Зодрӯзи муаллифи романи “Саройи Санг”

Ато-Мирхоҷа“Дар ҷавонӣ банда ва шарикдарсам Сайф Раҳими Афардӣ (рӯҳашон шод бод!) қарор додем, ки романи “Ҷанг ва сулҳ-ро то охир мехонем. Вақте шуруъ кардем, зуд-зуд барои дар ёд гирфтани қаҳрамонҳо ба саҳифаи қафо менигаристем, то қаҳрамононро фаромӯш накунем. Айнан чунин азобро ҳангоми мутолиаи “Сарои санг” дучор шудам. Ҷангу ду касро тасвир кардан басо осон аст. Вале, бояд эътироф кард, ки саришта кардани қисмати даҳҳо қаҳрамон маҳорати бунинӣ ва толстойиро аз нависанда талаб менамояд. Хушбахтона, Ато Мирхоҷа ин бори пуршарафи маънавиро ба манзил мақсуд расондааст.

Ин як пора аз мақола ва ё тақризи хеле мӯшикофонаи адиби номвар Наҷмиддини Шоҳинбод дар мавриди романи “Саройи Санг”-и шоир, нависанда ва рӯзноманигори шинохта, Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа мебошад, ки имрӯз зодрӯз дорад.

АТО МИРХОҶАИ НЕРӮ (Мирзоҷалолов Атохоҷа Мирхоҷаевич)

8 апрели соли 1963 дар деҳаи Вужи ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шуд. Соли 1985 бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кард. Охири соли 1986 Кумитаи марказии Созмони ҷавонон бо дархости Созмони ҷавонони Кумитаи Бадахшон ӯро ба кор фиристодааст. Соли 1990 аз сабаби пароканда шудани созмон, Ато Мирхоҷа муҳаррири барномаҳои фарҳангӣ дар Кумитаи радио ва телевизиони ВМКБ таъин шудааст. Соли 1994 дар ҳафтаномаи «Фарҳанги Бадахшон» ба ҳайси масъули чоп фаъолият варзида, пас аз як сол барои зиндагии доимӣ ба пойтахти мамлакат омада, аввал дар барномаҳои дувуми Радиои Тоҷикистон, баъдан дар АМИТ «Ховар» фаъолият доштааст. Соли 1998 ба нашрияи Роҳи оҳани Тоҷикистон – ҳафтаномаи «Роҳи умед» (2002 «Нақлиёт») даъват шуда, то соли 2011 сармуҳарририи онро бар уҳда доштааст. Соли 2003-2008, ҳамзамон, мушовири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагон будааст. Аз июли соли 2011 муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» – нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

САРОЙИ САНГ” – ДАСТОВАРДИ АДАБИËТИ ТОҶИК”

Ато-МирхоҷаАто Мирхоҷа аз овони мактабхонӣ шеър менависад. Нахустин шеърҳои ӯ дар ҳамин овон бо дастгирии Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд дар рӯзномаи «Бадахшони Советӣ» пешниҳоди умум гардидаанд.

Соли 1991, бо мадади Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, нахустин силсилаи ашъораш дар китоби дастҷамъии «Боли парвоз» бо номи «Тасмаи мардон» ба чоп расидааст. Баъдан пайиҳам маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Ишқ ва ашк» (2003), «Шакарганҷ» (2006) ва «Нафаси дувум» (2013) дастраси хонандагон шудаанд.

Ато Мирхоҷа, ҳамчунин, муаллифи китобҳои бачагонаи «Нахӯдак-булъаҷабак», «Нахӯдак ва Нисо» осори мансури «Naкhudak-fabulоus» (афсонаи муосир барои хурдсолон; 2006), «Naкhиdaк аnd Nisо» (афсонаи муосир барои бачагони синни калони мактабӣ; 2006), «Равшан қиссаен» (ба забони шуғнонӣ, 2010) буда, асарҳои саҳнавии ӯ – «Даъвати Носир» (1992), «Сайр дар гилем» (1995), «Давлати баргашта» (1999) дар озмунҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ соҳиби ҷоиза гардидаанд.

Намунаҳое аз ашъори Александр Блок, Иван Переверзин (адибони рус), Акбар Рисқулов (қирғиз), Микола Метлитский (белорус), Сергей Сухоян (Тоҷикистон), Аминат Абдурашидова (Доғистон)-ро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст. Намунаҳое аз осори худи ӯ ба забонҳои русӣ, инглисӣ, белорусӣ, арманӣ ва қирғизӣ тарҷума шудааст.

АТО МИРХОҶА: ХОНАИ МАН ОН ҚАДАР КИТОБ ДОРАД, КИ МАҶБУР ШУДАМ, БАЪЗЕЯШОНРО КОРГОҲАМ БАРАМ

Ҳамчунин, шеърҳои алоҳидаи Носири Хусрав, Мирсаид Миршакар, Эраҷ Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Ҳайрат Шанбезода, Камол Насрулло ва драмаҳои Вилям Шекспир «Шоҳ Лир» ва Мирсаид Миршакар «Қишлоқи тиллоӣ»-ро ба шуғнонӣ тарҷума кардааст. «Қишлоқи тиллоӣ» дар тарҷумаи ӯ ва бо кӯшиши ҳунарпешаи маъруф Маъруфшо Мазҳабшоев соли 1989 таҳти унвони «Тиллойӣ қишлоқ» дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (Хоруғ) саҳнагузорӣ шудааст.

Дар таҳия ва нашри китобҳои «Вожаномаи мухтасари русӣ-тоҷикии роҳи оҳан» (2004, дар ҳаммуаллифӣ бо Ҳикмат Неъмат), «Луғати соҳаи ҳавопаймоӣ (русӣ-тоҷикӣ)» (2008, дар ҳаммуалифӣ бо Ҳикмат Неъмат), «800 ғазали дилошӯб» (2007, дар ҳамкорӣ бо Асрори Сомонӣ) ва «800 панди дилписанд»-и Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (2007, дар ҳамкорӣ бо Асрори Сомонӣ), «Баёзи меҳр» (2008), «Анҷумани дидор» (2008), «Гулбоғ» (2010), «Эъҷози Раҳмон» (2011), «Одами тиллоӣ», (2011), «Нома дар барги ҳавас» (2011) ва ғ. ҳиссагузорӣ кардааст.

Ато Мирхоҷа дар нависандагӣ низ адиби муваффақ шуд. Романи “Саройи Санг”, ки то кунун 3 ҷилди он ба дасти хонанда расидааст, аз ҷониби хонандагон ва мунаққидон хуш пазируфта шудааст. Барои ин роман соли 2022 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон  ба номи  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шуд.

Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода буда, бо медали «Хизмати шоиста», нишонҳои «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон», «100-солагии матбуоти тоҷик», унвони фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» қадршиносӣ шудааст.

Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.