанд.
Дирӯз вақти хўроки нисфирўзӣ фаро расиду, фурсатро ғанимат дониста, яке аз узви ҳакамон, доктори илмҳои филологӣ, профессор, устод Абдунабӣ Сатторзодаро ба суҳбат кашидем:
– Устод дар оғоз суоли маъмулӣ: таасуроти Шумо аз озмун чӣ тур аст?
– Бояд аввал махсус таъкид кунам, ки озмун як маъракаи бисёр муҳим дар Тоҷикистон аст ва сол ба сол ин озмун як падидаи бисёр муҳиму муътабар шудааст, ки ташаббускораш ҳамон тавр, ки ҳама медонанд, Президенти муҳтарами Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Он ҳадафҳое, ки сарвари давлатамон аз баргузории озмун гуфта буданд, оҳиста-оҳиста амалӣ шуданд доранд. Инро мушоҳида кардем, дидем, ки сол аз сол мардуми мо, ҷавонои мо, калонсолон ҳам ба хондани китоб бештар шавқ пайдо кардаистодаанд. Дар ин миён бо як китобдор аз вилояти Хатлон суҳбате доштам. Вай гуфт воқеан сафи хонандаҳо, онҳое, ки китоб ҷустуҷў мекунанд, китоб мехонанд, хеле зиёд шудааст.
– Яъне мешавад гуфт миллат ба оҳистагӣ ба мутолиа бармеградад?
– Бидуни шак. Воқеан рў ба китобхониву фарҳангу адабиёт овардаанд. Ин бисёр чизи хуб аст. Дар озмунҳои солҳои пеш ҳам дар вилояти Хатлон ва Душанбе дар ҳайати ҳакамон будам. Имсол сифатан бештар шуда истодааст. Хонандаҳо, донишҷўён, магистр ва одамони калонсол, ки адабиёти зиёдеро мутолиа кардаанд, ҳам назму наср, адабиёти кишвар ва хориҷ, сафашон зиёд шуд. Ва сифатан беҳтар шуд. Шеърро дуруст мехонанд, китобҳоро, ки хондаанд, дар баёни мазмуну ҳусну қубҳи онҳо, асарҳо ҳам хеле гуё шудааст.
Ҳанўз ҳам баъзе масъалаҳое ҳаст, ки гумон мекунам бо таваҷҷуҳ кардани баргузоркунандаҳои озмун, устодони донишкадаву донишгоҳҳо, мактабҳои миёна ин мушкилиҳо ҳам рафъ мегарданд. Яке аз мушкилиҳо якранг ва ба таври сунъӣ хондани шеърҳо аст. Новобаста ба он, ки шеър дар кадом мавзӯъ аст, онҳо як навъ мехонанд. Хушбахтона, сафи онҳое ҳам бо дарки маънӣ қироат карданро омўхтанд зиёд шудааст. Аз ин рў фикр мекунам ояндаи озмун хеле калон аст. Ба он маънӣ, ки ривоҷ хоҳад гирифт. Ва як ҷузъи ҳаёти адабию фарҳангиву таълимии Тоҷикистон хоҳад буд. Аз ҷиҳати сифат, миқдор, дарки маънӣ, ҳусни қироат, фарогирии доираи шоиру нависандаи асарҳо бештар шудааст, зиёдтар шудааст.
– Шумо доварони озмун бештар чиро ба назар мегиред?
– Доварон ба он эътибор медиҳем, ки шеърро хуб ва бидуни хато хонад, ба маънии шеър сарфаҳм равад, дарк кунад, калима ва луғат донанд, вобаста ба синни иштироккунандагони озмун аст. Масалан гурӯҳи синфи аз 2 то 5 буд. Он ҷо албатта мувофиқи сину сол, мувофиқи донишу қуввату тавоноии онҳо суол медиҳем. Имрўз, ки навбати донишҷўён аст, чуқуртар, амиқтар, ҷиддитар ва ҳаматарфа аз онҳо суол мекунем, ки фаҳмем адабиётро аз худ кардаанд, он китобҳоро хондаанд, дарк карданд? Инчунин ба бардошти онҳо, сабақҳое, ки аз шиносоӣ бо китоб гирифтанд, чист, ки дар зиндагияшон, дар ҷомеа, дар ватан, соҳаҳои гуногун ба кор баранд.
– Довталабон бештар дар чӣ иштибоҳ мекунанд?
– Дар риояти вазн, дар қироати шеър, дар баёни мазмун лакнат доранд. Вобаста ба омодагияшон аст, агар хуб тайёрӣ дида бошад, ба худ эътимод дорад, бурро ва бидуни тарсу ҳаросу ҳаяҷон суҳбат мекунад.
– Барои дар сатҳи баланд баргузор шудани озмун чӣ пешниҳод доред?
– Низомномаи озмунро бояд аз нав дид. Ҳам шарту шароит, ҳам меъёр, номгўи асарҳо, масалан дар баъзе бахшҳо аз онҳо муҳиматр, боарзиштар асарҳое ҳастанд, инҳоро бояд ҷудо кард. Дигар ин, ки меъёрҳо бояд боз ҳам конкрет бошад. Як меъёр бошад. Як кисмати достонҳо дар ин бахш ё қасида. Маъмулан бояд достон ё қасида ё бобҳои алоҳидаи достон бояд пурра хонда шавад. Вале мутаасифона, аксарияташон як пора, чанд байт, 5 -6 байт мехонанд. Моҳияти асари бадеӣ ҳамон достон ё ҳамон қасидаро дарк намекунад. Дар мактабҳо сифати таълими забону адабиёт беҳтар шавад. Барномаҳои феълии мактабҳои миёна ҳам такмил мехоҳанд.
-Миёни довталабон шахсони тасодуфиро низ мушоҳида кардед?
– Мутаасифона, бале. Ягон-ягон мушоҳида кардам, ки аз ноҳия ба вилоят то ҷумҳурӣ тасодуфӣ расидааст.
Мусоҳиб Раҳима БОБОЕВА