“Фуруғи субҳи доноӣ” дурахшид
Ростӣ, борҳо дар бораи фестивал–озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ”андешидаам. Аз як су, ин ҳаракати зебои фарҳангӣ, ки ба ибтикор ва ҳидояти Пешвои маорифпарвар ва оянданигари миллат созмондиҳӣ ва роҳандозӣ шудааст, бароям мояи ифтихор ва хушнудии азим гардида буд, ва аз сӯи дигар, ин дилнигаронӣ ҳам домангирам шуда буд, ки оё метавониста бошем ба ин ормони олӣ ва ниҳоят ватанпарастона, яъне тарбияи як насли воқеан ояндасоз даст ёбем.
Хушбахтона, ин нигаронӣ ба зудӣ чун ҳубоби рӯи об аз байн рафт. Як барномаи телевизионӣ гурӯҳе аз ҷаҳонгардони эрониро ҳини тамошои осорхонаи миллии Тоҷикистон нишон медод, ки зимнан чанде аз онҳо дида ва бардошҳояшонро аз ин сафар бо хабарнигорон дар миён гузоштанд ва аз пешрафту шукуфоии шаҳри Душанбе ва дар кул, Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карданд.
Дар яке аз маконҳо як духтараки тақрибан 12-солаи тоҷик пешорӯи ҳамин меҳмонон шеъре аз Шайх Саъдиро, ки мазмуни пандомез дошт, бо чунон назокату лутфи баён аз бар хонд, ки зану марди эронӣ ҳамагӣ барояш кафкубӣ карданд ва яксадо офарин хонданд. Банда аз дидани ин манзараи дилангез ба ҳаяҷон афтодам ва эҳсоси ифтихор кардам, зеро саҳна, саҳнаи фавқулода дилангез ва лаҳза, лаҳзаи нодир буд. Вокеан ин духтараки наврас тавонист мавҷе аз шӯру ҳаячон дар дилу ҷони бинанда барпо кунад. ЭРОНУ ТУРОН-ро якҷоя қоил кунад! Сад раҳмати Хақ бар хонадону дудмони ӯ! Сад нусрату иззат насиби устоду раҳнамои ӯ! Месазад саҳнаи шеърхонии ин духтари некахтарро ҳамаи телевизионҳои кишвар борҳо нишон диҳанд, то дигарон ҳам аз ӯ ранг гиранду обру ёбанд!
Саранҷом, бе ҳеч дудилагӣ метавон гуфт, ки нахли “Фуруғи субҳи доноӣ”, ки бо ҳазорон умеду орзу нишонда будем, меваи ширин ба бор овардааст. Банда бар ин боварам, ки дар партави кӯшишҳои мардуми фарҳангсиришт ва бо ҳиммати пайвастаи ФАРҲАНГСОЛОРИ гиромимон ин нахли ширинбор табдил ба боғистони серҳосил хоҳад шуд ва коми ошиқони илму фарҳангро ширин хоҳад кад. Ва боз, ҷо дорад аз ин лиҳоз ҳам бифахрему биболем, ки Китобхонаи миллӣ низ дар радифи чанде аз ниҳодҳову созмонҳои кишвар дар ин ҷунбиши миллии донишгустару фарҳангофар саҳми қобили мулоҳиза дорад.
С. Қурбонов,
шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.