Китоби нав. Убайд Раҷаб: “Офтобаки хандонрӯ”

Офтобаки хандонрӯКитоби “Офтобаки хандонрӯ” соли 2022 дар нашриёти “Нашри Мубориз” ба теъдоди ҳамагӣ 100 нусха чоп шудааст ва намунаҳо аз осори адиби дӯстдоштаи бачагон, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҳ.К.Андерсен Убайд Раҷабро гирд овардааст.

Дирӯз чанд нусха аз ин китоб ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуд. Ин чанд шеъри хуб аз ҳамин маҷмуа мебошад:

МАН АЛИФБО МЕХОНАМ

Ман алифбо мехонам,
Бурро-бурро мехонам.

Алифбои суратдор,
Сураташ ҷудо бисёр.

Сурати теппаву ҷар,
Сурати хонаву дар.

Сурати мошину роҳ,
Сурати намоишгоҳ.

Қад-қади роҳи  калон,
Бачаҳо шоду хандон.

Сўйи мактаб мераванд,
Мурғобиҳо медаванд.

Саҳро пури чаранда,
Фазо пури паранда.

Беша пури харгўш аст,
Рўбоҳи пир хомўш аст.

Хурўсакро мепояд,
Хурўсак намеояд.

Ман алифбо мехонам,
Бурро-бурро мехонам.

Надонам ҳарфашро ҳам,
Ман бехато мехонам.

Мушро мегўям ин муш,
Харгўш, албатта, харгўш.

Бузичаро бузича,
Мусичаро мусича.

Сиёҳиро сиёҳӣ,
Моҳиро гўям моҳӣ.

Ғоз ояд, мегўям ғоз,
Боз ояд, мегўям боз.

Хоҳарҷонам ҳайрон аст:
Наход  хондан осон аст?

МАҲБУБА 

Ширу шакар,
Қанду набот

Маҳбубаи пахмоқмў.
Хурду калони хона шод

Аз кори ў,
Рафтори ў.

Бо  модар ў,
Ҳам бо падар

(Чун соати хобаш шавад,
Аз рўяшон,

Аз мўяшон
Бўсида)

Хайрухушкунон,
Бар ҷойи хобаш меравад.

Аз хобакаш хезад агар,
Тозон биёяд пеши дар,

Бар модар ў,
Ҳам бар падар

Бо ҳурмату бо эҳтиром
Пеш аз ҳама гўяд: «Салом!»

Ширу шакар,
Қанду набот

Маҳбубаи пурмоқмў.
Хурду калони хона шод

Аз кори ў,
Рафтори ў.

ШАМОЛ ХУНУК МЕХЎРАД?

-Шамолхунук мехўрад?-
Пурсид аз модар Анвар.
-Не,-гуфто ба ў модар,
Анвар накарда бовар:
-Чаро,-бипурсид аз нав,-
Одам дарро кушояд,
Шамоли хунук даррав
Ба хона медарояд?

ОЧАМ БАРИН НАҒЗ

Кўча рафта Нигина,
Тарсидаст аз машина.

Бинад акнун ҳар чиро,
Боду фиғон мекунад,

Аробачаро ҳатто
Мошин гумон мекунад…

Дина дади Нигина
Аз дўкон бо машина

Ба хона яхдон овард,
Яхдони калон овард.

Нигинаҷон дав-давон.
Берун омад, ногаҳон.

Машинаро рў ба рў
Диду гирён бишуд ў.

Дадеш гуфто:-Нигина,
Натарс аз ин машина,

Туя намезанад вай,
Мўта намекашад вай.

Дидӣ, яхдон овард ў,
Ки аз вай ҳар чиро ту

Агар хоҳӣ,медиҳад:
Хоҳӣ,биҳӣ медиҳад.

Ҷурғоту шир медиҳад,
Тухму панир медиҳад.

Хоҳӣ, анор медиҳад,
Ҳам помидор медиҳад.

Хоҳӣ агар, пеш аз хоб
Медиҳад ях барин об.

Нигина гуфт:-Ин мошин
Нағз будаст очам барин,

Гўед, ки орад фардо
Аз ин калонтарашро.

ГУЛШАН

Ҳарчанд Гулшан хурдакак,
Сесолаю семоҳа шуд,
Лекин аҷаб доноякак
Дар байни ҳамсолони худ.

Медонад ў «Раҳмат»,»Салом»,
Мегўяд ў пурсӣ агар:
-Номи акои ман Низом,
Номи тоғои ман Зафар.

Медонад ин, ки ҳар саҳар
Бояд бишўяд дасту рў,
Аз кор агар ояд падар,
Афсона мегўяд ба ў.

Медонад ин,ки хоҳараш
Ўро тамошо мебарад,
Медонад ин, ки модараш
Милтиқчаи нав мехарад.

Танҳо намедонад, чаро
Ў хурду дугарҳо калон:
Ў меравад бар боғча,
Бар кору мактаб дигарон?

Аз китоби  Убайд Раҷаб “Офтобаки хандонрӯ”, таҳияи Меҳрангез Нурзода, мутахассиси шуъбаи кӯдакон ва наврасон.

Китоби “Офтобаки хандонрӯ”-ро ҳоло шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.