Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 4 – уми феврал

tarihСоли 1447 дар Сан Северино Марке шоир, файласуф ва ҳерметисти итолиёвӣ Лодовико Латсарелли таваллуд шуда, бо бисёр мутафаккирони муҳими замони худ ва пеш аз ҳама бо воиз ва ҳерметист Ҷованни Меркурио да Корреджо муошират кардааст. ҲЕРМЕТИЗМ равияи диниву фалсафии  аҳди антиқаи мутааххир; баргирифта аз номи худои ҳеллинӣ Ҳермес Трисмегист мебошад.

Соли 1505 нависанда, мусиқинавоз, сиёсатмадор ва фаъоли сиёсии лаҳистонии давраи Эҳё Миколай Рей таваллуд шудааст. Вай дар як оилаи сарватманд ба дунё омадааст. Таҳсили пайваста надоштааст. Нависандагиро ҳам бо омӯзиши мустақилонаи адабиёт ба забони лотинӣ машқ кардаву муваффақ шудааст.

bozhena-nemsovaСоли 1820  нависанда, поягузори насри муосири чех Божена Немсова таваллуд шудааст. Фаъолияти адабии нависанда соли 1843 бо шеъри «Ба занони чех» оғоз ёфтааст.     Солҳои 1845-1847 китоби Немсова «Афсонаҳо ва ривоёти мардумӣ” аз чоп баромад.

Романҳои машҳури ў «Модарбузург”, «Бараи Ваҳшӣ”, «Дар кушк ва назди кушк” мебошанд.

Соли 1873 дар деҳаи Хрушёво-Лёвшино нависандаи машхури шӯравӣ, насрнавис, публистист Михаил Михайлович Пришвин таваллуд шудааст. Пришвин дар тамоми даврони Сталин сабки нигориши хоси худро ҳифз кард. Адабиётшиносон то ҷойе сабки ӯро наздик ба сабки Аксаков медонанд.

Гирдаи кӯчаки нон”, “Тақвими табиат”, “Анбори Хуршед”, “Буми хокистарӣ”, “Достони замони мо” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Пришвин 16 январи соли 1954 дар шаҳри Москав аз саратони меъда вафот кард.

Соли 1875 дар  Санкт-Петербург нависандаи маъруфи рус, шоир, сароянда, библиограф, муаррих, адабиётшинос Михаил Лонгинов дар синни 51-солагӣ даргузашт.

Соли 1912  дар Новгород нависанда ва рӯзноманигори шӯравии рус Всеволод Кочетов таваллуд шудааст. Вай солҳои 1955-1959 сармуҳаррири «Литературная газета» ва аз соли 1961 – мухаррири маљаллаи «Октябрь» буд.

Кочетов баъди дар соли 1952 нашр шудани романи «Журбинҳо» эътирофи расмй пайдо кард. Ин роман бо забонҳои зиёди олам тарҷума ва беш аз 20 маротиба ба теъдоди зиёд нашр ва ба фурӯш рафтааст.

alamhon-kucharovСоли 1946 дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯроободи вилояти  Хатлон донишманди маъруф Аълочии маорифи Тоҷикистон (1995), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2008), дорандаи ордени «Дӯстии халқҳо» (2001), Барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (2003)  Аламхон Кӯчаров  ба дунё омад.  Пас аз хатми мактаб-интернат, соли 1964, донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1969 ба итмом расондааст ва дар кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба фаъолият пардохта, дар давоми солҳои 1969-1972 муаллим, солҳои 1972-1981 муаллими калон будааст. Солҳои 1972-1976 дар аспирантура таҳсил карда, соли 1978 рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Солҳои 1989-1991 ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҷумҳурӣ буда, соли 1997 дар мавзӯи «Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри Садриддин Айнӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Моҳи сентябри ҳамон сол ба кафедраи назария ва адабиёти нави форсии тоҷикии ДМТ ба кор омадааст. Солҳои 2002-2010 мудири кафедраи мазкур, ҳоло сарходими илмии ИТИ назди ДМТ мебошад.

Муаллифи рисолаҳои «Тадқиқи текстологии «Одина»-и Садриддин Айнӣ» (1982), «Хусусиятҳои миллӣ ва интернатсионалии назми Мирзо Турсунзода» (1988), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (1994), «Нақди матни осори Садриддин Айнӣ» (2000), «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри Садриддин Айнӣ» (2002), «Адабиёти тоҷик» (дар ҳаммуаллифӣ, 2007), «Турсунзода: маҳорат ва садоқат» (2011), «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи Садриддин Айнӣ» (2013), асарҳои бадеии «Сад рубоӣ» (2012), «Бобо ва набераҳо» (2013) ва зиёда аз сесад мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.

Оид ба паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ибни Сино, Ҳофизи Шерозӣ, Мир Саййидалии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддини Шоҳин, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Ашӯр Сафар, Қутбӣ Киром, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Ҷонибеки Акобир, Муҳаммад Ғоиб ва ғ. мақолаҳо навиштааст.

Матни илмии интиқодии қиссаҳои «Одина» (1992) ва «Марги судхӯр» (2010)-и Устод Айнӣ ва матни саҳеҳи рисолаҳои «Қуддусия» (1993), «Маърифати нафс» (1994) ва «Дарвешия» (2014)-и Мир Саййидалии Ҳамадониро ба табъ расондааст.

Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1958 дар Санта Моника нависандаи асарҳои илмӣ-таҳайюлии амрикоӣ Генри Каттнер дар синни 42-солагӣ бар асари сактаи дил даргузашт.

polina-barskovaСоли 1976 дар шаҳри Ленинград (ҳоло Санк-Петербург) шоира ва филологи рус Полина Барскова таваллуд шудааст. Ӯ барандаи чандин ҷоизаҳои адабӣ, аз ҷумлаи ҷоизаи Андрей Белий мебошад.

Таҳияи Мадина ҲАМИДОВА.