Рафтани бебозгашти китобдор – фотеҳи ҷанг
Аз сарнавишти вопасини қаҳрамони ин қисса касе чизе намедонад. Ва муаллиф дар ин даҳ соли охир бори дуюм аст, ки аз ӯ ҳикоят мекунад. Дар ҳикояти аввал яқинан ӯ зинда буд. Вале ҳоло қисмати номаълуме дорад ва ҳадаф аз ин навишта пайдо кардани иттилои дақиқ дар бораи ӯст.
Шояд бештар аз бист баҳор аст, ки ӯ низ қатори даҳҳо нафар аз кормандони ин китобхонаи шаҳрӣ тарки Ватан кардааст. Людмила Михайловна Рижева, ки солҳо сардори шӯъбаи кадрҳо буд ва аз сарнавишти ҳамаи кормандон хабар дорад, қиссаҳои басо ҷолибе аз рӯзгори ҳар кадоми онҳо ҳикоят мекунад. Аз ҷумла, дар бораи Аҳмад Ҳаётов низ. Ва на танҳо Людмила Михайловна, балки ҳамаи онҳое, ки ӯро мешинохтанд, номашро бо меҳр ба забон мегиранд. Мегӯянд ӯ барои ин китобхона заҳмати зиёд кашид ва то охирин рӯзҳое, ки дар Душанбе буд, аз коргоҳи азизаш дил намеканд. Ба заъфи ҷисмонӣ нигоҳ накарда, меомаду мерафт. Сӯҳбат бо кормандон захмҳои ранҷури дилашро шифо мебахшид ва гӯё дардҳову ранҷҳоро аз вуҷудаш берун меандохт.
Марди миёнақад ва лоғарандоме буд Аҳмад Ҳаётович. Чеҳраи басо самимӣ дошт. Собиқадори ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки хидматҳои шоёнаш бо чандин ордену медалҳо қадр шуда. Тӯли 22 сол сарварии ин китобхонаро ба ӯҳда дошт. Хишти нахустини бинои он низ маҳз бо ширкати ӯ гузошта шуд.
Қариб ҳамеша бармаҳал аз дигарон ба кор меомад ва дертар аз коргоҳ берун мешуд. Аз зумраи касоне буд, ки аз интизоми сталинӣ доштанаш бо ҳисси ифтихор сухан мегуфт ва худро мансуб ба кадрҳое медонист, ки мушкилтарин рӯзгорро бо таҳаммули хос пушти сар гузошта, бо сабр ва бурдборӣ ба рӯзҳои хӯш расидаанд. Дар ин китобхона ҳама ӯро яксон дӯст медоштанд, зеро ба мушкилоти коргаронаш хастагинопазирона расидагӣ мекард.
АЛВИДОЪ ЭЙ ДӮСТ, АЛВИДОЪ ШАБҲОИ БЕХОБӢ!
Аммо зиндагонӣ бори имтиҳони сангинеро бар дӯши ӯ гузошта буд. Солҳои ҷанг яке аз беҳтарин дӯстонашро, ки ҷавонмарди шуҷоъ ва инсони некниҳоде буд, аз даст дод. Ин ду тан, ки шояд бо як даъват аз Душанбе озими хати ҷабҳа шуда буданд, рӯзҳову моҳҳои сармои русро паси сангарҳои пурбарфу борон пушти сар гузоштаанд. Дар мудҳиштарин ва хунрезтарин лаҳзаҳо дасти ҳам гирифтаанд, дар гуруснагӣ пораи нони ҷавини сиёҳ ва дар ташнагӣ қатраи обро бо ҳам дидаанд.
Захми тири аду барои дӯсти ҳамсангараш ҷонкоҳу кушанда омад, вале вай тавонист ба Аҳмади ҳамватан ва азизтарин дӯсти сангари мардиву мардонагӣ охирин ҳарфашро бигӯяд ва Аҳмад ҳам онро чун вопасин васият пазируфт. Даме, ки ҷон аз қолабаш берун мешуд ва ҳисс мекард, ки акнун дидори пайвандонаш муяссараш намегардад, гуфт агар Аҳмад саломат ба Душанбе баргардад, аз хонаводаи ӯ хабар гирад, дар мушкилоташон пуштибонашон бошад. Чун дар ин дунё ӯ ҳамин зану ҳамин фарзандро дорад.
Ӯро қисмати зинда бозгаштан насиб гардид. Дар Душанбе аёли дӯсти ҳамсангарашро пайдо намуд. Вай зани ситорагарми русе буд, ки як фарзанди 4 ё 5-сола дошт. Ба қасами ба ҳамсангари шаҳидаш дода содиқ монд ва чун худ оиладор набуд, муддате пас ба хотири хор нашудани фарзанди ҳамяроқаш бо ҳамсари ӯ ҳамхона шуд ва он тифлаки зеборо, ки ёде аз симои гарми дӯсти марҳум мекард, чун ҷигарбанди худ ба камол расонид.
Аммо тақдир дар баробари ин самимияташ бо ӯ чандон меҳрубон набудааст. Онҳо ҳарчанд орзу доштанд фарзанди дигаре аз зиндагонии муштарак дошта бошанд, вале ин то ба охир насибашон нагардид.
ЯК УМРУ ДУ ҶАНГ
Аҳмад Ҳаётов дар умри худ ду ҷангро пушти сар гузошт. Дар ҷанги аввал сангарнишин ва сипари ҳар ваҷаб хоки меҳанаш буд. Аммо ҷанги дуввумро, ки таҳдиде ба истиқлолияти Тоҷикистони азизаш дошт, аз заъфи пириву ранҷурӣ танҳо метавонист назора кунад. Вале қатори садҳову ҳазорҳо ҳамвататнон ӯ низ ҳадафи ин бебандуборӣ қарор гирифт. Баъди андешаҳои зиёд оқибат ба вилояти Астархани Федератсияи Русия – ба зодгоҳи бобоии занаш кӯч бастанд. Албатта, душвор аст ҷудоӣ аз Ватан, ёру дӯстон ва ҳамкорону ҳамкасбоне, ки беш аз 30 соли ҳаёташро дар ҳалқаи онҳо сипарӣ карда буд. Вале аз тақдир куҷо метавон гурехт? Гумон дошт дур аз садои тиру туфанг зиндагонии орому осудаеро хоҳад ёфт, вале ин бор ҳам қисмат ӯро зери имтиҳони шадиди дигаре қарор дод.
Ба хонадонаш мусибат болои мусибат омад. Соле баъди кӯчбандӣ фарзанди ягонаи хонадон, ки қасд дошт амволи хонаро интиқол дода, ба волидайни пираш бипайвандад, дар Душанбе дур аз пайвандонаш гирифтори бемории қалб гардид ва муддате нагузашт, ки ин маризӣ ӯро ба ҳалокат расонид. Модари зор аз ин хабари шум ва ғурбати дурии абадӣ аз фарзанди ягонаи ғӯрамаргаш тоб наёвард ва баъди бемории тӯлонӣ ӯ низ Аҳмади меҳрубонашро тани танҳо гузошта, аз олам рахти сафар барбаст. Аҳмад Ҳаётов ба ин мусибат низ тоб овард. Қисмат чунин буд, ки ӯро ҳамеша дӯстони самимиаш қабл аз вақт тарк мекунанд. Ӯ боз тани танҳо монд вале ин бор дур аз Ватан, дур аз азизону пайвандонаш, дур аз маконе, ки хуни нофаш дар он рехтааст…
ЧИЗЕ НАДОШТ, БА ҶУЗ САДОҚАТ
Ва аз ҳамин ҷо иртибот бо Аҳмад Ҳаётов ва зиндагиномаи ӯ канда мешавад. Охирин номааш ба дасти ҳамкорону шогирдонаш шояд беш аз 15 сол пеш аз навиштани ин сатрҳо расида буд. Ӯ аз рӯзгори танҳоии худ дар Астархан менавишт ва мегуфт дар ин шаҳри пурмағал ягона ҳамсӯҳбаташ телевизион аст, ки рӯзи дароз вақти худро сарфи тамошои он мекунад. Хонаи ободу зебое дар соҳили Волга дорад ва аз тирезааш мебинад, ки дар дарёи нопайдоканор киштиҳо ҳаракат мекунанд, дар соҳили дарё бошад тобистони гарм мардуми зиёде машғули оббозӣ ва истироҳатанд. Ҳама ӯро эҳтиром мекунанд, ки собиқадори ҷанг аст, нафақаашро сари вақт меоранд ва аслан камбудие надорад. Аммо аз нома пайдост, ки танҳоӣ ва дурӣ аз инсонҳои маҳбуб, ҳалқаи дӯстону ҳамватанон ӯро рӯҳан азият медиҳад. Вале ӯ нияти бозгашт надорад. Шояд аз он аст, ки дар Душанбе на касе дораду на манзиле. Ҳарчанд дар нома сабаби инро наменависад, аммо пай бурдан душвор нест, ки ин бор низ садоқату вафо аз домони ӯ мегирад ва намехоҳад бо кӯчбандии дубора ба Ватан бори дигар аз маҳбубтарин инсон-завҷае, ки ҳаёташро барои хушии хотири ӯ бахшид, дур монад. Зиёрати оромгоҳи ӯ марҳами дардҳои танҳоии ӯст. Барои инсонҳое чун Аҳмад Ҳаётов муҳаббат, садоқат, вафо ба аҳду паймон ба маротиб болотар аз зиндагонии серу пур ва бо карру фар аст.
Бале, ин сарнавишти такондиҳанда ва моломол аз ибратро наметавон бо оромӣ шунид. Дар китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутии пойтахт низ ҳар сол дар арафаи рӯзи пирӯзӣ дар ҷанг бо Олмони фашистӣ қатори дигар собиқадорон аз Аҳмад Ҳаётов бо эҳтироми хос ёд мекунанд. Солҳои қабл худи Аҳмад Ҳаётович аз он рӯзгори пурҳаводис нақлҳои талху ширине мекард. Қиссаҳои он рӯзгор низ чун порае аз сарнавишти Шӯравии абарқудрат ва халқу миллатҳои он аз забони шоҳидонаш шуниданист. Ӯ мегуфту дигарон бо завқ мешуниданд. Аммо акнун он корномаҳо ва имсолу солҳои дигар саргузаштҳои ҷангии ӯро дигарон барои насли ноошнои имрӯз қисса хоҳанд кард.
ҶАШНВОРАЕ, КИ БЕ Ӯ ГУЗАШТ
Дар ҷашни 80-умин солгарди таъсиси китобхонаи шаҳрии ба номи Абудқосим Лоҳутӣ роҳбарони кормандонаш талош карданд ҳамаи онҳоеро, ки замонеро дар ин боргоҳи маърифат сипарӣ кардаанд ва бо дарду ранҷаш шарик буданд, бори дигар гирди ҳам оранд ва сари дастурхони идона биншинанду гузаштаро ба ёд оваранд. Гузаштае, ки бе ёди он наметавон зист ва гузаштае, ки бо ҳама шириниву талхиҳояш дар дафтари хотироти айём сабт гардидааст. Аз Аҳмад Ҳаётович низ даъват карданд. Гуфтанд ширкати ӯ беҳтарин тӯҳфаи ҷашнвора хоҳад гашт…Вале тақрибан ҳама омаданд, ба ҷуз ӯ…
ЧАНД САТРИ ДИГАР БА АНҶОМ
Чуноне гуфтам, ин очерк охирин маротиба дар остонаи 80-солагии Китобхонаи шаҳрии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ ва рӯзҳои пирӯзӣ дар Ҷанги Бузури Ватанӣ дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” чоп шуда буд ва шакли такмилшудаи он бори дуюм дар остонаи 70-солагии пирӯзи дар Ҷанги Бузури Ватанӣ дар саҳифаи Фейсбук гузошта шуд. Ва ман навиштам: “Боз ҳам бо ҳамин умед, ки касе аз ҳамвандон, хоса аз муҳоҷирини кории тоҷик, ки дар шаҳри Астархани Русия ба сар мебаранд, агар иттилое дар бораи Аҳмад Ҳаётов доранд, дар ихтиёри мо мегузоранд. Чун, яқинан инсонҳое назири Аҳмад Ҳаётов наметавонистанд дар ин шаҳри бузург дар талоши пайдо кардани ҳамватане набошанд. Гумон мекунам ҳаддиақал касе бо вай ошноӣ дошт ва медонист, ки сарнавишти ӯ бо чӣ анҷомид.
Аз миён солщо гузаштанд, вале ба ҷуз чанд шарҳи кутоҳ чизе пайдо нашуд. Дар шарҳе намояндагони диаспораи тоҷикон дар шаҳри Астрахони Русия ваъда дода буданд, ки меҷӯянд. Вале аз натиҷаи ҷустуҷӯяшон дигар хабар надоданд….
Ҳоло ҳам ба умедем. Шояд билохира касе дар бора чизе мегӯяд…
Бобоҷон Шафеъ