Аз силсилаи «Тоҷнома». Е.Бертелс. «Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ»
Зиндаёд Евгений Эдуардович Бертелс – ховаршинос ва эроншиноси номӣ ва бузурги ҷаҳон дар 26-декабри соли 1890-и милодӣ дар Санкт-Петербург зода шуд ва дар замони умри кўтоҳ ва пурбораш дусаду наваду панҷ асари пажўҳишии мондагор аз худ ба ёдгор гузошт. Дар ҳамаи осораш навовариҳову роҳнамоиҳо барои донишварон ҳаст. Ин донишманди бузург дар ҳафтуми октябри соли 1957 дар шасту ҳафтумин соли зиндагӣ дида аз ҷаҳон фурў баст.
Е. Э. Бертелс дар соли 1920 давраи комили донишкадаи забонҳои ховари Донишгоҳи давлатии Петроградро ба поён расонид ва дар ҳамон ҷо ба корҳои пажўҳишӣ оғоз кард. Дар зимн дар музеи Осиёии Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, ки баъдҳо номи Институти ховаршиносӣ ба он дода шуда буд, давоми 37 сол ба корҳои илмӣ машғул буд. Ў роҳбари донишҷўёни ҷавон дар ниҳодҳои илмӣ, аз ҷумла дар донишгоҳҳои Ленинград, (Санкт-Петербург), Москва, Осиёи Миёна (Донишгоҳи кунунии Тошканд) ҳам буд ва чанд насл аз ховаршиносони замони шўравӣ дастпарвардаи ўянд.
Дар солҳои 1934 ва 1954-и милодӣ дар маросими марбут ба ҳазораи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва Абўалӣ ибни Сино, ки дар Эрон баргузор шуда буд, Евгений Эдуардович Бертелс низ аз донишмандони бузурги ҷаҳонӣ ширкаткунанда дар он маросим буд. Аз осори ин донишвар китобҳое ба форсӣ-тоҷикӣ тарҷума шуда, ки нахустинаш «Тасаввуф ва адабиёти сўфия» буд ва китобе, ки дар даст доред, ҷилди нахуст ва савуми баргузидаи осори номбурда ҳаст.
Таҳиягари ин китоби арзиш манд шоири шинохта ва пажӯҳишгари мумтоз марҳум Муҳаммадалии Аҷамӣ дар муқаддима навиштааст:
ҲАРФЕ ЧАНД БАРОИ ХОНАНДАИ ТОҶИК
Таърих оинааст, оинаи дирўз, имрўз ва фардои ҳар миллат. Оинае, ки саргузашти сиёсӣ, иҷтимоӣ, адабӣ ва фарҳангии як миллат дар он сабт мешавад ва оинае чунин танҳо дар зеҳну хотираи миллат шакл мегирад. Аз ин ҷост, ки ҳеч сангбороне наметавонад онро бишканад. Оинаи таърихи миллатро мардони бузург месозанд ва маҳз заҳмату фидокории мардоне чунин аст, ки таърих фаромўш намешавад. Китоби ҳозир, ки хонандаи азиз дар даст дорад, ба оинае чунин мемонад, оинае мамлу аз ҳарф ва калима, ки нигоҳ бар он, нигоҳ ба таърих, адабиёт ва фарҳанги миллати худ аст. Дар ин пешгуфтори фишурда, хонандаи азиз, сухан дар ҳамин мавзўъ аст, шинохтани худ аз нигоҳи таърих ва фарҳанг ва адабиёт. Муаллифи китоби «Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ» – аз рўзгори бостон то аҳди салҷуқиён, донишманди бузург Е. Э. Бертелс ҳамин мавзўъро дар ин китоби худ бисёр амиқу жарф таҳқиқ ва баррасӣ кардааст. Ба қавли Мавлонои бузург:
Газоф, эй дўст, н-ояд з-аҳли таҳқиқ,
Мар инро кашф бояд, ё ки тасдиқ.
Ин донишманди бузург ва номдор дар маънои асли калима, хидматҳои бисёр бебаҳову пурарзише дар бахши таърих ва адабиёти ақвоми эронитабор анҷом додааст. Хидматҳои хуҷастаи ин родмарди таърих дар сатҳи ҷаҳон аз тарафи донишмандони шинохтаи Аврупо низ эътироф ва истиқбол гардидааст, ки ҳеч ҷои шигифтӣ надорад. Устоди бузург, бо он ки дар замоне зиндагӣ мекард, ки иншои ҳар назари илмӣ сахт вобаста буд ба сиёсати вақт, тавонист асарҳое падид биёварад, ки аз нигоҳи илм пурбор, устувор ва мондагор бошанд. Доманаи осори ин марди донишвару донишпарвар бисёр-бисёр густардааст ва хонанда зимни мутолиаи бахши ёддошт, дар ҳамин китоб ба номгўи осори ин муҳаққиқ бевосита ошно хоҳад гашт.
Китобе, ки ҳамин ҳоло рўи дасти шумост «Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ»-аз осори ин донишмарди тавоност. Чанд ҳарфе дар ҳамин робита ва сабаби чопи ин китоб мехоҳам баён бисозам. Дар мардум фармудаи бисёр зебо ва машҳурест: Дар ҳар кори хайр сабабе ҳаст. Сабабгор дар баргардони ин китоб аз хатти форсӣ марди фарҳехта ва донишманд, академик Носирҷон Салимӣ мебошанд. Бо пешниҳоди бародари азиз ва гаронқадр Носирҷон Салимӣ ин ҳақир баргардони китоби «Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ»-и муҳаққиқи воло Е. Э. Бертелсро ба рўи шона гирифтам. Бо ин китоб аз қабл ошноӣ доштам ва дар матлабҳои худ аз он истифода мекардам ва ҳамеша фикр бар он доштам, ки китобе бо ин ҳама шоистагӣ аз назари таҳқиқ, ҳайф аст, ки барои умум дастрас набошад.
Бахусус, дар замони истиқлолияти миллӣ, китобҳое аз ин даст барои таҳкими ҳувияту худшиносии мардум хеле муҳим ва зарур аст ва ин худ ҳарфи андак нест. Ҳамин зарурати баргардони ин китоби пурбору устуворро бетардид бародари азизи мо, Носирҷон Салимӣ барои муаррихон, донишмандон, донишандўзон ва дар маҷмўъ барои миллат хуб медонистанд ва дарк мекарданд. Метавон гуфт, ки ин кор бо ҳидояти бевоситаи ишон сурат гирифт. Дар рафти баргардон, баъзе ишораҳои устоди муҳтарам, мутарҷим Сируси Эзадӣ, ки барои хонандаи тоҷик чандон аҳамияти муҳим надошт ҳазф гардид, мисли нишон додани шаҳрҳо ва манотиқе, ки дар Тоҷикистон ҷойгир аст. Ин нишондодҳои мутарҷим барои хонандаи эронӣ лозим аст, аммо хонандаи тоҷик ба шарҳи онҳо ниёз надорад, зеро бидуни ҳамин нишондодҳо низ ҳар тоҷик аз манотиқи Ватани худ огоҳ аст.
Ҳамчунин дар равиши кор аввал фикр кардам, дар хотимаи китоб луғати калимаҳоеро, ки аз назари маъно барои як хонандаи тоҷик сахт ё душвор аст, тартиб бидиҳам. Аммо баъд тағйири фикр кардам ва калимаҳое аз ин дастро дар қавсайн, дар худи матн маъно кардам ва фикр мекунам ин равиш барои хонанда беҳтар аст. Хонанда дар ин равиш ва ин фазо дар як замон бо ду калима аз назари маъноӣ метавонад ошно шавад ва дар ҳолатҳои лозим аз ҳар калима, ки бихоҳад, истифода барад. Ҳамчунин дар равиши кор то он ҷо, ки лозим буд, рўҳи забони мутарҷимро нигоҳ доштам, танҳо дар баъзе маврид ҷумлаҳои мушкилтарро содатар кардам. Дар зимн аз корбурди баъзе поварақҳои такрорӣ низ худдорӣ намудам, мисли овардани достонҳои «Шоҳнома», ки устоди зиндаёд Е. Э. Бертелс дар матн аз онҳо ёд мекунад. Ҳамин достонҳоро мутарҷим дубора дар поварақ ба назм меоварад, ки мутоиларо барои хонанда мубҳам месозад. Аз истифодаи поварақҳои чунин ҳам даст кашидам, чун ҳамон ёдоварии достонҳо дар матн барои дарки матлаб кофӣ аст. Агар ҳам ҳарфе дар ҷое аз чашм лажида аст, бо бузургии худ бар мо сахт магиред, ба қавли Бедили бузург: чун иборат нозук афтад ранг мазмун мешавад ва муҳтавои китоб ҳамон аст, ки ҳаст.
Дар поёни сухан, дастрасии ин китоби баландмаъниро бар ҳамаи хонандагони нуктасанҷу нуктадон муборак мегўям ва дар зимн барои роҳнамоиҳо ва маслиҳатҳои муфиду рашид ба донишёри фарҳехта, академик Носирҷон Салимӣ ва бародари гаронқадр Шамсиддини Солеҳ самимона ташаккур мегўям. Дар ин хат ба азизони гиромӣ Ш. Мирзоева, Э. Эшонқулов, С. Бобоев, А. Одинаев ва Р. Ҳакимова барои муҳаббаташон дар шаклгирии ин китоб самимона сипос мегўям.
Муҳаммадалии Аҷамӣ
Китоби мазкурро метавонед дар Телеграмканали сомонаи бо суроғаи мутолиа намоед: «Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ» https://t.me/pdf_library_kmt/
Маврид ба ёдоварист, ки китобҳо аз силсилаи «Тоҷнома» бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр мешаванд.
Таҳияи мутахассиси
маркази «Тоҷикшиносӣ»
Раҳматова Р.