Маҳфили “Пайравони пешвои миллатем» дар дар Китобхонаи миллӣ
Дар доираи чорабиниҳои якмоҳа бахшида ба Рӯзи ҷавонон, ки то 31-уми моҳи май идома меёбад, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили «Пайравони пешвои миллатем» доир намуд.
Онро муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ба оғоз намуда, ҳозиринро ба Рӯзи ҷавонон табрик намуда, иброз дошт, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри ҷавони ҷомеа ғамхориву таваҷҷуҳи зиёд намуда, ҳукумати мамлакат пайваста ва ба таври лозимӣ барномаҳои нав ба навро роҳандозӣ ва амалӣ менамояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ аз тарафи давлату ҳукумат зери роҳбарииАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон ва муҳайё намудани шароити созгори илмомўзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар як қатор қарору қонун ва стратегияҳои нави давлатӣ қабул карда шудааст.
Ба гуфтаи Салима Раҷабзода ҷавонони кишвар бояд шукрона кунанд, ки дар чунин кишвари ободу озод зиндагӣ менамоянд ва барои фаъолияти дилхоҳашон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
– Дар таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон, консепсияву стратегияҳои давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқоти пайваставу мунтазами Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавонон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷавонон ҳамеша зери назари давлату ҳукумат қарор доранд.
Сураҷ Чоршанбезода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронияш афзуд, ки кишвари мо кишвари ҷавонон аст, зеро 70 дарсади аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Ў аз нахустин Шўрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2016 дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, ёдовар шуд.
– Дар ин толор ҷавонон аз тамоми гўшаву манотиқи ҷумҳурӣ ҷамъ омаданд. Аз ҷониби Президенти кишвар ба мақомотҳову сохторҳо ва вазоратҳо оид ба мушкилоти ҷавонон дастур дода шуд. Ва ҳамзамон раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо раиси Шўрои кор бо ҷавонон дар маҳалашон таъин карда шуданд. Ва албатта ғамхориҳои ҳукумату давлат нисбати ҷавонон зиёданд,
Дар идомаи маҳфил ба хотири табъи болидаи ширкаткунандагон ҳунармандони маъруф бо сурудҳои хеш ҳозиринро хушҳол намуданд.
Зумрае аз кормандони Китобхонаи миллӣ барои фаъолиятҳои созанда ва талошҳояшон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаҳои Кумита қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Сипоснома»-и Китобхонаи миллӣ мушаррафт гардид.
Раҳима АЗАМ, бахши матбуот
вар обита бо ҷомеа.