Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 2 – уми феврал
Соли 1882 дар Дублин нависанда, шоири ирландӣ ва намояндаи модернизм Ҷеймс Ҷойс ба дунё омадааст. (МОДЕРНИЗМ – номи умумии чанд равияҳои санъат ва адабиёти буржуазии охири асри 19 ва аввали асри 20-кубизм, дадаизм, футуризм ва ғайра, ки зуҳуроти таназзули санъати буржуазӣ мебошанд)
Ҷеймс Ҷойс эҷодкори пурмаҳсул буд. Аллакай дар синни 16-солагӣ ӯ як қатор очеркҳо, пйесаҳо, шеърҳои лирикӣ навиштааст (ў дар синни 6-солагӣ ба эҷодиёт шурӯъ кардааст, ки аҳли оила аз ў хеле ифтихор мекарданд).
Аввалин маҷмӯаи ашъори Ҷойс соли 1904 нашр шудааст. Ҷойс романи машҳури худ “Улисс”-ро дар тӯли 7 сол навишт ва он бори аввал дар Фаронса нашр шуд. Дар шашсад саҳифаи ин китоб як рӯзи шахсе бо номи Леополд Блум тасвир ёфтааст. Ин рӯз – 16 июн – аз ҷониби тамоми мухлисони Ҷойс ҳамчун ид ҷашн гирифта мешавад. Ҷойгоҳи Ҷойсро дар адабиёти ҷаҳонӣ набояд нодида гирифт – романи ӯ ҳамеша дар рӯйхати муҳимтарин китобҳои ҷаҳон ҷойгир аст. Муҷассамаи Ҷойсро на танҳо дар зодгоҳаш Дублин, балки дар Маскав ҳам дидан мумкин аст.
Асарҳои асосие, ки Ҷеймс Ҷойсро машҳуру номдор кардаанд, инҳоянд: “Эпифаниҳо“ (1901-1903), «Портрети рассом» (1904), “Дафтари муқаддас” (1904), «Дублинҳо» (1904-1914), «Газ аз оташдон» (1912), “Ҷиакомо Ҷойс” (1911-1914), «Қаҳрамон Стивен», «Портрети рассом дар ҷавонӣ (1907-1914), «Бадарғашудагон» (1914-1915), «Улисс» (1914-1921), “Ёдбуди Финнеган” (1922-1939)
Ҷойс дар Сюрих дар синни 41-солагӣ бар асари бемориҳои гуногун, ки солиёни дароз ҷисми ўро озурда карданд, вафот кард.
Соли 1940 дар Маскав дар синни 41-солагӣ нависанда, мақоланавис ва арбоби ҷамъиятии шӯравӣ, муҳаррири маҷаллаҳои “Огонёк”, “Крокодил”, “За рубежом” Михаил Колтсов, парронда шуд.
Номи Михаил Ефимович Колтсов ба бисёр хонандагоне, ки ба адабиёт ва таърихи шуравӣ шавқ доранд, ошност.
Нависанда ва мақоланависи машҳури шуравӣ Колтсов на танҳо бо фаъолияти адабӣ машғул буд. Ӯ дар рушди флоти ҳавоии шӯравӣ фаъолона иштирок дошт, ба фаъолияти нашриявӣ машғул буд, зеро дар солҳои 30-юми асри гузашта хабарнигор, мушовири ғайрирасмии сиёсиву низомӣ дар Испания буд.
Михаил Ефимович тамоми умри кутоҳ, вале пурсамари худро ба хидмати Иттиҳоди шуравӣ ва ғояҳои он бахшид, вале ҳамаи ин нависандаро аз ҳабс ва ҳукми қатл бо иттиҳоми сохтаи ташкилоти террористии аксулинқилобии рафиқони собиқи ҳизбӣ наҷот надод.
Соли 1922 аввалин китоби ў «Петлюровшина» аз чоп баромад ва аз ҳамон сол дар рўзномаи «Правда» фелетонҳо ва очеркҳои нависандаро дар мавзуъҳои гуногуни ҳаёти дохилӣ ва байналхалқӣ зери унвонҳои «145 сатри лирика», «Таваллуди фарзанди аввалин», «Коғази сафед», «Алексей Стаханов» ва ғайраҳоро мунтазам чоп мекунад.
Соли 1942 дар Ленинград, нависанда, шоир ва намоишноманависи шӯравии рус Даниил Хармс дар синни 36-солагӣ, дар беморхонаи маҳбас даргузашт.
Даниил Иванович Хармс на танҳо шоири боистеъдод, балки ҳамчун муаллифи адабиёти бачагона ба хонандагон ошност. Вай барои духтаракону писарбачагон шеъру достонҳое эҷод кардааст, ки бо гузашти солҳо онҳо мазмуну таровати худро гум накардаанд. Ба ин асарҳо «Гурбаи аҷоиб», «Дуруғгўй», «Саргузашти хеле даҳшатнок», «Якум ва дуюм», «Шахсе аз хона баромад», «Пиразан» ва ғайра дохил мешаванд.
Китоби “Имрӯз чизе нанвиштам”шомили гузидаи достонҳо ва навиштаҳои Даниил Хармс бо тарҷумаи Ризо Муртазавӣ дар Эрон чоп шуда буд.
Соли 1947 дар Станислав шоири яҳудитабори рус Алексей Светков, барандаи ҷоизаи ба номи Андрей Белий (2007) ва ҷоизаи Русия (2011) ба дунё омадааст.
Соли 1975 ӯ боздошт ва аз Маскав ронда шуд ва ҳамон сол ба Амрико муҳоҷират кард. Ӯ солҳои 1976-1977 дар рӯзномаи “Русский Life”-и Сан-Франсиско ба ҳайси муҳаррир фаъолият кардааст. Соли 1983 дар Донишгоҳи Мичиган унвони докториро сазовор шуд. Аз соли 1989 дар Мюнхен ва Прага дар Радиои Озодӣ ба ҳайси муҳаррир ва барандаи барномаҳои «Қитъаи ҳафтум» ва «Рӯзномаи Атлантик» кор кардааст. Аз соли 2007 дар Вашингтон зиндагӣ мекард ва дар аввали соли 2009 ба Ню-Йорк кӯчид. Дар соли 2018, Светков ба Исроил муҳоҷират намуд ва дар Бат-Ям зиндагӣ мекард. Ӯ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет, дар саҳифаи Фейсбуки худ шеър навишта нашр мекард.
12-уми майи соли 2022 дар Исроил вафот кард.
Соли 1958 дар деҳаи Миденшарви ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷонибеки Қозибек ба дунё омад.
Солҳои 1976-1978 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1978-1979 коргари совхози ноҳияи Шуғнон, солҳои 1979-1983 коргари Заводи нони Хоруғ, солҳои 1983-1989 муаллими мактабҳои ноҳия, солҳои 1989-1982 мудири шуъбаи рӯзномаи «Маърифати Шуғнон», солҳои 1992-2005 сармуҳаррири рӯзномаи «Шоҳдара»-и ноҳияи Роштқалъа ва, ҳамзамон, мудири шуъбаи иҷтимоӣ-фарҳангии дастгоҳи раиси ноҳия, солҳои 2005-2007 муҳаррири шуъбаи рӯзномаи вилоятии «Бадахшон», солҳои 2007-2011 сармуҳаррири рӯзномаи мазкур, аз соли 2011 то апрели 2012 мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон будааст. Аз апрели соли 2012 раиси комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Шеърҳояш аз соли 1980 чоп мешаванд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Тулӯи Офтоб» (2008), «Зикри хайр» (2009), «Киштии шеър» (2010), «Некқадами накӯқадам» (2012) ва ғайра мебошад.
Аълочии фарҳангу матбуоти Тоҷикистон (1996), дорандаи медали ҷашнии «100-солагии матбуоти Тоҷикистон» (2012), ду бор вакили маҷлиси маҳаллии ноҳияи Роштқалъа (1995-2000 ва 2000-2007).
Аз соли 1997 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2009 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1970 дар Пенриндидрит файласуф, мантиқдон, риёзидон ва ходими ҷамъиятии бритониёӣ Бертран Рассел, дар синни 97-солагӣ даргузашт. Ў барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1950 ба шумор мерафт.
Бертран Рассел файласуфи машҳури бритониёӣ, сиёсатмадор ва муаллифи осори насрӣ мебошад. Муҳаққиқон Бертран Расселро аз поягузорони неореализм (равияи идеалистии фалсафаи буржуазии асри ХХ); ва неопозитивизми бритониёӣ (НЕОПОЗИТИВИЗМ– яке аз равияҳои асосии фалсафаи ғарбии асри ХХ) ном мебаранд.
Асарҳои «Ибодати одами озод»(1903), «Мушкилиҳои фалсафа» (1910), «Моҳияти дин» (1012), «Тасаввуф ва мантиқ» (1914), «Санъати тафаккур» (1922), «Дин ва илм».(1935), «Оё баъди марг ҳаёт вуҷуд дорад?» (1936), «Таърихи фалсафаи Ғарб» (1945), «Мавҷудияти Худо» (1948), “Чаро ман масеҳӣ нестам” (1987) мансуби ўянд.
Соли 2019 дар Дарем, Каролинаи Шимолӣ нависандаи амрикоӣ, барандаи ҷоизаи Nebula Кэрол Эмшвиллер дар синни 97-солагӣ даргузашт.
Асари аввалинаш бо номи «Он чиро ишқ меноманд» соли 1955 аз чоп баромад. Ба қалами Кэрол Эмшвиллер шаш роман ва беш аз сад достони кӯтоҳе тааллуқ дорад, ки дар тазкираҳо ва маҷаллаҳои сершумор нашр шудаанд ва охирини онҳо “Ман бо ту зиндагӣ мекунам“ мебошад. Дар тӯли фаъолияти панҷоҳсолаи худ, Эмшвиллер ҷоизаи Nebula, ҷоизаи ҷаҳонии асарҳои тахайюлӣ ва ҷоизаи Филипп Дикро ба даст овардааст.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА.