Бо бачаҳо. Аз ҳикоёти «Бўстон»-и Саъдии Шерозӣ. Бозгўйи Гулназар
Марди дарвеш ва мўрча
Марде дарвеш барои хариди гандум ба бозор омад. Дид, ки пиразане халтаи гандум мефурўшад.
-Салом, хонум!
-Салом!
-Қимати халтаи гандум чан даст?
-Ду танга.
Онҳо хеле савдо карданд ва дарвеш бо нархи мувофиқ халтаи гандумро харидорӣ кард ва ба сари шона партофта, ба хона овард.
Зану бачаҳояш зуд чодар густурданду гандумро рўйи он тунук карданд. Ногоҳ аз миёни донаҳои гандум мўрчае давида баромад.
Бачаҳо якбора фарёд заданд:
-Мўрча! Мўрча!
Дарвеш мўрчаро бо эҳтиёт рўи каф гирифту хеле нигоҳ кард ва оҳи сард кашид.
Зани дарвеш бо таҷҷуб пурсид:
-Чаро оҳ кашидед? Чи шуд?
Дарвеш мўрчаи рўи кафшашро нишон дода гуфт:
-Ин мўрчаро ман,
аз хонаву дараш дур кардам.
Бачаҳо пурсиданд:
-Чӣ тавр дур кардед?
Дарвеш андешамандона ҷавоб дод:
-Ин мўрча наздикони худро дорад, хона дорад, мумкин бачаҳои хурдсол ҳам дошта бошад.
Зан гуфт:
-Хайр, чӣ?
Дарвеш пурсид:
-Чаро «Хайр, чӣ?» мегўйӣ? Ин мўрча барои дон аз хона баромад.
Бачагонаш шояд бозгашти ўро интизоранд, гуруснаву ташнаанд.
Зан ғамгин шуд:
-Хайр, чӣ кор мекунем?
Дарвеш бо қатъият гуфт:
-Ба бозор меравем, пиразани гандумфурўшро меёбем.
Зан бетоқатона пурсид:
-Баъд, чӣ?
Дарвеш гуфт:
-Бо пиразан ба деҳаашон меравем, хирманашонро меёбем ва мўрчаро ҳамон ҷо сар медиҳем, то ба хонааш, ба пеши наздиконаш баргардад.
Зану бачаҳои дарвеш ҳайрон – ҳайрон ба ў нигоҳ мекарданд ва намедонистанд, ки чӣ гўянд.
БАЙТ:
Даруни фурўмондагон шод кун,
Зи рўзи фурўмондагӣ ёд кун.
Ин ва даҳҳо китобчаи шавқовар аз силсилаи “Сад панд”, ки муассисаи нашриявии “Адабиёти бачагона” чоп кардааст, дар толори хониши шуъбаи адабиёт барои кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мавҷуданд.
Ин толори хониш дар ошёнаи якуми бинои Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст.
Таҳияи сармутахассиси шуъбаи
адабиёти кудакон ва наврасон
Зуҳро Матимова