Бо бачаҳо. Бозиҳои кӯдакона. Бахши 3
Ин китобчаро Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик соли 2020 чоп кардааст. Мураттибон як силсила бозиҳои кӯдакону наврасонро гирд овардаву дар бораи ҳар кадом мухтасар маълумот додаанд. Дар аввалсухани китоб омадааст: Бозиҳо бисёр гуногунанд. Солҳои охир бозиҳои компутерӣ низ расм шудаанд. Вале мо аз бозиҳои бачагонаи қадмаи худ асло даст кашида наметавонем. Онҳо басо содаю шавқовар буда, шарту шароити зиёд тақозо намекунанд. Аз ин сабаб ҳамеша бо моянд. Акколбозӣ, рустшавакон аз ҷумлаи бозиҳои миллии бачагонаи халқи тоҷиканд, ки дар ин китоб пекаш шудаанд.
Китоб бо кӯмаки мардуми Амрико нашр ва аз тариқи Ожонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонандаҳо дастрас шудааст.
Тасмим гирифтем дар чанд бахш ин бозҳоро ба ёди хонандагони хурдсоламон андозем.
РАНГЁБАК
Як навъ бозии анъанавии бачагони тоҷик аст, ки маъмулан, дар фаслҳои гарми сол дар майдонча, кўчаи васеъ ё боғчае ташкил мешавад. Дар он писарону духтарони 7-15-сола иштирок мекунанд. Ширкатдорони бозӣ ба ду даста тақсим шуда, дар масофаи 7-8 м рў ба рўйи ҳам менишинанд. Онҳо аз байни худ якнафариро сардор интихоб мекунанд. Сардорҳо ба дастаи худ наздик рафта, бо овози паст ба ҳар як нафар номи рангҳоро мегузоранд. Масалан, як нафар «Сурх», дигаре «Сабз», «Гулобӣ», «Сафед» ва ғайра. Сипас сардорҳо барои оғоз карани бозӣ қуръапартоӣ мекунанд. Яке сангчаро дар мушташ пинҳон карда, аз сардори дастаи дувум мепурсад, ки дар кадом мушташ сангча пинҳон аст. Агар ў ёбад, навбати бозӣ аз гурўҳи онҳо шурўъ мешавад, агар сангчаро наёбад, дастаи ҳариф бозиро оғоз мекунад.
Сардори навбатиро гирифта чашмони яке аз бозигарони гурўҳи ҳарифро бо дастонаш мепўшонад ва аз гурўҳи худ номи рангеро гирифта, якеро даъват мекунад. Чунончи, «Сафед» биё! «Сафед» омада, ба пешонии бозигари чашмбаста даст мерасонад ва баргашта ба ҷояш менишинад. Бозигарони ҳамгурўҳи ў баробар садо мебароранд:
Тапар-тупур қазоқӣ,
Ту омадӣ, наёфтӣ.
Сардор дастонашро аз чашми бозигар мегирад ва ў аз ҷояш хеста, рафта шахси ба пешониаш дастзадаро ҷустуҷў мекунад. Агар «Сафед»-ро ёбад, ҳамроҳаш гирифта ба дастаи худ меорад. Агар ўро пайдо накард, худаш дар ҳамон гурўҳ таслим шуда, дар қатори онҳо менишинад. Сардор ба ў боз як номи рангро медиҳад. Ғолиб ҳамон дастае шуморида иншавад, ки бештари рангҳоро шинохта, аз дастаи рақиб бозигаронро бисёртар гирифта бошад.
РАНГОБАРАНГ
Бозии анъанавии бачагони тоҷик аст, ки дар фаслҳои гармо баргузор мешавад. Дар он аз 4то 10 нафар духтари 8-15-сола иштирок мекунанд. Духтарон дар майдонча, кўчаи васеъ ё боғчае ҷамъ шуда, якеро барои тоб додани арғамчин интихоб менамоянд. Он бозигар арғамчини тақрибан 3-4-метриро аз як нўгаш дошта, дар мобайни майдон меистад ва арғамчинро гирди сараш тоб додан медиҳад. Духтарони дигар дар гирди ў ҷой гирифта, аз болои арғамчин бо навбат меҷаҳиданд ва мегўянд:
Рангобаранго,
Куртаи ҳафтранго,
Сурх, сафед, ҷигарӣ, кабуд…
Ҳамин тариқ, онҳо якчанд рангро номбар мекунанд ва дар охир кадом ранге, ки садо дод, духтарон бояд ҳамон рангро аз курта, рўймол ё поҷомаи худ ёфта, бо даст доранд. Кадом бозигаре, ки ранги эълоншударо аз либосҳои худ наёфт, мағлуб ҳисоб ёфта, дар навбати дигари бозӣ арғамчинро гирди сараш тоб медиҳад. Агар ҳама он ранги матлубро пайдо кунанд, ҳамон шахси аввалӣ такроран арғамчинро тоб медиҳад. Дар ҳолате ки ду ё се нафар ранги даркориро пайдо накунанд, байнашон барои гирифтани навбати арғамчинтобӣ қуръапартоӣ сурат мегирад.
РУСТШАВАКОН
Рустшавакон, туктукбозӣ, баҷошавак, як навъ бозии анъанавии бачагон аст, ки дар байни писарону духтарони аксари минтақаҳои Тоҷикистон ва берун аз он паҳн шудааст. Рустшавакон дар фаслҳои гарми сол доир мешавад. Барои интихоби як нафар, ки чашмашро мебандад, ширкатдорони бозиро то шумораи муайян, масалан, то рақами 20 ё 30 ҳисоб мекунанд. Дар Тоҷикистон бо шаклҳои мухталиф барпо мегардад. Рустшавакон дар ҷанубу шимоли Тоҷикистон бештар чунин шакл мегирад. Аз байни бачагон ду нафар ҷудо щуда, дуртар рафта ба ҳамдигар ном мегузоранд (масалан, ту «замин», ман «офтоб» ва ғайра). Баъд ба назди марра (каппа, хонача, давра) меоянд. Бачагони назди марра номҳоро мегўянд. Ҳамин ки «замин» номбар щуд, «замин» дар марра мемонаду «офтоб» бо каси дигар рафта, ҳар ду ба худ ном гузошта меоянд. Шахси охирине, ки номро намёбад, дар марра чун навбатдор (каппадор) мемонаду дигарон руст мешаванд. Шарти бозиро низ қабул мекунанд, яъне руст шудан дар масофаи 40-50 м ё 50-60 м . Агар каси рустшаванда аз нгавбатдор пештар омада, ба марра се бор даст занад, вай аз навбатдорӣ халос аст. Агар навбатдор пештар давида омада, ба марра се бор даст зада, «Абдуллоро дидам дар паси дарахт аст» гўяд, Абдулло навбатдорӣ мекунад. Гоҳе бачагон гирд омада рақамҳоро мешуморанд ва аз рўйи рақами охирин навбатдор муқаррар мешавад.
СУРСУРАКОН
Пешкунакон, яке аз бозиҳои анъанавии маъмулу машҳури бачагони тоҷик аст. Сурсуракон бештар дар фаслҳои гарми сол дар майдончаву боғча, баъзан дар кўча барпо мегардад. Онро якчанд нафар писарону духтарони аз 6 то 15-сола ташкил мекунанд. Иштироккунандагон гирди ҳам ҷамъ омада, як нафарро тавассути шуморак барои сур кардани дигарон интихоб мекунанд. Яке аз бачаҳои калонсолтар шумораки зеринро мехонад:
Хирсак бозор рафт,
Ароба шикаст.
Чанд мех даркор аст?
Ҳафт мех даркор аст.
Як, ду, се, чор,
Панҷ, шаш, ҳафт, рафт!
Бозигаре, ки баъди шумори ҳафт омад, «рафт» гуфт, ўро аз ҳисоб берун мекунанд ва боз шуморакро аз нав мехонанд. Ҳамин тавр ҳар каси баъди шумораи «ҳафт» фармони «рафт» гирифта, аз давра ба як тараф мунтазир шуда меитад. Ҳар бозигаре, ки дар охир танҳо монд, вазифадор аст, дигаронро сур кунад. Агар дар вақти сур кардан якеро ба даст гирад, навбати суркунӣ ба он бозигар мегузарад.
Бозии сурсуракон вобаста ба маҳалу минтақаҳо навъҳо ва унсурҳои гуногун дорад.
ЧАШМБАНДАК
Чашмпўшакон, яке аз бозиҳои анъанавии маъмулу машҳури бачагонаи тоҷик аст. Чашмбандак бештар дар фаслҳои гарми сол дар ҳавливу боғча, баъзан дар хонаҳо барпо мегардад. Дар бозӣ 6-10 нафар писарону духтарони аз 7 то 15-сола ширкат мекунанд. Иштироккунандагон гирди ҳам истода, нахуст бо ҳисоби шуморак якеро барои чашмбандӣ интихоб менамоянд. Масалан, то шумораи 21 ё 30 ҳисоб мекунанд. Чашмони шахси интихобшударо бо рўмол ё порае матоъ мебанданд, ки ў бачаҳоро дида натавонад. Сипас бозӣ оғоз мегардад, бачаи чашмбаста ба дастгир кардани дигарон сар мекунад. Бозигарон дар атрофи ў чарх зада, ҳар навъ шухиҳо мекунанд, овоз бароварда, аз наздик омадани худ ба ў хабар медиҳанд. Баъзеҳо ба пушт ё китфи бачаи чашмбаста даст расонида, боз худро қафо мекашанд ва ғайра. Ҳамин ки ў яке аз бозигаронро дастгир кард, чашмонашро мекушоянд ва ин давр ба поён мерасад. Дар навбати дигар чашмони шахси дастгиршударо бо рўймол мебанданд ва ў дастгиркуниро давом медиҳад. Ҳамин тавр бозӣ то хаста шудани ширкаткунандагон идома меёбад.
Таҳияи Зӯҳро Матимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
кўдакон ва наврасон.
МАТОЛИБИ ҲАМСОН: