Повест дар бораи Буратино чӣ гуна навишта шуд?
“Калидчаи тилло ё худ саргузашти Буратино” як повест-афсонаи адиби машҳури рус Алексей Толстой аст, ки бар пояи афсонаи нависанда ва рӯзноманигори итолёвӣ Карло Коллоди “Моҷароҳои Пиноккио. Таърихи зочаи чӯбӣ” навишта шудааст. Карло Коллодӣ нависандаи қарни нуздааҳуми Италия аст ва ин асараш аз машҳуртарин офаридаҳои ӯст. Толстой бошад асари худро ба чорумин ва охирин ҳамсараш Людмила Крестинская бахшидааст.
Ғояи навиштани ин повест замоне пайдо шуд, ки соли 1923 ҳангоми дар муҳоҷират қарор доштанаш Алексей Толстой тарҷумаи русии афсонаи ёдшудаи Карло Коллодиро, ки Нина Педровская – нависанда, шоир, тарҷумони рус баргардон карда буд, таҳрир мекард. Соле баъд, замоне, ки Толстой алакай ба ватан баргашта буд, ин китоб дар Берлин чоп шуд.
Моҳи октябри соли 1933 Алексей Толстой бо нашриёти “Детгиз” дар бораи навиштани як асар дар бораи “Пиноккио” муоҳада имзо кард. Вале моҳи декабри соли 1934 нависанда ба сактаи қалбӣ гирифтор шуд ва лозим омад муддате дар навиштани асар таъхир кунад.
Саранҷом Алексей Толстой соли 1935 повестро ба охир расонд ва тибқи муоҳада ба Детгиз барои чоп супурд ва ҳамзамон пораҳое аз онро дар рӯзномаи “Пионерская правда” чоп кард.
То соли 1986 ин афсона танҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ 182 мартиба чоп шуд, бо 47 забони мардуми олам тарҷума ва 14 миллиону 487 ҳазор нусха интишор ёфт.
Повести “Калидчаи тилло ё худ саргузашти Буратино” ба забони тоҷикӣ дар тарҷумаи Ҳабиб Аҳрорӣ соли 1948 чоп шудааст.
Китобе, ки ҳоло мехонед, аз рӯи чопи соли 1948 соли 1977 нашр шудааст. Муҳаррир Баҳром Фирӯз. Китобро С. Бабушкин оро додааст.
Шакли комили элепктронии китоб ин ҷост: “Калидчаи тилло ё худ саргузашти Буратино”
Б.Шафеъ