Тафреҳ. Чанд шеър аз Ширин Бунёд, ки имрӯз зодрӯзи ӯст. Ёдаш ба хайр!
ГАНҶИ ИСТИҚЛОЛ
Мо киёнем?
Аз каёнем.
Орёнои қадима.
Розҳои мост ҳар ҷо
Пора-пора,
Нима-нима.
Ҷоми Ҷам аз мост, бар мо
Ёдгор аз бобаҳои дури дурам.
Ёдгор аз бобаҳои пур зи армон.
Тоҷикони тоҷдорон.
Шоҳи Ҷам аз мост, аз мо,
Ҷоми Ҷам мерос бар мо,
З-он шаҳи соҳибдилу соҳибғурурам.
Тоҷи ў ҳам ёдгори мост, аз мост,
Ёдгори давлати ў.
Ёдгори савлати ў аз карона то карона.
Аз замона то замона
Тоҷи зебо, ошиқона.
То замони мо расид ин тоҷдорӣ,
То замони мо расид ин сарбаландӣ,
Тоҷдорӣ, шаҳриёрӣ, шаҳсаворӣ.
Бод меорад сабо аз теппаҳои Тоҷикистон,
Бўи Истиқлоли тоҷик,
Бўи нарму дилнавозе,
Бўи атре аз баҳори зиндагонӣ,
Бўи атри худшиносӣ, сарфарозӣ.
Мо киёнем?
Аз каёнем.
Насли поки Орёнои қадима.
Он ки истиқлол парвард аз азал,
Он ки бар сар дошт султони карим,
Дошт Ҷамшеди нигаҳбони насаб,
Дошт андар тоҷдорӣ шўҳрату шону адаб.
Гар заволе ёфт ин маснад! Худоё…
Ганҷи истиқлол бар мо,
Ёдгор аз Оли Сомон.
Аз шукўҳи давлати пуриқтидори тоҷикона,
Давлати шўҳратмаоби давру даврон.
Ёдгори Шоҳ Исмоили Сомонӣ
Ба Исмоили шўҳратманди Сонӣ.
Худшиносиро дигар омўхтем аз Раҳбари худ,
Аз талоши бешумори Сарвари худ…
Ай Худовандо, нигаҳдорӣ бикун иқболи моро!
Бистсола ганҷи Истиқлоли моро!
Тоҷи Истиқлоли беамсоли моро!
ПАРЧАМИ ИСТИҚЛОЛ
Тоҷикистон, нурборон шуд дигар чашми нами ту,
Шаҳсаворе кард эҷодат зи ҳар бешу ками ту,
Дар масофи вақт гаштӣ ваҳдатистони гулафшон,
Дасти Исмоили Сонӣ кард боло парчами ту.
Парчами ту, Парчами пирўзию озодии мо,
Парчами бахту саодат, парчами навшодии мо,
Парчами ту ёдгор аз тахту тоҷи Орёно,
Се ҷилои ранг-рангаш ҷилваи ободии мо.
Ранги сурхаш сурхрўӣ пеши аҷдоди пурармон,
Сурхрўӣ пеши таърих аст андар рўзгорон,
Сурх мепўшем мо дар тўйу сури халқи озод,
Ранги сурхи Парчами мо, рамзи тўйи Тоҷикистон.
Ранги сабзаш сабзии боғи муроди миллати мо,
Пушти чандин қарнҳо навбомдоди миллати мо,
Ранги сабзаш сабзии боғи муроди номуродон,
Сабзии наврўзии даврони доди миллати мо.
Шуд сафедӣ нақш, нақши Парчами иқболи тоҷик,
Парчами иқболи тоҷик, нақши неку фоли тоҷик,
Парчами мо-ифтихори мо ба ҳар давреву даврон,
Даври ҳамраъйии тоҷик, даври Истиқлоли тоҷик.
Парчами зебои тоҷик, парчами пирўзи даврон,
Парчами шаъну шарофат, парчами иқболи даврон,
Ҷовидон бодо парафшону гулафшон ҷовидона,
Бар сари мо парчами ту, Тоҷикистон, Тоҷикистон!
ТО КАЙ?
Ай фалак, ҷаври ту бар ҷони азизон то кай?
Назари неки ту бо ҷамъи рақибон то кай?
Ҳама ин заҳмату озори ғарибон то кай?
«Ёраб, ин дарди дилу фурқати ҷонон то кай?
Дарди дил, боз фироқу ғами ҳиҷрон то кай?»
Дард бисёр шуду нест раҳи дармоне,
Аҳд афзун зи ҳаду суст шуда паймоне,
Даст кўтоҳ шуд аз гўшаи ҳар домоне,
«Ҳар касе дар пайи кореву сару сомоне,
Мани саргашта чунин бесару сомон то кай?»
Охир, ай чарх, надидам, ки бигардӣ ба мурод,
Тухми уммед бикиштему бичидем кафи бод,
Ку диле, то зи аламҳои ту бошад озод?
«Менагардад дилам аз даври фалак рўзе шод,
Ба ман ин ғуссаи талху ғами даврон то кай?»
Гули мақсуди маро аз раҳи мушкил бирасон,
Киштиам аз дами тўфон ту ба соҳил бирасон,
Гармии меҳри диле то саҳари дил бирасон,
«Охир, ай бахт, маро роҳ ба манзил бирасон,
Ки ба ҷон омадам, ин ранҷи биёбон то кай?»
Сабақе мебарам аз мисраи рангини Камол,
Баҳра бурдем аз ин сўҳбати ширини Камол,
Бас дигар захма задан бар дили мискини Камол,
«Дилрабо, кори дили хастаи ғамгини Камол,
Ҳамчу холи сари зулфи ту парешон то кай?»
ГУФТЕМ, ГУФТЕМ
Туро нури басар гуфтем, гуфтем,
Қадат чун химча тар гуфтем, гуфтем,
Лабат барги шарар гуфтем, гуфтем,
«Рухат рашки қамар гуфтем, гуфтем,
Даҳонатро шакар гуфтем, гуфтем».
Ба бўят мепарастам бўстонро,
Зи рўят ҷилваҳои гулситонро,
Баҳорону ҳавояш дилситонро,
«Чу ширинтар зи ҷонӣ дўстонро,
Зи ҷонат дўсттар гуфтем, гуфтем».
Туро бо нақди ҷон будам харидор,
Зи чашми ғайр ҳифзат карда бисёр,
Фақат мову ту донистему додор,
«Чу сирри ишқи мо донист ағёр,
Ба ёрон ин хабар гуфтем, гуфтем».
Дилам дар худ бипечад з-оташи оҳ,
Чу шамъи хира дар дасти саҳаргоҳ,
Ба дасти ҳасратат гаштам пари коҳ,
«Ғамат, гуфто, бигўяд андар ин роҳ,
Ба тарки ҷону сар гуфтем, гуфтем».
Камонатро макун бар қасди ман зеҳ,
Гунаҳ аз кеҳ бувад, бахшидан аз меҳ,
Хато гўям, ҷазоям босазо деҳ,
«Рақибатро, ки саг бисёр аз ў беҳ,
«Чӣ шуд, гар з-он батар гуфтем, гуфтем».
Маро аз худгарон гуфтанд, гуфтӣ,
Маро аз худсарон гуфтанд, гуфтӣ,
Ва аз сангиндилон гуфтанд, гуфтӣ,
«Маро номеҳрубон гуфтанд, гуфтӣ,
Нагуфтем ин, агар гуфтем, гуфтем».
Чиҳо гар гуфт, ҷонони худат гуфт,
Нигори беҳтар аз ҷони худат гуфт,
Барои рашки сўзони худат гуфт,
«Чӣ ранҷӣ, гар Камол они худат гуфт,
Дурўғе ин қадар гуфтем, гуфтем».