Китоби нав. Дарвешалии Чангӣ. “Туҳфат-ус-сурур”. (Рисолаи мусиқӣ)
Ин китоб ба наздикӣ дар муассисаи нашриявии “Дониш”-и АМИТ ба теъдоди хеле маҳдуд – 100 нусха чоп шудааст. Рисолаи пурарзиши ромишгару мусиқишиноси маъруфи асрҳои 16-17 Дарвешалии Чангӣ бори аввал бо муқаддимаву тавзеҳот интишор ёфтааст. Тавре аз сарсухани он бармеояд, кӯшиши аввалии чопи ин асари пурарзиш ҳанӯз то фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ бо талоши донишманди тоҷик марҳум Алиасғари Ҷонфидо сурат гирифта будааст, вале солҳои нобасомонӣ дастхати он нопадид шуд.
Ба китоб Раҳматкарим Давлатов, номзади илмҳои таърих, директори Маркази мероси хатии назди Раёсати АМИТ сарсухани пурмуҳтавое навиштааст, ки онро комил меорем, то чигунагии чопи китоби мазкур барои хонанда рушан шавад.
ДАРВЕШАЛИИ ЧАНГӢ ВА “ТУҲФАТ-УС-СУРУР”-И Ӯ
Барҳақ, Ҳофиз Дарвешалии Чангӣ мусиқишинос, ромишгар ва суханвари маъруфи тоҷики асрҳои XVI-XVII буда, дар рушду нумўи назария ва амалияи мусиқии суннатии халқамон ҳиссаи сазовор гузоштааст.
Дар шаҳри Бухорову Самарқанду Тошканду Андиҷон таҳсилу такмили илму ҳунар намуда, доир ба таъриху назарияи мусиқии тоҷик чандин асар офаридааст, ки дар байнашон «Туҳфат-ус-сурур» мумтозу қавибунёд аст.
Рисолаи мазкур аз 12 «мақом» (фасл) иборат буда, муаллиф ҳар фаслеро ба шарҳу тавзеҳи ин ё он мавзўъи вобастаи мусиқӣ тақсис додаст, ки зарурат ва таърихи пайдоишу таҳаввули мусиқӣ, умуман, мусиқии классикии тоҷикӣ ва созҳои мусиқии миллӣ, хусусан, арбобони маъруфи соҳа дар овони гузашта ва замони муаллиф шарҳу тавзеҳи фаровони мусиқӣ ва созҳои мусиқии тоҷик маълумоти муфиду нодире ба қалам овардааст.
«Туҳфат-ус-сурур»-и Дарвешалии Чангӣ ба гунаи дастуру раҳнамои таълиму тадрис ва таърихномаи санъати мусиқии миллии тоҷикӣ ҳанўз аз овони таълифу худ шуҳрати тамом пайдо карда, дар давоми садаҳои баъдӣ низ ин мақому аҳаммияташро аз даст надодааст.
Аз ҷумла, хамин арзишу моҳияти рисоларо ба инобат гирифта, ховаршиноси маъруфи шўравӣ А.А Семёнов (1873-1958) таҳқиқоти пурарзишеро таҳти унвони «Среднеазиатский трактат по музыке Дервиша Али (17в.)» (Рисолаи мусиқии Осиёи Миёнагии Дарвешалӣ (а.17) таълиф намуд, ки соли 1946 дар Тошканд интишор ёфта, такони муҳиме дар шинохти минбаъдаи асар гардид.
Таҳқиқоти А.А. Семёнов аввалин муаррифиномаи рисолаи пурарзиши Дарвешалии Чангӣ ба забони русӣ буда, мавсуф нахустин маротиба пораҳоеро аз ин рисола дар тарчумаи озоди русӣ пешкаши умум гардонид ва зарурати нашру таҳқиқи минбаъдаи онро ба ҳайси сарчашмаи нодири мусиқишиносӣ дар миёна гузошт.
Ниҳоят, солҳои 80-уми асри гузашта, дар заминаи корбасти нусхаҳои хатии тахти рақами № 264 маҳфуз дар Ганҷинаи дастнавсиҳои шарқии ба номи академик А.М. Мирзоеви Институти шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон, (ҳозира Маркази мероси хатии назди Раёсати АМИТ), инчунин нусхаҳои №468/1 ва №449 маҳфуз дар Захираи дастнависҳои Институти шарқшиносии ба номи Абурайҳони Берунии АФ РСС Ўзбекистон (ҳозира Институти шарқшиносии ба номи А. Берунӣ), ки ҳар се номукаммаланд, матншиноси варзидаи тоҷик Алиасғари Ҷонфидо (равонашон шод бод!) матни илмӣ-интиқодии рисоларо барои чоп омода карда буданд.
Мутаасифона, дар асари ҳаводиси нохуши авали солхои 90-уми асри гузашта рухдода, махсусан, нобасомониҳои Институти шарқшиносии оламшумули моро фаро гирифта, дар баробари дигар корҳои арзишманди илмӣ дастнависи матни илмӣ – интиқодии ин рисола низ нопадид шуд ва то ҳол аз он дараке нест.
Баъд аз таъсиси Маркази мероси хатии назди Раёсати АМИТ- меросбари Институти мазкур чандин карат табдили ному сохтор карда ва ба фаъолияти ҳамвору босамари эҷодӣ пардохтани он, зарурате пеш омад, ки ба ҷараёни таҳия ва нашру таҳқиқи мероси хатии гаронкадрии гузаштагонамон, аз ҷумла рисолаи нодири «Туҳфат-ус-сурур»-и Дарвешалии Чангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад.
Ба ҳамин мақсад, таҳти ҳидояту мусоядати бевоситаи Президенти АМИТ академик Фарҳод Раҳимӣ, маъмурияти Маркази мероси хаттӣ дар ҳамкорӣ ба Шуъбаи санъатшиносии назди Раёсати АМИТ тасмим гирифт, то дар қатори дигар осору сарчашмаҳо, матни илмӣ-оммавии «Туҳфат-ус-сурур»-и Дарвешалии Чангиро дар заминаи дастнависи №264-и Ганҷинаи дастнависҳои Марказ бо шаклу тавзеҳи лозим омодаи чоп намояд.
Дар анҷом додани чунин иқдоми муҳимму муфид доктори илми санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ дар таҳияи матн ва шаҳру эзоҳи муҳтавои он мушовиру мададгори мо буданд, ки барояшон изҳори сипосу миннатдорӣ менамоем.
Раҳматкарим Давлатов,
номзади илмҳои таърих,
директори Маркази мероси хатии
назди Раёсати АМИТ.
Китоби Дарвешалии Чангӣ “Туҳфат-ус-сурур”-ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Суман Суюнова,
мутахассиси шуъбаи
илмӣ-таҳқиқотӣ.