Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 15-уми феврал
Соли 1503 дар Толедо шоир ва низомии испанӣ Гарсиласо де ла Вега таваллуд шуд. Вай худро шогирди шоири каталонӣ Аузиас Марк медонист. Ӯ ва дӯсташ Хуан Босканро аз ислоҳгароёни шеъри испанӣ меноманд. Аз ӯ 6 сонет, 5 достон ва ғайра боқӣ мондааст.
Соли 1933 дар Полтава нависандаи асарҳои тахайюлии Шӯравӣ Владимир Савченко ба дунё омад. Ў барандаи ҷоизаи адабию бадеии «Аэлита» дар соли 2003 ба шумор меравад.
Нашри аввалини «Ба истиқболи ситораҳо» (1955) дар муаллиф ҷонибдори тахайюлоти илмиро нишон дод. Дар соли 1956 достони «Бедории профессор Берн»-ро нашр мекунад, ки онро барои романи хаёлии «Аз болои ағба» (1984) ба таври куллӣ тағйир медиҳад. Аз эҷодиёташ ба забони украинӣ достони «Арвоҳи замон» (1964) машҳур аст.
Асарҳои «Ситораҳои сиёҳ», «Кашфи худ», «Баъди ағба» низ мансуби ўянд.
Соли 1905 дар Крофордсвилл дар синни 77-солагӣ ҳуқуқдон, гебернатор, фаъоли сиёӣ ва нависандаи амрикоӣ Лю Уоллес тарки олам кард. Дар замони ҷанги дохилии Амрико як афсари низомӣ ва ва ёздаҳумин фармондори қаламрави Ню-Мексико буд.
Лю Уоллес зиндагиномаи худро муфассал дар ду ҷилд навиштааст, вале аҷал фурсати чоп надод. Баъд аз сари ӯ ҳамсараш ин ду ҷилд китобро мунташир кард.
Сенатори иёлати Индиана, муаррих Алберт Беверидж аз ӯ ба унвони як “шахси ғайримуқаррарӣ, ҷанговари матин, вале орзупарвар, нависандаи ҳам идеалист ва ҳам реалист ва ҳунарманд” ёд кардааст.
Соли 1906 дар Мустафино шоир ва журналисти тотори Иттиҳоди Шӯравӣ Мӯсо Ҷалил таваллуд шудааст. Мӯсо Ҷалил як муборизи зидди фашистӣ буд ва 25-уми августи соли 1944 тавассути артиши Олмон пас аз дастгир шуданаш кушта шуд. Соли 1956 пас аз маргаш ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳои Шӯравӣ дода шуд, соли 1957 барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Ленин гашт.
Соли 1909 нависандаи Шӯравӣ Николай Иванович Риленков ба дунё омад. Аввалин китоби ашъораш соли 1933 бо номи “Қаҳрамонони ман” чоп шуд. Китоби “Решаҳо ва баргҳо” низ аз ӯ мебошад. 23 июни соли 1969 бар асари бемории саратони ҷигар аз олам рафт.
Соли 1919 шоири машҳури рус Александр Блок ба иттиҳоми робитаҳояш бо эссерҳои чап боздошт шуд. Вале чун А.В.Луначарский (нависанда, тарҷумон, мунаққид, санъатшинос, инқилобгари рус) аз ӯ ҷонибдорӣ кард, ба зудӣ, баъди пурсиш озод карданд. Ў аввалин шеърҳои худро пеш аз гимназия навишта буд. Блок дар синни 14-солагӣ маҷаллаи дастнависи “Вестник”-ро нашр кард, дар 17-солагӣ бошад, дар саҳнаи театри хонагӣ песаҳояшро ба саҳна гузошта, дар онҳо нақш мебозид, дар 22-солагӣ шеърҳояшро дар маҷмўаи Валерий Брюсов “Гулҳои шимол” нашр кардааст.
Шеърҳои Блок ба қалами шоирони маъруфи тоҷик Қутбӣ Киром, Ғаффор Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Баҳром Фирӯз, Ҳикмат Раҳмат ва дигарон ба тоҷикӣ баргардон ва дар чандин маҷмуаҳо нашр шудаанд. Ин амр, махсусан, соли 1980-соли ҷашни 100-солагии Блок ки дар Тоҷикистон ҳам баргузор шуд, ба таври густарда сурат гирифт.
Соли 1946 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ба дунё омад.
Муаллифи маҷмӯаҳои қиссаву ҳикояи «Дили гарм» (1971), «Сукути қуллаҳо» (1974), «Камони Рустам» (1976, 1982), «Аз субҳ то шом» (1979), «Барф ҳам мегузарад» (1983), «Дувоздаҳ ҳикоя» (1986), роману қиссаҳои «Се рӯзи як баҳор» (1988), «Дарахти ҳазорсола» (1991), «Садама, ё худ Достони як марди саргардон», (1994), «Пайванд», «Обдорӣ ё худ Кавкабони кабуд», «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх», «Девор», «Санг дар бағал ба тӯфон», «Мӯйсафедон», «Дӯсти ман Бароталӣ», «Ҳасрат», «Эътироз» ва ҳикояву эссеву мақолаҳои адабӣ-публитсистии зиёде мебошад, ки аз нигоҳи масъалагузорӣ, фарохии мазомини миллӣ ва оҳангҳои умумибашарӣ қобили қабули ҳамагон гардидаанд.
Аксари навиштаҳояш ба забони русӣ тарҷума шуда, дар маҷаллаву ҷаридаҳои машҳури адабӣ ба табъ расидаанд.
Китобҳои ӯ «Камони Рустам» (1979), «Барф ҳам мегузарад» (1982) ва «Се рӯзи як баҳор» (1990) дар муассисаҳои кашфиётии бонуфузи Маскав («Советский писатель», «Известия» ва «Молодая гвардия) ба забони русӣ пешниҳоди хонандагони шӯравӣ гардидаанд.
Асарҳои алоҳидаи Л. Толстой, А. Упит, В. Телпугов, И. Друтсе, А. Беляев, М. Левин, С. Хонзодян, Г. Матевосян, М. Муродалиев, Э. Аъзамов ва дигар суханварони русу шӯравӣ, ҳикояҳои ҷудогонаи Ҷ. Лондон, Ш. Андерсен, А. Ғаллоб ва Ӯ. Камолро ба тоҷикӣ гардондааст.
Соли 1982 Киностудияи «Тоҷикфилм» дар заминаи «Камони Рустам» филми ҳунарии «Айёми туманҳои тобистон»-ро ба навор овардааст.
Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мукофоти комсомоли ленинии Тоҷикистон (1985) буда, бо ордени «Дӯстӣ», Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ва Кумитаи сулҳ, Медали биринҷии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шудааст.
Соли 1994 сазовори унвони фахрии «Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон», соли 1998 шоистаи унвони ифтихории «Нависандаи халқии Тоҷикистон» гардидааст.
Узви раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Фарҳанг»-у «Садои Шарқ» аст.
Бо Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофонида шудааст.
Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Соли 1946 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё адиби маъруф Иноят Насриддин таваллуд шуд.
Фаъолияти адабиаш аз солҳои 70-ум оғоз ёфта, дар ҳамин давра аввалин очеркҳояш дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Помир» ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба чоп расидаанд..
Муаллифи китобҳои «Меҳр» (1983), «Насими дашт» (1984), «Тулӯи нав» (1986), «Як рӯзу ҳама рӯз» (1987), «Водии Вахш» (1988), «Баҳои умр» (1989), «Мероси бобоӣ» (1992), «Дардҳои гиреҳхӯрда» (2004), «Ҳама захмам аз сухан аст» (2004), «Як баҳору бисту панҷ соли дигар» (2004), романи ҳуҷҷатии «Саъди падар» буда, дар соҳаи драматургия ҳам қувва озмудааст.
Асарҳои драмавияш «Қотили ҷонҳо», «Гаравгон», «Фоҷиаи домангир», «Оташи ҷонсӯз», «Бечора модар», «Марги ду тан», «Хас каму ҷаҳон пок», «Номуси хуросонӣ» ва ғ. дар театрҳои халқии Ҳисор, Турсунзода, Фархор, Файзобод, Тавилдара, Рӯшон, Ишкошим ва ғ. саҳнавӣ ва сазовори ҷоизаҳо гаштаанд.
Барои кӯдакон афсонаҳо навиштааст, ки дар китобҳояш «Зоғи сиёҳ» (1990) ва «Чашмаи ҷоду» (1998), нашр шудаанд. Намунаҳое аз офаридаҳояш ба забонҳои русиву ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон. Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои олии Ӯзбекистон мукофотонида шудааст.
Аз соли 1986 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
1 августи соли 2010 аз олам даргузашт.
Таҳияи Б.Шафеъ.