Китоби нав: “Нақш ва ҷойгоҳи зан дар ташаккул ва пешрафти фарҳанги бадеӣ: анъана ва имрўз”.
Ин китоб соли гузашта чоп шудааст ва ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид шуд. Китоб аслан маҷмуи мақолоти шахсиятҳои адабиву фарҳанг, пажӯҳишгарон ва санъатшиносонро дар бар гирифтааст ва аз ҷониби профессор Аскаралӣ Раҷабов гирдоварӣ ва мураттаб шудааст.
Дар таҳқиқоти дастҷаъмӣ масоили мубрами таърихию назарӣ доир ба зан – бонуи эҷодкор дар оинаи таърих ва ҷомеаи фарҳангӣ, фаъолияти пурбори занон санъату ҳунарҳои бадеӣ, анъанаи эҷодию иҷроӣ дар шеър мусиқӣ, аз замони бостон то оғози садаи ХХ, падидаи зан чун меросбару таъсиргузор дар эҷодиёти мусиқӣ – шеърӣ (сада ХХ ва сароғози сада ХХI), густариши анъанаҳои эҷодиёти мардумӣ ва касбӣ (зан суханвар, мутриб ва сароянда), нигоҳи эстетикию бадеӣ ба ҳунари занон (дар иҷрои осори мусиқию шеърӣ ва анвои ҳунарҳои бадеӣ: театр, рақс, кино), рангомезии суннати устод – шогирд (дар эҷодиёти занони ҳунарманд дар мисоли санъати мусиқию шеърӣ) ва амсоли ин ба риштаи таҳқиқ омадааст.
Зимни ин ташаккул, густариши суннатҳои эҷодию иҷроии занони ҳунарманди имрўз дар мисоли фаъолияти эҷодию иҷроии Артисткаи халқии Тоҷикистон Мастона Эргашева чун сарояндаи касбӣ, навозандаю мусанниф ва кори ҳунариаш дар густариши анъани иҷроии боҳунарона, асосгузори аввалин дастаи ҳунарии бонувони дуторӣ дар Тоҷикистон, мутрибу тарғибгари мероси мусиқии мардумӣ, классикӣ ва муосири тоҷику ўзбек, идомаи анъанаи бонувонаи устод – шогирд дар раванди идомаи суннатҳои касбии созандагию иҷроӣ ва амсоли ин дар навиштаҳои муҳаққиқон таҳқик шудаанд.
Хонандагон аз ин китоб метавонад бо навиштаҳои донишмандоне чун Саъдулло Раҳимов, Иброҳим Усмонов, Низом Нурҷонов, Мунира Шаҳидӣ, Лариса Додхудоева, Рафаэл Наматиев (Исроил) ва дигарон шинос шаванд.
Китобро метавонед дар толори хониши адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар мутолиа намоед.
Саодат Набиева.