Китоби нав. Ибодулло Азимов: “Меҳри Ватан”
Ин китоби омӯзгори Муассисаи таҳсилоти умумии № 87-и ноҳияи Ваҳдат Ибодулло Азимов аст, ки моҳи апрели соли 2023 бо теъдоди 100 нусха аз чоп баромад ва муаллиф 10 дона аз онро ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд.
Китоб меҳри беандозаи ин муаллимро нисбат ба Ватан, миллат, зиндагӣ ва ҳусну таровати диёр нишон медиҳад. Нигоштаҳои ин маҷмуа саросар тасвиргару тарғибгари меҳранд. Муаллифи китоби “Меҳри Ватан” тавассути нигоштаҳояш, ки дар шеъру қитъаҳо ва насраш доир ба Ватан, Наврўз, Модар, дўстӣ, духтари тоҷик ва дигар мавзуҳои ҷолибу хонданӣ дар китобаш ҷой додааст, дидгоҳи хос дорад.
“Меҳри Ватан” аввалин китоби муаллиф нест, то ин дам маҷмуаҳои дигари ашъораш ба мисли “Боғчаи зебои ман” ва “Модар” интишор ёфтаанд.
Гуфтан ба марвид аст, ки Ибодулло Азимов 13-уми марти соли 1957 дар деҳаи Сўфиёни ноҳияи Ваҳдат ба дунё омада, таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Мавсуф соли 1978 Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бо ихтисоси омўзгори математикаву физика ба поён расондааст.
Ин китобро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Фароғат ТОЛИБОВА,
муовини сардори
шуъбаи феҳристнигорӣ.