Тафреҳ. Як ғазали хуб аз Мирзо Бедили Деҳлавӣ
Ҷоме магар аз базми ҳаё дарзадаӣ боз,
К-оташ ба дили шишаву соғар задаӣ боз?
Он зулфи парешон задаӣ шона, надонам,
Бар дафтари дилҳо зи чӣ мистар задаӣ боз?
Бар гӯшаи дастори ту он лолаи сероб
Лахти ҷигари кист, ки бар сар задаӣ боз?
Эй соғари табхола, аз ин ташна саломе,
Хуш хайма бар он чашмаи Кавсар задаӣ боз!
Махмурию мастӣ ҳама фарш аст ба роҳат,
Чун чашми худ имрӯз чӣ соғар задаӣ боз?
Абри чӣ баҳор аст, ки бар бисмили нозат,
Теғи мижа бо барқ баробар задаӣ боз.
Ҳуш дор, ки парвози ғурурат нарабояд,
Дил байзаи ваҳм асту таҳи пар задаӣ боз.
Бар ҳастии мавҳум мачин хиҷлати таҳқиқ,
Бар киштии дарвеш чӣ лангар задаӣ боз?
Аз хок дамидан ба бақо сарфа надорад,
Эй гул, зи гиребони кӣ сар барзадаӣ боз?
Бедил, зи фурӯғи гуҳари назми ҷаҳонтоб
Доман ба чароғи маҳу ахтар задаӣ боз.