Ёде аз Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзо

gaffor-mirzoАгар Ғаффор Мирзо дар ҳаёт мебуд, имрӯз ба синни 94 қадам мегузошт. Сад дареғо, ки ин шоири маъруф ва ин суханвари шинохта, муаллифи беҳтарин достонҳо ва шеърҳои мондагор 17 сол пеш, дар як рӯзи гарми моҳи август ҷамъи моро тарк кард. Ӯро дигар миёни асарҳои мондагораш бояд ҷуст, садои ӯ андаруни ҳамон китобҳоест, ки барои имрӯзиён мерос гузоштааст.

 Ғаффор Мирзо Соли 1929 дар деҳаи Даҳани Шоли ноҳияи Ховалинг ба дунё омад.  Асарҳояш аз солҳои 40-уми асри мозӣ чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Аз самими дил» (1952), «Ҳазор раҳмат» (1954), «Дил дар кафи даст» (1962), «Аз гаҳвора то майдон» (1981), достонҳои «Асрор» (1957), «Тоҷи давлат» (1958), «366 паҳлӯ» (дар чаҳор қисм; 1963, 1964, 1970, 1972), «Нору Нур» (1972), дуҷилдаи осор (1979-1980), романи манзуми «Фарзанди ҳукумат» (1983) ва ғайра мебошад.

Барои бачагон асарҳои марғубе навиштааст, ки «Санговдавак» (1953), «Баррача рӯяд аз замин» (1953), «Чилдухтарон» (1956), «Гунҷишкак» (1961, 1964), «Достак» (1961, 1965), «Шайтони бекафшу маҳсӣ» (1963, 1964), «Як қатра Офтоб» (1965), «Кадом ҳунар беҳтар аст?» (1971), «Гулҳои дастабаста» (1974) ва ғ. аз он шумуланд.

Анқариб даҳ маҷмӯаи ашъораш дар нашрияҳои бонуфузи Маскав ба русӣ ба табъ расидаанд. Шеърҳои алоҳидааш ба бисёр забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд.

Осори алоҳидаи В. Маяковский, Н. Некрасов, Ш. Петефи, Н. Ҳикмат, А. Сурков, П. Воронко, А. Твардовский ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Чанд мақолае, ки дар бораи масоили рушду камоли адабиёт ва забони тоҷикӣ навиштааст, бесуд набудаанд.

Шоири халқии Тоҷикистон (1994). Аз соли 1952 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

26 августи соли 2006 вафот кард.