Китоби нав. “Манзарашиносӣ ва зебосозии манзара”

manzaraМуаллифи ин китоб Ҳукуматулло Аҳмадов буда, соли гузашта дар нашриёти “ЭР-граф” дар ҳаҷми 344 саҳифа ба теъдоди 50 нусха чоп шудааст. Ин китоб ба тозагӣ вориди Китобхонаи миллӣ шуд.

Китоб дар бораи ягонагӣ ва яклўхтии манзара, манзараи антропогенӣ мақсади истифодабарии манзара дар зебосозии он: таркиби кабудизоркунии майдони шаҳр, банақшагирии иншоотҳои манзараи меъморӣ: маҳфум дар бораи марказҳои ҷамъиятии шаҳр, майдонҳо, таъинот ва тасниф онҳо ва усулҳои ташкилии манзара: шоҳроҳҳо, кўчаҳо кўчабоғҳо, гулгаштҳо, боғҳои шаҳрӣ, паркҳои шаҳрӣ: ташкили манзаравии майдонҳои ноҳияҳои хурд, гурўҳи биноҳои истиқоматӣ: ташкили манзаравии майдонҳои беморхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ: дарахтзори намуди боғию паркӣ ва ташкили гулзору гулистонҳо, аз он ҷумла: рокария, кабудизоркунии амудӣ, арабеска, гулзори рахӣ, рабатка, миксбордер ва ғайра бахшида шудааст.

Китоб барои доираи васеи мутахассисон ва донишҷўёни соҳаи бунёди чаманзор, кабудизоркунӣ сабзазоркунӣ, гулпарварон, хоҷагии ҷангал ва дигар кормандоне, ки дар ободонии шаҳру деҳот сару кор доранд, тавсия шудааст.

Шарофат МИРЗОЕВА