Муовини директори муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷалолуддин Нурзода Низомиддин
1 марти соли 1969 дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба дунё омадааст.
Солҳои 1976-1986 – мактаби миёнаи №11-и ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ.
Солҳои 1986-1992- донишҷўи факултети механика-математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин.
Солҳои 1992-1999- омӯзгори мактаби миёнаи №11-и ноҳияи Мастчоҳ.
Соли 1999- раиси Созмони ҷавонони хоҷагии ба номи Фирдавсии ноҳияи Мастчоҳ.
Соли 1999-2004- мутахассиси шуъбаи иҷтимоӣ-фарҳангии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ.
Солҳои 2004-2006- мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ.
Солҳои 2006-2007- мудири шуъбаи фарҳанг ва иттилооти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон.
Солҳои 2007-2009- сармутахассиси бахши итилоотию – таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 2009-2010- иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 2010-2015- мудири бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2015-2016 сардори шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2016-2020 муовини сардори шуъбаи матбуоти даврии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
04.02.2020 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Директори муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Оиладор соҳиби 4 фарзанд: 2 писару 2 духтар.
Маҷмуаи шеърҳояш таҳти унвони “Паёми васл” (2008) ва “Дунёи ҷавонӣ” (2013) бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардидааст.Муаллифи ду маҷмуаи шеър: «Паёми васл» (2008) ва «Дунёи ҷавонӣ» (2013).
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2022), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикстон (2023). Медали Хизмати шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2023).