Аз реҳлати адиби маъруф Сотим Улуғзода 26 сол сипарӣ шуд
26 сол муқаддам дар чунин рӯзе дар манзили худ воқеъ дар шаҳри Москав Нависандаи халқии Тоҷикистон, яке аз барҷастатарин насрнависони садаи бистуми тоҷик, муаллифи повесту романҳои мондагор устод Сотим Улуғзода чашм аз олам пӯшид.
Сотим Улуғзода аз ҷумлаи шогирдони муваффақи устод Садриддин Айнист, ки дар офариниши повесту романҳо муваффақ шудааст. Насри ӯ аз қиссаи «Ёрони боҳиммат» (1947) оғоз ёфтааст. Баъдан романи «Навобод» (1953), ки соли 1949 бо номи «Диёри навобод» нашр шудааст, қиссаи «Субҳи ҷавонии мо» (1954), романҳои «Восеъ» (1967)-у «Фирдавсӣ» (1988), қиссаи «Ривояти суғдӣ» (1975-2014)-ро ба қалам овардааст, ки дар инкишофи насри муосири тоҷик марҳилаи наве гардидаанд. Соли 1996 романи «Фирдавсӣ» дар Озмуни байналмилалии «Китоби сол» ба дарёфти Ҷоизаи аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон мушарраф гардидааст.
Ӯ муаллифи як силсила намоишномаҳоест, ки солҳои зиёд театрҳои кишвар ва театрҳои Тошканду, Бокуву Бешкек ба такрор ба саҳна гузоштаанд. Аз ҷумлаи ин пйесаҳо: «Дар оташ» (1944), «Темурмалик» (1968), «Алломаи Адҳам ва дигарон» (1970), «Восеъ» (1971), «Шифокори бузург» (1980) ва ғайра мебошанд. Солли 1984 адиби маъруф асарҳои саҳнавии худро дар як ҷилд мунташир карда буд.
Сотим Улуғзода филмноманависи чирадаст ҳам буд. Аз ҷумла филмномаҳои «Ҷавонии Ибни Сино» («Узбекфилм», 1956), «Қисмати шоир» («Тоҷикфилм», 1957) маҳсули эҷоди ӯ мебошанд. Ва муваффақтарин филм аз рӯи сенарияи ӯ “Қисмати шоир” аст, ки дар Фестивали филмҳои Осиёву Африқо (1960) ба дарёфти Ҷоизаи «Уқоби тилло» сазовор гардидааст.
Устод Улуғзода дар тарҷумаи осори Л.Войнич «Ғурмагас» (1931, 1981), Н. Погодин «Одами милтиқдор» (1940), К. Голдони «Хизматгори ду хоҷа» (1944), А. Островский «Гунаҳкорони бегуноҳ» (1945), М. Горкий «Модар» (1953), В. Шекспир «Ҳамлет» (1970), Ж.Б. Молйер «Табиби зӯракӣ» (1972), Сервантес «Дон Кихот», Шарл-де Костер «Тил Уленшпигел» (1975) маҳорати фавқулодаи суханварию тарҷумонӣ зоҳир кардааст.
Дар заминаи «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ китоби дуҷилдаи мансури «Достонҳои Шоҳнома»-ро офаридааст (1976-1977), ки маҳбуби пиру барнои кишвар аст.
Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1990), унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон (1986).
Бо чанд нишону ифтихорномаи ҳукуматӣ сарфароз гардонида шудааст. Чандин мактабу муассисаву кӯча ва Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон номи шарифашро доранд.
Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
25 июни соли 1997 дар Маскав аз олам даргузашт. Мадфани шарифаш дар «Оромгоҳи Лучоб» қарор дорад.
Аз Сотим Улуғзода дар Телеграмканали сомонаи Китобхонаи миллӣ чор асари ӯро дар шакли электронӣ метавонед бихонед. Инҳо:
“Фирдавсӣ”