Додоҷон Раҷабӣ: рӯзноманигор ва адиби хушкалом
Марҳум Додоҷон Раҷабӣ яке аз рӯзноманигорон ва адибони пуркори тоҷик буд. Баъди солҳо кори рӯзноманигорӣ кардан, бо чопи чандин ҳикояву повест, пурра ба навсандагӣ гузашт ва имрӯз аз ӯ бештар аз 10 китоби хуби хонданӣ ба мерос дорем.
Додоҷон Раҷабӣ 12 январи соли 1938 дар Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи омўзгории Хуҷандро хатм кардааст. Дар рўзномаи «Ленинабадская правда», «Ҳақиқати Ленинобод», «Комсомоли Тоҷикистон» дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Дар Кумитаи телевизион ва радиои тоҷик, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», рўзномаи «Садои мардум» дар вазифаҳои масъул будааст. Ҳамчунин котиби матбуотии Раиси ҳукумати вилояти Ленинобод (ҳозира Хуҷанд), мудири шуъбаи ахбори ҳукумат, мудири шуъбаи бойгонӣ будааст.
Асарҳояш аз солҳои 60 чоп мешаванд. Аслан барои наврасон эҷод мекунад.
Китобҳои повесту ҳикояҳояш: «Дилсўзӣ» (1963), «Нони ҷуворӣ» (1974), «Шабе, ки борон меборад» (1978), «Модари нав» (1982), «Ҳикояҳои ҳаҷвӣ» (1988).
Повести «Модари нав» соли 1991 дар Москав (Дет. л-ра) ба русӣ чоп шуд.
Дроми «Кофи дастро кушоед» дар театри Давлатии Хуҷанд ба саҳна гузошта шудааст.
Китоби очеркҳояш «Осмони ҳамида» (Хуҷанд, 1997) ба табъ расид, ки дар он аз ҳаёту эҷодиёти адибони ҷабрдидаи тоҷик ҳикоят мекунад.
Асарҳояш ба забонҳои русӣ, ўзбекӣ, туркманӣ, қазоқӣ тарҷума шудаанд. Маҷмўаи «Дилсўзӣ»-аш дар Бишкек ба забони кирғизӣ ба табъ расидааст.
Осори П. Мериме, Р. Тагор, А. Чехов, А. Ахматова, М. Защенко, И. Шамякин ва дигаронро ба тоҷикӣ гардонидааст.
Корманди шоистаи маданияи Тоҷикистон аст.
Аз соли 1982 узви ИН мебошад.
Бо медали «Барои меҳнати шоён» (1998), «Собиқадори меҳнат» ва «Бунёди сулҳи шӯравӣ» мокофотонида шудааст.
Барандаи Ҷоизаи адабии вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ мебошад.
Соли 2012 дар синни 76-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд аз олам даргузашт.
Бозчоп аз «Адибони Тоҷикистон». – Душанбе: Адиб, 2003. – С. 453.
Муаллиф: Гулназар.
Аз Додоҷон Раҷабӣ дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳоро метавонед бихонед:
Дилсўзӣ / Д. Раҷабӣ. – Душанбе: Нашриёти Давлатии Тоҷикистон, 1963. – 53 с.
Кулчаи зағара / Д. Раҷабӣ. – Душанбе: Ирфон, 1974. – 36 с.
Шабе ки барф меборад / Д. Раҷабӣ. – Душанбе: Маориф, 1978. – 34 с.
Модари нав / Д. Раҷабӣ. – Душанбе: Маориф, 1983. – 152 с.
Борон чағона мезанад / Д. Раҷабӣ. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 160 с.
Сари роҳ каҳкашон / Д. Раҷабӣ. – Душанбе: Адиб, 1988. – 288 с.
Дар миёни чор дарё / Д. Раҷабӣ. – Хуҷанд: Ношир, 2007. – 476 с.
Алам / Д. Раҷабӣ. – Хуҷанд, 2007. – 442 с.
Ангуштарини тилло: Ҳикоя // Занони Тоҷикистон. – 1987. – №5. – С. 18-19.
Умри азиз бебадал аст: Ёде аз адабиётшинос Абдусалом Атобоев // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 9 июн.
Бобокалонова, Ҷ. Ҷустуҷўи сабз баргаҳо: Бахшида ба 50 – солагии нависанда Д. Раҷабӣ // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 21 январ.
Доғи рўи пок: Очерк бахшида ба зиндагиномаи олими адабиётшиноси тоҷик Раҳим Ҳаким // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 5 январ.
Ҳаким Киромро кӣ кушт?: Таронаи алам // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 25 май.
Кош бошад кўчабоғи ошиқон дуру дароз: Дар бораи Аминҷон Шукўҳӣ // Ҳақиқати Ленинобод. – 1993. – 19-20 июн.
Ҳарфи шакарпораи ў: Нависанда ва мутарҷим Бахтиёри
Муртазо 60 – сола шуд // Адабиёт ва санъат. – 2000. – 21 июл.
Тарҷумаҳои Додоҷон Раҷабӣ
Догордуров, М. Булути Ленин: Ҳикоя / Тарҷ. Д. Раҷабӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1969. – 7 декабр.
Пробҳакар, В. Меҳр: Ҳикоя / Аз русӣ тарҷ. Д. Раҷабӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1970. – 30 август.
Коцоев, А. Саломӣ: Ҳикоя / Тарҷ. Д. Раҷабӣ // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1972. – 28 сентябр.
Коцоев, А. Гоҳо ин тавр ҳам мешавад: Ҳикоя / Аз русӣ тарҷ. Д. Раҷабӣ // Ҳақиқати Ленинобод. – 1972. – 2 август.
Шуъбаи библиографияи миллӣ