Ӯ моро хушҳол дидан мехост…

Убайдулло-рачаьНусхае аз китоби “Убайдулло Раҷаб”,  ки ба шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ туҳфа шудааст, аз ҷумлаи беҳтарин асарҳо дар бораи ҳунармандон аст.  Ин китоб соли 2022, дар шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 776 саҳифа аз чоп баромадааст. Мураттиби он Абдулқодири Раҳим ва муҳаррир Муҳаммадуллоҳи Табарист.

Китоби мазкур андешаҳои ҳаводорони истеъдоди нотакрори Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  Убайдулло Раҷаб мебошад. Асар аз маҷмуи мақолаҳо, мусоҳибаҳо, шеърҳо ва хотираҳои санъаткори тоҷик иборат мебошад.

Убайдулло Раҷаб кист?

Дар посухи ин суол метавон зиёд навишт. Як ҳунарманди вазида ва маҳбуб, як инсони ба дилу дидаҳо наздик, як шахсияти мардумӣ, касе, ки ҳамагон дӯсташ медоштанд. Инсоне, ки  бо нақшҳои мондагораш дар саҳнаи театр ва синамо дар ёдҳои мо нақш бастааст.

Ҳар гоҳе бо ӯ рӯбарӯ меомадем, беихтиёр табассум дар лабонамон гул мекард ва мо ӯро ҳамин гуна мешинохтем. Инсоне, ки як дидори кутоҳаш ҳам ба дилҳо сурур меорад.

Убайдулло Раҷаб 20 марти соли  1941 дар ноҳияи Кангурт (Совет, ҳоло Темурмалик), дар оилаи деҳқон Раҷабалӣ Эмомов таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1957 ба Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ба шуъбаи  дирижёри хор дохил шуд.

Соли 1959 дар студияи актёрии Театри академии драмавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ефим Исаевич Мителман таҳсил намуда, баъдтар дар студияи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ба кор даромад.

Соли 1964 фаъолияти меҳнатиашро чун актёр дар театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ оғоз намуд ва моҳи ноябри ҳамон сол ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР даъват шуд.

Соли 1965 бо медали “20-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” сарфароз гардид. Баъд аз хидмати ҳарбӣ соли 1967 ба ҷои кори аввалааш баргашт.

Соли 1968 бо фармони Вазорати  фарҳанги ҶШС Тоҷикистон дар театри шаҳри Кӯлоб ҳамчун актёр кор кард.

Соли 1970 бо медали 100- солагии В.И.Ленин сазовор гашт ва боз ба театри А. Лоҳутӣ баргашт.

Соли 1979 бо Грамотаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, моҳи апрели соли 1988 бо унвони Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон сарфароз  гардид. Соли 1991 роҳбари Театри “Оина” таъин гардид. Соли 1994 бо унвони Ҳунарпешаи халқииТоҷикистон ва соли 1995 Ҷоизаи созмони ҷавонони Тоҷикистон сазовор шуд.

9 –уми сентябри соли 1999 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунарпешаи боистеъдод Убайдулло Раҷаб ордени “Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” –ро тақдим намуд. То солҳои охир ба чанд ҷоизаҳои дигар низ сарфароз гардидаст.

Китоби “Убайдулло Раҷаб” саропо аз матолиби ҷолиби хонаданӣ мураттаб шудааст. Ин китоб ҳоло дар толорихониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар қодили дарёфт ва мутолиа аст.

Фароғат ТОЛИБОВА,
муовини сардори
шуъбаи феҳристнигорӣ.