Раҷаб Мардон-адиб ва рӯзноманигори маъруф дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт
Раҷаб Мардон, яке аз собиқадорони журналистикаи тоҷик, адиб ва тарҷумон рӯзи 22 апрели соли 2023 дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт. Вай аз маъруфтарин рӯзноманигорони кишвар буд, аз ҷумлаи журналистони соҳибсабк ба шумор мерафт.
Раҷаб Мардон соли 1940 дар деҳаи Ҳалқаёри ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби 7-солаи зодгоҳаш таҳсилро дар мактаби умумии миёнаи рақами 4 ба номи Ленини шаҳри Кӯлоб давом дод.
Пас аз итмоми таҳсил соли 1957 то соли 1962 донишҷӯи факултаи Университети давлатии Тоҷикистон, феълан Донишгоҳи миллӣ буд. Баъди хатми Донишгоҳ дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ба сифати ходими адабӣ, сипас мудири шӯъбаи адабиёт кор кард. Сипас дар рӯзномаи «Маориф ва маданият», имрӯз рӯзномаҳои «Омӯзгор» – у «Адабиёт ва санъат» фаъолият намуд.
Баъди анҷоми хидмати аскарӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ як муддат дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) ва телевизиони Тоҷикистон дар вазифаҳои мудири шӯъба ва муҳаррири калону ҷонишини сармуҳарир кор кард. Баъдан ӯро ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба кор даъват карданд. Ибтидо ходими калони адабӣ ва баъдан мудири шӯъбаи саноат ва сохтмону нақлиёти ин рӯзнома буд.
Соли 1987 дар ҷумҳурӣ нашриёти «Адиб» таъсис ёфт. Бо даъвати нашриёти мазкур Раҷаб Мардон дар вазифаи мудири шӯъбаи адабиёти илмиву фантастикӣ барои ҷавонон фаъолият дошт. Соли 1999 ӯро ҷонишини аввали Сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» таин намуданд. Соли 2001 Раҷаб Мардон барои хидматҳо дар назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақаи шахсӣ баромад.
Дар давоми 12 соли нафақа Раҷаб Мардон рӯзномаи «Саноати Тоҷикистон»-и Вазорати саноатро ташкил ва рӯзномаи «Ватанпарвар»-и Кумитаи Мададгори Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳё намуда, барои эътимоди қавӣ пайдо кардани рӯзномаи «Боҷу хироҷ» – и Кумитаи давлатии андози мамлакат саҳм гузошт.
Ба фаъолияти эҷодӣ аз давраи донишҷўияш пардохта ва дар рўзномаву маҷаллаҳо очерку ҳикояҳои ў ба табъ мерасиданд. Соли 1981 китоби очеркҳои ў ”Мошинсозон” (“Ирфон”), “Бунёдгузорон” (“Ирфон”, 1987), “Дарёи нур” (”Маориф”, 1987) чоп шудаанд. Ва ин асарҳо аз ҳаёт, талоши коргарони корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, бунёдгарони корхонаҳои барқи шаҳрҳои Нораку Роғун, нақбсозони Данғара ҳикоят мекунад.
Баъдан асарҳои ў “Марде собит ҳамчу кўҳ” (“Ирфон”, 1984), “Оташи дил” (“Адиб”, 1993), “Дар халқаи занон” (“Пайк”, 1997) нашр шудаанд.
Дар соли 1989 ба узвияти ИН Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Соҳиби унвони Журналисти Хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени Шараф дараҷаи ду буда, бо як қатор нишонҳову ифтихорномаҳо қадр карда шудааст.
Аз навиштаҳои Раҷаб Мардон дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед бихонед:
Мардон, Р. Марде собит ҳамчу кўҳ: Очеркҳо // Ирфон. – 1984. – 223 с.
Мардонов, Р. Марди роҳ: Очерк // Дар оташи ҷанг. – Душанбе. – 1988. – С. 125-148.
Мардон, Р. Зинаи сеюми инкишоф: Очерк дар бораи ГЭС-и Роғун // Бо мавҷи зиндагӣ. – Душанбе. – 1989 . – С. 130-153.
Мардон, Р. Ҳикмати умр: Қисса, ҳикоя, очерк // Душанбе. – 2012. – 488 с.
Мардон, Р. Таппиши дили модар: Ҳикоя // Комсомоли Тоҷикистон. – 1960. – 3 июл.
Мардон, Р : Очерк // Пионери Тоҷикистон. – 1964. – 13 сентябр.
Мардон, Р. Ҳусни замин: Очерк дар бораи раиси колхози ба номи Ломоносови ноҳияи Фархор Наҷмиддинов З. // Маориф ва маданият. – 1965. – 14 январ.
Мардон, Р. Саргузашти оддӣ: Ҳикояи воқеӣ // Маориф ва маданият. – 1966. – 28 июн.
Мардон, Р. Зикри хайр: Ҳикоя // Маориф ва маданият. – 1968. – 21 сентябр.
Мардон, Р. Вақташ меояд: Очерк дар бораи директори совхози “50-солагии СССР” ноҳияи Ғарм Бақоев З. // Тоҷикистони советӣ. – 1977. – 9 январ.
Мардон, Р. Оташи дил: Қисса // Садои Шарқ. – 1991. – С.8-61.
Мардон, Р. Куштори бехун: Повест // Машъал. – 1993. – № 4. – С. 6-8; №6. – С. 6-8.
Мардон, Р. Бобои бузург: Ҳикоя // Пионери Тоҷикистон. – 1997. – 12 июн.
Мардон, Р. Хандаи кор: Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 2001. – №1-2. – 12 январ.
Мардон, Р. Биҳишти гумшуда: Очерк // Пайёми андоз. – 2001. – 26 июл.
Библиографияи миллӣ