Мутолиа ва чанд манфиатҳои он

ТоҷикшиносӣМатлаби зерин ба сифати тавсияҳои сода барои хонандагон ва дӯстдорони китоб пешниҳод мегардад.

Хондан аз кадом ҷиҳат манфиат дорад?

Манфиати хондан хеле бузург аст. Китоб хонда, одам барои худ чизҳои нав, аҷоиб кашф мекунад, фазои фаъолияти хешро васеъ менамояд, захираи луғавии хешро бой мегардонад.

Равоншиносон исбот кардаанд, ки хондан – раванди ҷудонашаванда дар ҳамаи дараҷаҳои ташаккули шахсият аст. Аз синни кӯдакӣ сар карда, то наврасӣ ва давраи камолот – яъне тамоми умр мутолиа аз манфиат холӣ нест. Манфиати хондан дар синни наврасӣ (аз синни 10-11 то 15-16 сола) бебаҳоянд. Наврасон китоб хонда, на танҳо хотира, фикрронӣ ва дигар равандҳои азхудкуниро ташаккул медиҳанд, балки онҳо фазои ихтиёрии ҳиссиёти худро ташаккул медиҳанд, дӯстдорӣ, бахшоиш, ҳамдардӣ, арзёбии амалҳо, таҳлил намудани ҳаракатҳо, пайгирии пайванди алоқаҳо миёни воқеаҳо ва паёмади онҳоро меомӯзанд. Омӯзиши ин равандҳо агар, махсусан дар синни наврасӣ, ки гузариш ном дорад, сурат гирад, ба ҳаёти минбаъдаи онҳо хеле таъсиргузор мегардад. Бинобар ин, манфиати китобҳое, ки барои такмил ёфтан ва тарбияи шахсияти комил имкон медиҳанд, комилан маълум аст. Дар раванди хондан майнаи сари инсон фаъол мегардад, инсон пайваста дар хаёлоти худ тасвиру тасаввуроти воқеаҳои ҳикояро (ин аллакай кори нимкураи рости сар аст) тасвир менамояд. Ҳамин тавр, инсон аз китобхонӣ худро на танҳо қаноатманд мегардонад, балки майнаро обу тоб дода, тавоноии онро рушд медиҳад.

Манфиати китобҳои анъанавӣ ин аст, ки қоғаз – ин ҳомили (барандаи) аз ҳама муносибтари иттилоот аст. Аз ҳомилони иттилоот бешубҳа, барои хондан нашрияҳои қоғазӣ – китобҳо, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳоро нисбатан беҳтаранд.

Чашми инсон иттилоотеро, ки дар қоғаз нашр гардидааст, нисбат ба он, ки дар монитори компютер ё ноутбуку телефонҳост, беҳтар қабул мекунад.

Суръати хондани маводди қоғазӣ хеле баланд аст ва чашмон он қадар тез монда намешаванд. Ба чунин сабабҳои физиологии амиқ нигоҳ накарда, инчунин омилҳои зиёди дигаре мавҷуданд, ки ба манфиати хондани нашрияҳои чопӣ ишора менамоянд.

Сарчашмаи донишҳо, рафиқ – танҳо китобро мегӯянд.

Мисраҳои шеърии зерин бисёр ба маврид эҷод гардидаанд:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Абдурраҳмони Ҷомӣ

 ЧАРО КИТОБ БЕҲТАР АЗ МАТОЛИБИ ИНТЕРНЕТ АСТ?

Ҳар кас медонад, ки беҳтарин армуғон – ин китоб аст. Чун қоида, дар китобҳо осори ҷиддӣ, даркорӣ ва «оқилонаи» навиштро чоп мекунанд. Пеш аз он, ки китоб тавлид гардад, муҳаррирон дастнависро месанҷанд, мутахассисон тақризҳо менависанд ва ҳамаи ин эҳтимоли ҷой гирифтани «дурӯғу сафсатаҳоро» дар гардиши китоб камтар мекунад.

Вале он чӣ ба интернет дахл дорад, бояд донист, ки ҳар кас метавонад андешаҳои худро дар фазои маҷозӣ гузоранд. Пуррагӣ ва беғалатии ин асарҳоро ҳеҷ кас намесанҷад, бинобар ин манфиат аз онҳо низ қисман нест. Китоб, махсусан адабиёти бадеии бостон, ки зебо, аҷоиб, беғалат ва бо забони бою ғанӣ навишта шудаанд, дар худ андешаҳои пурмазмун, лозимӣ ва созандаро инъикос менамоянд. Ғайр аз ин, китобро дар хона ва дар вақти кор, дар нақлиёт ва дар вақти истироҳат, нишаста, рост истода ва хобида метавон хонд.

Ва боз ҳам бояд донист, ки манфиати бештар дар хондани китобҳои қоғазӣ аст. Ҳангоми хондани онҳо шумо иттилооти бештар аз худ мекунед, воқеаҳоро беҳтар ба хотир мегиред, чашмонатонро, бинишатонро ҳифз мекунед, аз бехобӣ раҳо меёбед ва чандин манфиатҳои дигар дорад.

Дар шакли электронии хониш бошад, майна зуд-зуд аз кор мемонад ва танҳо чашмон кор мекунанд. Хондан дар шакли электронӣ имкони пурра ва пайдарпайии ба хотир гирифтани воқеаҳоро аз байн мебарад ва чашмонро ба чандин бемориҳо гирифтор менамояд. (Ва ин матолиби охир хулосаи муаллифи ин сатрҳо нест, балки андешаҳои исботгардидаи олимон аст, ки зикри иқтибос аз онҳоро дар чаҳорчуби содаи  ин мақола ҷиҳати мураккабтар нагардидани он лозим надонистем).

 ДАР БОРАИ МАНФИАТҲОИ ХОНДАН

  1. Хондан бинишро тез мекунад. Шумо ҷаҳони иҳотакарда ва одамонро беҳтар мефаҳмед ва аз ҳама муҳим худатонро мешиносед.
  2. Хониш солимии табиии шуморо нигоҳ медорад. Ҳарфҳоро бо калимаҳо, калимаҳоро бо тасаввуротҳо пайваст намудан, дарки ҳар он чизе, ки муаллиф мехост баён намояд дар он пайдо намудани фаҳмиши шахсӣ – ин обу тоб додани майна аст.
  3. Хониш барои мутамарказ шудан мусоидат мекунад. Дар ҳолати ғавғо навиштан душвор аст, аммо хондан ҳам дар ҳолати ғавғо ва ҳам дар вақти машғулиятҳо осонтар аст: хондан, яъне ба фазои атроф диққат накардан. Хонандаи обутобёфта бе ягон монеа метавонад чор барномаро тамошо кунад, пайваста шабакаҳоро иваз намояд. Аз рӯи хоҳиш шумо метавонед дар нақлиёт низ ба хондан машғул шавед.
  4. Хондан барои хуб гузаронидани вақтҳои холӣ кӯмак мерасонад. Шуморо ҳеҷ вақт хондан дилгир намекунад. Хонданро аз дилхоҳ намуди матн оғоз намоед. Ҳатто фикр ҳам накунед, ки аз чӣ оғоз намоям. Чунки, албатта, пеш аз оне ки китобҳои лозимиеро, ки ба шумо илҳом мебахшанд ва шуморо қаноатманд мекунанд пайдо мекунед, хондани чанд китобҳо лозим меояд. Бинобар ин, то пайдо намудани китоби «худ» таслим нашавед ва хонданро давом диҳед, чунки он метавонад ҳаёти минбаъдаи шуморо тағйир диҳад.

ДАЛЕЛҲОИ АҶОИБ ДАР БОРАИ КИТОБХОНӢ:

 Ҳангоми хондан чашмон ба самтҳои гуногун назар меандозанд.

  1. Ҳангоми хондан тақрибан 50%-и вақт чашмони инсон ба ҳарфҳои гуногун назар мекунанд. Дар баробари ин хатҳои назар метавонанд ҳам ба ҷонибҳои гуногун парешон шаванд ва ҳам якдигарро бурида гузаранд.
  2. 95%-и одамон хеле суст мехонанд – 180-220 калима дар як дақиқа (1 саҳифаро дар зарфи 1,5-2 дақиқа).
  3. Ҳангоми тез хондан хасташавии чашмон нисбат ба оҳиста хондан камтар мешавад.
  4. Дараҷаи фаҳмиш ҳангоми хониши анъанавӣ 60%, ҳангоми хониши тез 80%-ро ташкил медиҳад.
  5. Дар муддати як соат чашмони хонанда 57 дақиқа ба матн нигаронида мешавад, яъне дар ҳолати нисбатан оромиш қарор доранд.
  6. Ҳангоми хондан чашмони хонанда, ки ба ҳарфҳои гуногун назар меафканад, тасвирҳои гуногун медиҳанд, аммо новобаста аз он майна онҳоро дар як тасвир муттаҳид месозад.
  7. Чашмони одаме, ки малакаи миёнаи хониш дорад, дар як хати китобӣ 12-16 маротиба боз меистад, чашмони тезхонҳо 4-2 маротиба боз меистанд.
  8. Тибқи анъана ҳаҷми инъикоси дарҳолии хонанда 10 аломати чопиро ташкил медиҳад (яъне 1,5-2 калимаи як хат). Аз тезхон бошад – 200-500 аломат (ин 33-83 калимаи якчанд хат мешавад).
  9. Ҳангоми хониши суст 0,5-0,7 бозгашти бемақсад ва номуайяни хондашудаҳо дар як хат ба амал меояд.
  10. Дар мактаббачаҳо 20 ва дар донишҷӯён 15 ҳаракати ақибравӣ дар як хат ба амал меояд.
  11. Ҳангоми хониши анъанавӣ аз 1/6 қисми вақти сарф гардида дар ақибравии ҳаракати чашмон гум мешаванд.
  12. Наполеон Бонапард (лашкаркаш ва императори Фаронса) бо суръати ду ҳазор калима дар як дақиқа мехонд.
  13. Оноре де Балзак (адиб ва нависандаи фаронсавӣ) романи иборат аз 200 саҳифаро дар ним соат мехонд.
  14. Максим Горкий бо суръати чор ҳазор калима дар як дақиқа мехонд.
  15. Николай Рубакин – китобшиноси рус 250 ҳазор китоб хондааст.
  16. Некто Э. Гаон 2500 номи китоби хондаашро пурра медонист.
  17. Томас Эдисон (ихтироъкор ва соҳибкори амрикоӣ) якбора 2-3 хатро мехонд, бо туфайли ниҳоят мутамарказ будунаш матни қариб як саҳифаро аз худ мекард.

Шамсулло АМИНЗОДА,
корманди Маркази
“Тоҷикшиносӣ”.