Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 16 – уми май
Соли 1703 дар шаҳри Порис дар синни 75-солагӣ афсонагӯи фаронсавӣ, шоир, мунаққид Шарл Перро вафот кард. Ӯро дар ватанаш классики адабиёти кӯдак меномоманд.
Шарл Перро 12-январи соли 1628 дар шаҳри Порис ба дунё омад ва шашумин кӯдак дар оила буд.
Соли 1717 барои асарҳои ҳаҷвиаш файласуфи маорифпарвар, шоир, ҳаҷвнигор, фоҷеанавис, муаррхих ва публистисти аҳли Фаронса Волтер дар Бастилия зиндонӣ шуд.
Номи аслии ӯ Франсуа-Мари Аруэ буд, вале бо исми Волтер машҳур аст.
Соли 1836 дар Бостон нависанда, шоир, вироишгар, мунаққиди адабиёти амрикоӣ Эдгар По бо Вирҷония Клемм издивоҷ намуд. Аз Эдгар По ба унвони яке аз поягузорони ҷунбиши романтикӣ дар адабиёт ёд мекунанд. Достонҳои ӯ аз он ки ҳавлангез ва тарсноканд, дар замонаш машҳур шуданд. Аввалин нависандагони достонҳои кутоҳи амрикоӣ низ Эдгар По мебошад.
По инчунин аз ҷумлаи аввалин касоне буд, ки аз жанри илмӣ-тахайюлӣ истифода кард. Ӯ инчунин аввалин аз зумраи он нависандагони амрикоист, ки қалами худро барои таъмини рӯзгораш истифода кард ва танҳо аз пули чопи асарҳояш зиндагӣ намуд.
“Гурбаи сиёҳ”, “Достонҳои шигифтангез”, “Қалби розгӯ”, “Заволи хонадони Ошур”, “Қурбоқа”, “Марди тӯда”, “Ниқоби марги сурх”, “Калоғ” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.
Эдгар По 7 октябри соли 1849, замоне, ки ҳамагӣ 40 сол дошт, дар Балтимор вафот кард.
Соли 1887 дар Санкт-Петербург шоир, тарҷумони рус Игор Северянин таваллуд шуд. Вай бештар аз забонҳои эстонӣ ва фаронсавӣ тарҷума мекард. Северянинро аз бузургтарин намояндагони футуризми рус медонанд ва аз миёни шоирони рус аввалин касест, ки аз истилоҳи”футурист” истифода кард.
“Ананасҳо дар шампон”, “Зарриншох”, “Маҷмуаи ашъор”, “Миррэлия”, “Ман резиши барги дарахтонро ҳисс мекунам”, “Булбул”, “Фоҷеаи худоёни ситабр”, “Рояли Леандра” номгӯи чанде аз китобҳои ӯ мебошанд.
Футуризм ё ояндагарӣ яке аз ҷунбишҳои ҳунарии аввали қарни бистум буд. Маркази ин ҷунбиш аслан дар Италия буд, вале он дар кишварҳои дигари Аврпуо ва Русия низ арзи вуҷуд карда буд. Футуристҳо на танҳо дар адабиёт, балки дар наққошӣ, аккосӣ, муҷассамасозӣ, сафолгарӣ, театр, мусиқӣ, меъморӣ ва ҳатто ошпазӣ фаъолият доштанд.
Соли 1898 дар Рабовитс нависанда ва шоири серб Десанка Максимович ба дунё омад. Вай соли 1919 ба Белгрод рафт ва соли 1924 факултаи фалсафаи донишгоҳи ин шаҳрро хатм намуд. Баъдан дар Сорбон таҳсил кард ва дар бораи Жанна Дарк кори илмӣ навишту дифоъ кард.
Аз 1920 шеърҳояшро чоп мекард ва аввалин маҷмӯаи ашъораш соли 1924 интишор ёфт. Ва баъддан беш аз бист маҷмӯаи шеърҳо ва романҳояшро чоп кард.
11 феврали соли 1993 дар Белгрод вафот кард.
Соли 1910 дар шаҳри Санкт-Петербург нависанда, шоир ва намоишноманависи аҳли Иттиҳоди Шӯравӣ Олга Бергголтс таваллуд шуд. Ӯ соли 1938 тибқи парвандаи “Гурӯҳи адабиёт” ба ҳабс гирифта шуда ва 1939 бо ҳукми додгоҳ сафед ва озод шуда буд. Барандаи ҷоизаи Сталин. Ҳамсари шоир ва фаъоли сиёсиву давлатӣ Борис Корнилов буд.
Соли 1955 дар деҳаи Косатароши ноҳияи Панҷакент шоир ва омӯзгори тоҷик Исмоил Зарифӣ ба дунё омад. Вай соли 1982 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанберо бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст. Солҳои 1974-1976 хидмати ҳарбӣ кардааст.
Аз соли 1972 то имрӯз кори омӯзгорӣ мекунад. Дар мактабҳои деҳаҳои Филмандар, Косатарош ва Суғдиён муаллим, ҷонишини директор, директор будааст. Чанде дар КМ «Зарафшон» дар вазифаи сарпайраҳадор ҳам кор кардааст.
Аввалин шеъраш моҳи сентябри соли 1984 дар маҷаллаи «Хорпуштак» ба табъ расидааст.
Соҳиби 35 китоб аст. Ашъораш дар зиёда аз сад маҷмӯаи дастҷамъӣ ворид гардида ва маҷмӯаҳои алоҳидааш бо номҳои «Чамани хаёл»(1995), «Гули меҳр»(1996), «Гулбонги андеша»(1999), «Падидаи хаёл»(2003), «Лаззати нигоҳ» (2009), «Таронаи ишқ»(2012) ва ғайраҳо ба табъ расидаанд. Дар арафаи шастсолагияш соли 2015 китоби панҷҷилдааш, ки аз 2000 саҳифа иборат аст, дастраси хонандагон гашт ва соли 2016 барои панҷҷилдаи осораш барандаи ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гардидааст.
Китобҳои охиринаш «Ғуруби зиндагӣ», «Лутфи Равшан» ва «Кош арӯсам шавӣ» солҳои 2017 ва 2018 ва «Замини меросӣ» бахшида ба 5500 Саразм соли 2020 чоп шудааст.
Девонҳои Саққои Бухороӣ, Фонӣ, Қудсии Машҳадӣ, Урфии Шерозӣ, Бӯалӣ Қаландар, Махфӣ, Иброҳим Дада Шоҳидӣ, Муҳйии Хуқандӣ, Сайфиддини Бохарзӣ, Хоҷа Исмати Бухороӣ, Розиқи Фонӣ, Шотир Аббоси Сабуҳӣ,Фурӯғи Фаррухзод, Нодири Нодирпур, Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя, Раҳии Муъайярӣ ва ашъори шоирони зиёдеро аз хати форсӣ ба крилӣ баргардон намуда бо воситаҳои электронӣ ва маҷмӯаҳои алоҳида пешкаши хонандагон гардондааст.
“Шингдара” номи китоби ӯ барои бачаҳост, ки бо номи «Шингдара илҳомлари» бо забони ӯзбекӣ, ки низ тарҷума ва дастраси хонандагон шудааст.
Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 2003 узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон мебошад.
Ду навбат вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Панҷакент буд.
Бо медали «Хизмати шоиста», нишонҳои «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» ва «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сипосномаю ифтихорномаю дипломҳо қадрдонӣ шудааст.
Соли 1966 дар шаҳри Москав нависанда ва рӯзноманигори аҳли Русия Юлия Латинина ба дунё омад. Вай муаллифи романҳо дар жанри тахайюли сиёсӣ ва детективи сиёсӣ-иқтисодӣ мебошад.
Номзади илмҳои филологӣ.
Соли 2017 баъди таҳдидҳо аз Русия муҳоҷират кард.
Падараш насрнавис ва шоир Леонид Александрович Латинин, модараш мунаққид ва рӯзноманигор Алла Латинина мебошанд.
Юлия Латинина журналист бо дидгоҳи хос аст. Даст ба кори сиёсӣ ҳам задаву ноком шудааст.
Зидди иқдомоти давлат ба муқобили коронавирус буд. Гармоиши сартосариро рад мекунад ва кулли таҳқиқоти дар ин замина анҷомшударо фейк медонад.
Аз моҳи феврали соли 2022 узви Кумитаи зидди ҷанг дар Русия мебошад.
Соли 2021 дар синни 75-солагӣ нависанда, тарҷумон, романнавис ва муаллифи асарҳои детективӣ барои бачаҳо Екатерина Вилмонт аз олам гузашт.
Падараш Николай Вилмонт тарҷумони забардасти замони худ буд. Ӯ низ аз аввал ба кори тарҷумонӣ машғул шуд, вале охири солҳои 90-и асри гузашта талабот ба тарҷумаҳо аз забони олмонӣ, ки забони омӯхтаи ӯ буд, кам шуд. Вазъи зиндагӣ тақозо кард, ки бо маслиҳати яке аз дӯстонаш ба мустақилона навиштан оғоз намояд. Соли 1995 аввалин китоби ӯ бо номи “Сафари оптимист ва ё ҳамаи занон дувонаанд” чоп шуд.
Вай муаллифи 40 асари детективӣ барои бачаҳост. 37 романи ишқӣ навиштааст. Батадриҷ ба қатори нависандагоне дохил шуд, ки аз ҳама зиёд китоб нашр мекунанд ва беш аз дигарон китобҳояшро мехаранд. То кунун миллионҳо нусха китоби ӯ дар Русия ва берун аз он чоп шудааст.
Таҳияи Б.Шафеъ