20 санади ҳамкории Китобхонаи миллӣ бо китобхонаҳои хориҷи кишвар

Китобхонаи миллии ТоҷикистонСоли гузашти Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо китобхонаҳои хориҷи кишвар се Ёддошти тафоҳум ва Эъломияи ҳамкорӣ имзо намуд. Ҳоло Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо китобхонаҳои давлатҳои хориҷӣ 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расондааст ва бо 28 китобхонаи хориҷи кишвар мубодилаи китоб дорад.

Яке аз самтҳои фаъолияти Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китохонаи миллӣ ба роҳ мондани ҳамкорӣ тибқи Ёддоштҳои тафоҳум байни Китобхонаи миллӣ ва дигар китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ мебошад, ки то кунун ба имзо расидаанд.

Дар дувоздаҳ моҳи соли 2022 се санади нави ҳамкорӣ ба тасвиб расид. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ва Маркази мероси хаттии назди раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхона ва  бойгонии миллии Ҷумҳурии Арабии Миср, Эъломияи ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии буҷавии фарҳанги  «Китобхонаи илмии вилоятии Калининград ва Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Арманистон.

Дар айни замон Китобхонаи миллӣ бо Китобхонаи миллии Туркия, Созмони аснод ва  Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Фаронса, Китобхонаи  Искандарияи  Ҷумҳурии  Арабии  Миср дар остонаи имзои санадҳои ҳамкорӣ мебошад.

Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Малайзия  оид  ба ҳамкорӣ дар соҳаи китобдорӣ ва идораи иттилоот дар баррасии Вазорати корҳои хориҷӣ қарор дорад.

Маврид ба ёдоварист, ки Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо китобхонаҳои давлатҳои хориҷӣ 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расондааст ва бо 28 китобхонаи хориҷи кишвар мубодилаи китоб дорад.

Фарзона МИРЗОЕВА