Рушди робитаҳои хориҷии Китобхонаи миллӣ
Барои тавсеаи бештари робитаҳо бо китобхонаҳои дунё ва ҷалби таҷрибаи онҳо дар беҳтар намудани фаъолияти китобдорӣ аз соли 2013 то соли 2022 Китобхонаи миллӣ нуздаҳ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо сенздаҳ давлати хориҷӣ ба имзо расондааст.
Дар доираи ин ҳамкориҳо Гўшаи фарҳангии Ҷумҳурии Халқии Чин ва Корея таъсис ёфт. Имрўз шумораи хоҳишмандони забони куриёӣ ва англисӣ ба маротиб афзудааст. Дар доираи Барномаи ҳамкории техникӣ ва иқтисодии Ҳиндустон АЙТЕК (ITEX) соли 2022 ва 2023 даҳ нафар кормандони Китобхонаи миллӣ ба Ҷумҳурии Ҳиндустон барои такмили забони англисӣ сафари омўзишӣ доштанд.
Китобхона тасмим гирифтааст, ки дар соли 2023 бо як қатор китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо Китобхонаҳои миллии Малайзия, Ҳиндустон, Туркия, Фаронса, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Китобхонаи Искандарияи Ҷумҳурии Мисри Араб, Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир ва Китобхонаи миллии парлумонии Ҷопон ҳамкориро дар самти китобу китобдорӣ ба роҳ монад. Санадҳо танҳо барои тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳо дар риштаи китобу китобдорӣ ба роҳ монда мешавад.
Бовари комил дорем, ки ин иқдом баҳри пешрафти фаъолияти Китобхона ва ҳамчунин дар самти ҳамкориҳо бо китобхонаҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир судманд хоҳад буд.
Муҳаббат Шобулбулова
Сармутахассиси шуъбаи
робитаҳои байналмилалӣ.