Олими маъруф, доктори илмҳои филология Мирзо Муллоаҳмад дар синни 75-солагӣ даргузашт

Мирзо Муллоаҳмад Мирзо Муллоаҳмад — адабиётшинос ва эроншиноси маъруф, доктори илмҳои филология,  Узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муаллифи садҳо китобу  илмиву адабӣ тарки олам кард.

Устод Мирзо Муллоаҳмад аз зумраи пуркортарин олимони тоҷик буд, шумори асарҳои илмиву оммавӣ, мақолаву рисолаву монографияҳояш ба беш аз 500 адад мерасад. Танҳо дар Эрон то кунун беш аз 30 асару мақолаҳои илмиаш ба табъ расидаанд.

Мирзо Муллоаҳмадов дар останаи 75-солагӣ аз олам рафт. Вай  20-уми феврали соли 1948 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омада буд. Соли 1969 пас аз хатми факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор омада, то барҳам хўрдани он дар соли 1993 дар он ҷо кор кардааст.

Асарҳои илмии ӯ «Фаррухии Систонӣ» (1978), «Нишот ва Миҷмар» (1983), «Лирикаи Адибулмамолик Амирӣ» (1985), «Фурӯғии Бастомӣ ва ғазалиёти ӯ» (1967), «Қоонии Шерозӣ» (1992), «Суннатҳои пойдори даврони пурбори адабиёт» (2008) дар нашриёти «Дониш», «Инсон. Адабиёт. Фарҳанг» (1993), «Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон» (2012) дар нашриёти «Адиб», «Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» (2003), «Дар олами эроншиносӣ» (2005), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем…» (2011) дар нашриёти «Деваштич», «Бузургдошти инсони нек» (2011) дар нашриёти «Маориф ва фарҳанг» ба табъ расидаанд.

Матни мунтахаби оммавии «Қобуснома»-и Унсурмаъолӣ Кайковус (1979, 2007), «Рубоиёти Умари Хайём» (1983), «Баргузидаи ашъори Шаҳриёр» (дар ҳаммуаллифӣ, 1984, 2006), «Ҳикояҳои нависандагони муосири Эрон» (дар ҳаммуаллифӣ, 1986, 1988), «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл»-и Абдураҳмони Мустаҷир (дар ҳаммуаллифӣ, 1989), «Гулбонги навҷавонӣ»-и Лоҳутӣ (дар ҳаммуаллифӣ, 1991), «Андарзномаи Рӯдакӣ» (1992), «Ғазалиёти Фурӯғии Бастомӣ» (1993), «Донишнома»-и Майсарӣ (1999), «Андарзномаи Ҳаким Носири Хусрав» (2003), «Дахунома» (2003), «Гулчини девони Ҳофиз» (2006), «Андарзҳои Ҷалолиддини Румӣ» (2007), «Ашъори мунтахаб»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), «Дар партави Хуршед» (2011), «Ҳикматномаи Носири Хусрав» (2013) ва ғ.-ро ба чоп расондааст.

Баъзе аз асарҳои илмиаш дар Маскав, Теҳрон, Вашингтон, Боку, Машҳад, Қарочӣ, Кобул, Тошканд ва ғ. чоп шудаанд. Яке аз муаллифони нашри академии «Таърихи адабиёти Эрон дар асрҳои ХIХ-ХХ» (Маскав, «Наука», 1999) мебошад.

Китобҳои ӯ «Ёди ёри меҳрубон» (Теҳрон, 2001), «Хубони порсигӯй» (Теҳрон, 2003), «Андарзҳои Рӯдакӣ» (Теҳрон, 2008), «Садои Осиё» (2011) ва ғайра хонандагони эрониро бо намунаҳои осори шоирони маъруфи тоҷик ошно кардаанд. Дар нашрияҳои муътабари Эрон асарҳои илмии ӯ «Ҷанг ва сулҳ дар «Шоҳнома» (2005), «Рӯдакӣ ва суханварони ҳамрӯзгори ӯ» (2008, дар ҳаммуаллифӣ), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем…» (2010) нашр шудаанд.

Ҳамчунин, рисолаи маъруфи ховаршиноси ленинградӣ Абдураҳмонов «Рӯдакӣ. Ҳаёт ва эҷодиёт» дар тарҷума ва тавзеҳи ӯ боре дар Душанбе (2008) ва ду маротиба дар Теҳрон (2012, 2014) ба табъ расид.

Ба қалами ӯ беш аз 450 асари илмӣ ва илмиву оммавӣ тааллуқ дорад, ки аз онҳо 15 монография ва маҷмӯаи мақолаҳо, беш аз 30 маҷмӯаи гуногун аз осори адибони гузаштаву муосири форсизабон мебошанд.

Узви ҳайати таҳририяи «Ахбори Академияи илмҳои Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ», маҷаллаи «Рӯдакӣ» (Теҳрон), фаслномаи илмӣ-пажӯҳишии «Пажӯҳишномаи таърих»-и Донишгоҳи озоди исломии Буҷнурд (Эрон), маҷаллаи Муассисаи фарҳангии ЭКО (Теҳрон), шӯрои дифоъи рисолаҳои доктории Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон, узви раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва ғ. мебошад.

Барандаи Ҷоизаи ба номи Муҳаммад Осимӣ.

Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.