Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 24 – уми апрел

Як-рузи-таърих-24-04-2023Соли 1731 дар шаҳри Лондон муаллифи романи “Робинзон Крузо Даниэл Дефо аз олам рафт. Ӯро аз поягузорони жанри роман дар ватанаш медонанд ва ҳатто ба ӯ лақаби “падари романи англисӣ” додаанд. Вай ҳамчунин тоҷир, маъмури иттилоотӣ ва рӯзноманигор низ буд.

Сол ва рӯзи таваллуди Дефо маълум нест ва мегӯянд ҳудуди соли 1660 дар Лондан ба дунё омад. Хонаводаи онҳо аз ҷумлаи мухолифони калисои  расмии англис буданд. Дар синни 14-солагӣ дар академияи мансуб мухолифон забонҳои фаронсавӣ, испаниёӣ ва ҳамчунин таърихро омӯхт ва дар омӯзиши ҷуғрофия муваффақ шуд. Баъдан ба касби тиҷорати хориҷӣ рӯ овард ва ҳамин боис шуд, ки ба хотири ривоҷи тиҷорати худ бисёр сафар мекард.

Дефо борҳо барои навиштаҳояш зидди ашроф ва калисо зиндонӣ ҳам шуда буд. Боре ӯро ба иттиҳоми “таҳрики афкори умумӣ” занҷирбанд ҳам карданд.

Дефо ҳамеша хоҳони ислоҳоти тиҷоратӣ ва мазҳабӣ буд ва ҳатто рисолаҳои танзомезе ҳам дар ин бора навиштааст.

Денаэл-ДефоДар поёни зиндагии худ ба навиштани достонҳои хаёлӣ рӯ овард. Аз он ки ҷуғрофиро хуб медонист, аз табиатшиносӣ огоҳии комил дошт, романҳояш ҷолибу хонданӣ ва воқеъӣ ба назар мерасиданд. Алоқаи бисёри ӯ ба моҷароҷӯӣ ва мусофиратҳои дурдаст, сайру саёҳатҳо ба хотири ривоҷу равнақи тиҷорати хусусиаш дар китоби “Таърихчаи ҳақиқӣ”, “Дуздони дарёӣ”-и ӯ бо омехтани тахайюлот бо воқеъияти таърихӣ инъикос ёфтааст.

Соли 1719 вай романи “Робинзон Крузо”-ро навишт. Охирин романаш бо номи “Роксоно” – ро соли 1724 навишт.  Дигар то охирин рӯзҳои ҳаёташ, 24 апрели соли 1731 китоби наве аз ӯ мунташир нашуд.

Ғайр аз ду асари номбурда, Дефо боз муаллифӣ асарҳое чун “Ёддоштҳои соли тоун”, “Марди англиси асил”, “Таърихи сиёсии шайтон”, “Тоҷири комили англисӣ” низ  мебошад,

Соли 1800  Президенти ИМА Ҷон Адамс ба қонуне имзо гузашт, ки пойтахтро аз Филаделфия ба Вашингтон мекӯчонданд. Ин фармон як бахше дошт, ки тибқи он барои харидории китобҳо ба хотири ташкили китобхона 5000 доллар ҷудо шуда буд. Китобҳои ба ҳамин маблағ харидоришуда оянда асоси Китобхонаи Конгресро ташкил дод ва ҳамин рӯз чун рӯзи таъсиси ин китобхона қабул шуд.

Соли 1815 дар шаҳри Лондон нависандаи англис Энтони Троллоп ба дунё омад. Вай аз ҷумлаи машҳуртарин романнависони даврони Виктория буд. Романҳои “Оё метавон бахшид?”, “Финеас Фин”, “Бозгашти Финеас”, “Сарвазир”, “Бачаҳои герсог” ҳамагӣ аз силсилаи ромнаҳо дар бораи Плантагенет Паллисйер мебошанд.

Соли 1822 дар Липтовск-Микулаш шоири словакӣ Янко Крал таваллуд шуд. Вай аз шинохтатрин намояндагони романтизм дар Аврупо буд. Рӯзномаву ёддоштҳои шоир ҳифз нашудааст ва хотироти муосиронаш низ каманду боварибахш ҳам нестанд.

Соли 1845 дар Листал шоири швейсарӣ Карл Шпиттелер ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1919 буд. Гузидаи осораш дар маҷмӯаҳои “Парвонаҳо”, “Ҳақоиқи хандон”, “Баҳори Олимпиада”, “Нағмаҳои ноқус”, “Дар нахустин таҷрибаҳоям” ва ғайра чоп шудаанд.

Василий-Андреевич-ЖуковскийСоли 1852 дар Баден-Баден дар синни 69-солагӣ шоир, мутарҷим ва мунаққиди рус Василий Жуковский аз олам рафт. Вай 9-уми феврали соли 1783 дар деҳаи Мишенское, ноҳияи Белевскии вилояти Тула  таваллуд шуда буд.

Ба шарофати тарҷумаи афсонаҳои “Маликаи хуфта” ва “Афсонаи подшоҳ Берендей”  ҳамчун эҷодкор машҳур гаштааст. Роҳи эҷодии Василий Жуковский душвор ва пурпечутоб буд. Нависанда бо шеъру наср рўзи худро гузаронида натавонист, аз ин рӯ ба тарҷума машғул шуд. Ба истеъдоди Жуковский дар ин ҷода Платон Бекетов – соҳиби матбааи калонтарин баҳои баланд додааст.

Василий Жуковский гоҳ-гоҳ ба бачагон барои илмомўзӣ, аз ҷумла адабиёт кўмак мекард. Муоширати пайваста бо писарону духтарони синну соли гуногун ўро ба афсонанависӣ водор кард. Барои эҷоди ҳафт афсона, ки то имрӯз  миёни кўдакон ва калонсолон машҳуранд, ба Жуковский тақрибан 30 сол лозим шуд. Ба қалами Василий Андреевич афсонаҳои «Карбункули сурх», «Қиссаи подшох Берендей», «Маликаи хуфта», «Ҷанги мушу қурбоқаҳо», «Дарахти лола», «Гурбаи мўзапўш», «Қиссаи Иван Саревич ва гурги хокистарранг» тааллуқ доранд.

Василий Андреевич тасвири олами хаёлӣ, пурасрор ва қисман даҳшатнокро дўст медошт, ки ҳамаи ин дар афсонаҳояш инъикос ёфтааст.

Баъзан таваҷҷўҳи нависанда ба самти шеъри миллӣ дода мешуд. Эҷодкор кӯшиш мекард, ки дар китобҳои афсонавӣ асрорангезии Аврупо ва фолклори маҳаллиро муттаҳид кунад. Як сол пеш аз маргаш Жуковский ду шеъри пурафсун «Гурбача ва бузича» ва «Паррандаи хурдакак»-ро навишт. Муаллиф ин асарҳоро

Роберт-Пенн-УорренСоли 1905 дар Гутри, иёлати Кентуккии ИМА шоир, нависанда, романнавис, нависандаи достонҳои кутоҳ, мунаққиди адабӣ  Роберт Пенн Уоррен ба дунё омад.  Романи “Тамоми мардони шоҳ”-и вай, ки ба баррасии усули ахлоқӣ ва сиёсӣ мепардозад, барандаи ҷоизаи Пулитсеров шуд.

Романҳои “Дар дарвозаи биҳишт”, “Макон ва замони кофӣ”, “Дастаи фариштагон”, “Савори шаб” низ маҳсули қалами ӯ мебошанд.

Роберт Пенн 15-уми сентябри соли 1989 дар синни 84-солагӣ дар шаҳри Уиндеми иёлати Вермонт аз олам рафт.

Соли 1946 дар шаҳри Москав нависанда, тарҷумон, романнавис ва муаллифи асарҳои детективӣ барои бачаҳо Екатерина Вилмонт  таваллуд шуд. Падараш Николай Вилмонт тарҷумони забардасти замони худ буд. Ӯ низ аз аввал ба кори тарҷумонӣ машғул шуд, вале охири солҳои 90-и асри гузашта талабот ба тарҷумаҳо аз забони олмонӣ, ки забони омӯхтаи ӯ буд, кам шуд. Вазъи зиндагӣ тақозо кард, ки бо маслиҳати яке аз дӯстонаш ба мустақилона навиштан оғоз намояд. Соли 1995 аввалин китоби ӯ бо номи “Сафари оптимист ва ё ҳамаи занон дувонаанд” чоп шуд.

Ekaterina_VilmontВай муаллифи 40 асари детективӣ барои бачаҳост. 37 романи ишқӣ навиштааст. Батадриҷ ба қатори нависандагоне дохил шуд, ки аз ҳама зиёд китоб нашр мекунанд ва беш аз дигарон китобҳояшро мехаранд. То кунун миллионҳо нусха китоби ӯ дар Русия ва берун аз он чоп шудааст.

16-уми майи соли 2021 дар синни 75-солагӣ дар шаҳри Москав аз олам гузашт.

Соли  1955 дар деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ нависандаи шинохтаи асарҳои детективӣ Шарифбек Азизӣ ба дунё омад. Вай соли 1981 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм карда, барои кор ба ВКД ҶТ фиристода шудааст.

Аз январи соли 1982 то июни 2010 дар мақомоти милитсияи кишвар ифои вазифа на-мудааст.

Майори мустаъфии милитсия мебошад.

Ба саҳнаи адабиёт аз охири солҳои навадуми асри мозӣ ворид омадааст ва дар муддати кӯтоҳе худро чун қаламкаши касбӣ муаррифӣ намудааст.

Аввалин қиссаи ӯ «Ҷосус» дар давоми моҳҳои ноябри соли 2001 – июни 2002 дар сию чор шумораи ҳафтаномаи «Озодӣ ва ин-кишоф» дастраси хонандагон гардидааст.

Маҷмӯаи аввалини навиштаҳояш «Дурахши алмос», ки қиссаҳои моҷаройии «Ҷосус» ва «Дурахши алмос»-ро дар бар мегирад, соли 2004 интишор ёфтааст.

Соли 2005 маҷмӯаи дувуми осораш «Порикоб» қиссаҳои моҷаройии «Оҳ, Тамара!», «Пораи қанд» ва «Порикоб»-ро дастраси ҳаводорони муаллиф гардонидааст.

ШАРИФБЕК AЗИЗӢ: НАВИСАНДАГӢ МАСЪУЛЯТ АСТ НА ИФТИХОР

Маҷмӯаи савуми нависанда «Парвоз» соли 2007 аз чоп баромадааст.

Соли 2012 порае аз қиссаи детективии ӯ «Кунҷи нигоҳ» дар маҷмӯаи дастҷамъии «Наврӯзи мо», соли 2013 порае аз романи «То реша дар об аст..» дар моҳномаи «Садои Шарқ» (№9) ба табъ расидаанд.

Соли 2013 романи «Сангчарх»-ашро (дар ҳамқаламӣ бо бародараш Ҳокими Азиз) пешкаши хонандагон намудааст.

Дар навиштаҳояш асосмандона собит наму-дааст, ки нафси баду мансабхоҳию вазифаталошӣ, булҳавасию фориғболӣ оқибати шуме дошта, одамонро то курсии ҷиноят мебаранд.

Ахиран Шарифбек Азизӣ ба чопи асарҳои мунтахаби худ дар ҳаҷми 10 ҷилд оғоз намуд, ки охири соли гузашта ҷилди шашуми он ба дасти хонанда расид.

Соли 2007 ба узвияти Иттифоқи нависанда-гони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Соли 1980 дар шаҳри Порис дар синни 75-солагӣ нависандаи аҳли Куба, рӯзноманигор ва мусиқидон Алехо Карпентйер тарки олам кард. Вай таъсири барчаста ба адабиёти Амрикои Лотин дар айёми шукуфоияш гузошта буд. Мунаққидон ӯро яке аз муҳимтарин нависандагони испаниёизабони қарни бистум ва яке аз меъморони навсозии адабиёти Амрикои Лотин меноманд. Карпентйер як давраи тӯлонии умрашро низ ба кори рӯзноманигорӣ ва мусиқишиносӣ сарф кард ва таҳқиқоти ҷолибе дар илми мусиқӣ низ дорад.

Карпентйер низ аз ҷумлаи нависандагоне буд, ки бо сабки “воқеъияти ҷодуӣ” менавишт.

“Ситоиш аз они Худост”, “Қаламрави ин олам”, “Таъқиб”, “Қарни рӯшанфикрӣ”, “Истифода дар равиш”, “Оини баҳор”, “Чанг ва соя” номи зумрае аз романҳои ӯ мебошанд.

Таълифоти илмиаш бо номҳои “Мусиқӣ дар Куба”, “Тристан ва Изолда дар хоки сахт”, “Таваҷҷуҳ ва тафовут”, “Навиштор ва нота”, “Иллати вуҷуд” ва ғайр нашр шудаанд.

Соли 2005 дар шаҳри Москав дар синни 74-солагӣ нависанда, намоишноманависи рус Аркадий Вайнел вафот кард. Вай бародар ва ҳаммуаллифи нависанда ва филмно манавис Гергий Вайнер буд.

Таҳияи Б.Шафеъ