Зодрӯзи Низом Нурҷонов
Имрӯз яке аз чеҳраҳои маъруфи илм ва фарҳанги кишвар Низом Нурҷонов 99-сола шуд. Ӯ соли 1923 дар шаҳри Бухоро дида ба олам кушод ва 18-уми марти соли 2017 дар синни 94-солагӣ аз дунё рафт. Низом Нурҷонов аз маъруфтарин санъатшиносони кишвар буд.
Соли 1968 дар Институти таърихи санъати Маскав дар асоси рисолаи калонҳаҷми нашршудааш «Таърихи театри шӯравии тоҷик (1917-1941)» рисолаи илмӣ ҳимоя карда, ба дарёфти дараҷаи доктори илми санъатшиносӣ муваффақ шудааст. Соли 1973 профессори кафедраи актёрии Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода интихоб шуда, солҳои 1967-1995 ба тарбияи шогирдон машғул будааст.
Фаъолияти илмию адабии Низом Нурҷонов аз соли 1948, бо тадқиқи масоили этнография ва санъати халқии тоҷик шурӯъ гардидааст. Дар ин ришта нахустин рисолаи тадқиқотии ӯ «Театри халқии тоҷик» (Маскав, 1956) ва чанд боби сеҷилдаи «Тоҷикони Қаротегину Дарвоз» таълиф ва чоп шудаанд. Сипас тадқиқу мавзӯи масъалаҳои театри анъанавии тоҷикро идома додааст, ки дар авроқи рисолаҳои «Драмаи халқии тоҷик» (1985), дуҷилдаи «Санъати мусиқии Помир» (ҳамроҳи Ф. Кароматов; Маскав, 1978, 1986), бобҳои ҷудогонаи «Тамошо ва театри халқии тоҷикони Қаротегину Дарвоз», «Ниқобҳои театрии Помир» (дар ҷ. 3-4 китоби «Санъати халқи тоҷик»), «Театри анъанавии тоҷик» (дар китоби «Театри фолклории халқҳои СССР») ва «Нахустин театри касбии тоҷик» (ҷ. 1-2, 2014), «Санъати мусиқии Помир» (дар 5 ҷилд; ҳамроҳи Баҳринисо Қобилова; ба забонҳои тоҷикию русӣ), рисолаҳои «Маҳорати драмаофаринӣ» (2013), «Эътирофи умумиҷаҳонии Малика Собирова» (2014), «Ҳаёти театрӣ ва мусиқии пойтахти давлати Сомониён»(2001). «Олами беканори рақси тоҷик»(2006), «Опера ва балети Тоҷикистон» (2011), «Мактаби актёрии тоҷик» (2011), «Мавригӣ» (2005; дар ҳаммуаллифии Баҳринисо Қобилова) ва чандин мақолаи муфассали илмӣ таҷассум ёфта, иддае аз онҳо дар маҷаллаи бонуфузи «Мусиқии Осиё» (ИМА) мунташир гардидаанд.
Дар баробари ин, пайваста ба тадқиқи масоили умдаи санъати театрӣ, драматургияи тоҷик ва эҷодиёти ҳунарпешагони барҷастаи саҳна шуғл варзидааст. Дар ин соҳа асарҳои тадқиқотии ӯ «Таърихи театри шӯравии тоҷик» (дар ду ҷилд; 1967-1990), «Театри тоҷик» (Маскав, 1968), «Театр ва драматургия» (ҳамроҳи Л.Н.Демидчик, 1957), «Рангомезии саҳна» (1983), «Муҳаммадҷон Қосимов» (1955; Маскав, 1960; Душанбе, 1978, 2007), «Аслӣ Бурҳонов» (1982), «София Тӯйбоева» (1993, 2013), «Маликаи рақс» (1992), як бахши калони «Ёдномаи Маҳмуд Воҳидов» (1982), «Тӯҳфа Фозилова» (1998, 2012), «Малика Собирова» (2001), «Ҳоҷиқул Раҳматуллоев» (2005), «Ато Муҳаммадҷонов» (2010) ва ғ. дастраси хонандагон гардидаанд.
Китобҳои илмӣ-оммавии ӯ «Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» (1957, 1968), «Дар олами балет» (1975), «Ним асри пурсамар» (1980) ва ғ. хонандаро бо дунёи зебои санъат ва офаринандагони он ошно месозанд.
Саҳми мунаққиди номӣ дар инкишофи танқиди театр пурарзиш буда, мақолаҳои калони проблемавӣ ва тақризҳои мутаъаддиди ӯ дар маҷаллаҳои бонуфузи гуногуни Тоҷикистону Русия ва берун аз онҳо ба табъ расидаанд. Умуман, шумораи китобу рисолаву мақолаҳои мухталифи муаллиф то имрӯз беш аз 900 номгӯйро ташкил медиҳад, ки гувоҳи равшани соҳибҳунарӣ ва заҳматписандии беназири ӯстанд.
Низом Нурҷонов дорандаи чандин нишони ҳукуматӣ, Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаю ҷамъиятҳои гуногун мебошад.
Соли 1974 сазовори унвони фахрии Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон гардидааст.
Соли 2004 дар Теҳрон, дар Озмуни «Китоби сол», асари дуҷилдаи ӯ «Театри суннатии тоҷикон» сазовори мукофоти байналхалқӣ гардидааст.
Соли 2006 барои китоби «Олами беканори рақси тоҷик» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ шудааст.
Аз соли 1961 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 1968 узви Иттифоқи ходимони театрии Тоҷикистон, аз соли 1986 узви Созмони байналмилалии эҷодиёти халқ буд.