«Нақши фарҳанг дар баланд бардоштани ҳувийяти миллӣ»
Чунин унвон дошт маҳфиле, ки нимаи дуввуми рўз дар Китобхонаи миллӣ бо ибтикори шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар доир гардид. Нишастро муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода оғоз намуд. Ў гуфт: Дар низоми арзишҳои умумибашарӣ, ки пойдевори асосии рўзгори инсониятро ташкил медиҳанд, арзишҳои алоҳидае аз қабили истиқлоли давлатӣ, ҳувийят миллӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии фардӣ нақши ниҳоят муҳим доранд. Ҳамзамон, ин мафҳумҳо дар тўли таърихи пур аз шебу фарози инсоният ҳамчун танзимкунандаи умеду ормони халқу миллатҳои озодихоҳ мавқеи меҳварӣ дошта, дар баробари дигар муқаддасоти моддию маънавӣ доимо мавриди эҳтироми мардуми бо нангу ор қарор гирифтаанд.
Дар маҳфил зумрае мутахассисону коршиносон ҳузур ва суханронӣ намуданд. Дар мавриди ҳифзи ҳувийят ва арзишҳои миллӣ ва ҳифзи давлатдории миллӣ номзади илмҳои фалсафа, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ суҳбат намуд. Вай аз ҷумла фармуд: Ҳувийяти миллӣ чист? Эътибори шахсият дар заминаҳои асолатти модарзодӣ, нажодӣ, таърихӣ, забонӣ, фарҳангӣ динӣ ва миллӣ аст. Ҳар шахсе, ки дар Тоҷикистон зндагӣ мекунад, бояд ҳувийят дошта бошад. Яъне, бояд асолатҳои модарзодӣ, нажодӣ, таърихӣ, забонӣ, фарҳангӣ ва миллии худро донад.
Дар марҳилаи рущди давлатдории тоҷикон масъалаи аввалин ва мухимтарин барои мо ҳифзи давлатдории миллӣ ҳаст ва боқӣ мемонад. Ин масъалаи ҳаётӣ хусусан дар шароити мураккаб будани вазъи геополитикии минтақа, шиддат ёфтани бархурди манфиатҳои қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, осебпазир шудани истиклоли давлатҳои миллӣ, дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти ҷиддитарро касб мекунад. Аз ин рў, вазъи дохилӣ ва ҳам вазъи хориҷӣ ба мо имкон намедиҳад, ки ҳатто як лаҳза аз масъалаи давлату давлатдорӣ ва суботи миллӣ, амнияти кишварамон сарфи назар кунем ва ё дар ин масъалаҳо саҳлангорӣ намоем.
Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби арзишманди хеш «Уфуқҳои истиқлол» роҳи дар солҳои соҳибистиқлолӣ тай намудаи халқи тоҷикро таҳлил карда, оид ба зарурати баланд бардоштани маърифтаи сиёсии ҷомеа чунин нигоштанд: “Бояд ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон таъриъхи ташаккули давлатдории миллӣ, зарурати ҳифзи давлатдории миллӣ, аҳамияти истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, таҳдидҳои мавҷуда ба давлатдории мо, оқибатҳои амалии аз даст додани давлатдории миллиро дарк намоянд”.
Хамаи асолатҳои ҳувийяти миллиро дошта бошем. Агар онҳоро дошта бошем, имрўз давлатдории худамонро тавре, ки Пешвои муаззами миллат фармудаанд, ҳифз карда метавонем.
Дар маҳфил сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Мирализода дар бораинақши фарҳанг дар баланд бардоштани ҳувийяти миллӣ суханронӣ намуд.
Воқеан мавзуъ мавзуи ҷиддӣ аст дар ин шабу рўз. Ҳувийятсозӣ ва ҳувийятзудоӣ як раванди маъмулӣ дар ҷаҳони имрўз гаштааст. Воқеан ҳувийят ба маънои асолату ҳақиқат аст. Пояи ҳувийяти мо ҳувийяти фарҳангӣ аст. Чун миллат дар як маҳдуда ташаккул меёбад, дар як маҳдудаи ҷуғрофӣ рушд мекунад, тавсеа меёбад ва дар ҳамин маҳдудаи ҷуғрофӣ ё таъсиргузор мешавад ё таъсирпазир ё ҳарду. Вақте миллати мо дар ҳамин маҳдудаи Осиёи Миёна, Хуросону Мовароуннаҳр ташаккул ёфт, як фарҳангеро халқ кард ва ин фарҳанг шомили як адабиёти хеле густарда, гуногун ва шомили як ҳавзаи ҳунарии мутанаввеъ буд. Ҳамин арзиши олии бисёр амиқи ин фарҳангро, ки дар ин маҳдудаи ҷуғрофӣ ба вуҷуд омаду бо забони тоҷикӣ мактаберо бо номи мактаби шарқшиносӣ ба вуҷуд овард, ки дар ҷаҳон донишмандоне арзи ҳастӣ карданд, ки онҳо ба хотири омўхтан ва омўзондани ин фарҳанг мактаберо бунёд гузоштанд ва ин мактаб осори адабӣ ва ҳунарии миллати моро, ки дар маҳдудаи Хуросон ва Мовароуннаҳр пажӯҳиш мекунад ва мекард.
Дар ҳошияи ин маҳфили хотирмон намоиши китоб ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ низ созмон дода шуда буд.
Як бахши маҳфил ҳунарӣ буд ва ҳунармандони маъруф бо мусиқии ҷаззоб ва таронаҳои диловез хотири ширкаткунандагонро шод карданд.
Раҳима АЪЗАМ, бахши
матбуот ва робита
бо ҷомеа.