Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 7 – уми июл

АдабиётСоли 1482 дар Кшитско-Мали шоири лотинзабони лаҳистонӣ, арбоби давлатӣ ва арбоби калисо Кшитский Анҷей ба дунё омадааст. Кшитский ба забони лотинӣ наср ва ба забони лаҳистонӣ назм навиштааст ва яке аз бузургтарин нависандагони инсондўсти Лаҳистон  ба ҳисоб меравад. Жанри дӯстдоштаи Кшитский ҳаҷв буд; ғайр аз ин, ў гимнҳои динӣ, муноҷотҳо, ҳаҷвияҳо ва ғайра эҷод мекард. Қисми зиёди навиштаҳои  Кшитский дар дастхатҳояш боқӣ мондааст.

Соли 1881 аввалин бор афсонаи нависанда Карло Коллоди “Пиноккио” дар  “Маҷалла барои кӯдакон”-и Рум нашр шуд.

robert-anson-heinleinСоли 1907 дар Батлер нависандаи асарҳои жанри илмӣ-тахайюлии амрикоӣ Роберт Хайнлайн таваллуд шудааст.

Роберт Ансон Ҳейнлейн аввалин нависандаи жанри илмӣ-тахайюлист, ки даромадаш танҳо аз ҳисоби эҷодиёташ буд. Нависанда барандаи рекордии ҷоизаҳои Ҳуго (6 ҳайкалча) ва яке аз асосгузорони фантастикаи илмии муосир ба ҳисоб меравад.

Дар  Миссурӣ айёми кӯдакияшро гузаронидааст, ки он ҷо ўро бобояш тарбия мекард. Зери таъсири бобояш – Алва Лайл, нависандаи оянда ба шоҳмот, ҳалли мисолҳои мантиқӣ ва китобхонӣ шавқу ҳавас пайдо кард. Ҳейнлейн як вақт асарҳояшро ба хотираи бобояш, бо номи Лайл Монро нашр мекард.

Ў дар Донишгоҳи Калифорния дар риштаи муҳандисӣ таҳсил намудааст, аммо онро хатм накардааст. Ҳейнлейн худро дар касбу корҳои гуногун санҷида, дар ҷустуҷӯи манбаи даромад ба чи корҳое даст назадааст. Дар интиҳо соли 1939 тӯли чанд рӯз достони «Ҳаёт»-ро эҷод кард ва ба маҷаллаи Ҷон Кэмпбелл фиристод. Барои ин ӯ 70 доллар ҳаққи қалам гирифт, ки бо қурби имрӯза беш аз ҳазор доллар мебошад. Истеъдоди нависанда аллакай дар достони аввал чунон равшан ба назар мерасид, ки Ҳейнлейн ба зудӣ ҳамчун пешвои самти нав – фантастикаи «иҷтимоӣ» шинохта шуд.

Дар солҳои 1940-ум, Ҳейнлейн асарҳое эҷод кард, ки баъдтар ба силсилаи “Таърихи оянда” муттаҳид карда шуданд. Аввалин романи нашршуда бо номи «Киштии мушакии «Галилео» соли 1947 нашр шуд, ки баъдан ба силсилаи навҷавонон дохил гардид ва романҳои он то соли 1958 ҳар сол пеш аз мавлуди Исо нашр мешуданд. Аз ҳама бештар ба хонандагон асарҳои «Ман скафандр дорамба сафар омодаам» ва «Қайҳоннавард Ҷонс» писанд омад.

Дар солҳои 50-ум Роберт бо ҳамсараш Вирҷиния дар саросари ҷаҳон сафар карданд ва инчунин ба Иттиҳоди Шӯравӣ омаданд ва аз он ҷо бо эҳсосоти хеле манфӣ баргаштанд. Солҳои  60-уми асри ХХ машҳуртарин романҳо – давраи камолоти эҷодиёти нависанда эҷод шудаанд. Масалан, «Моҳи сахтгир», ки дар бораи инқилоб дар мустамликаи Моҳ нақл мекунад, аз ҷониби бисёр мунаққидон ва мухлисони истеъдоди Ҳейнлейн ҳамчун беҳтарин асари нависанда эътироф шудааст.

Дар соли 1970 саломатии нависанда коҳиш ёфт, вале ҳамзамон Ҳейнлейн ҳаёти фаъоли худро қатъ накард: ҳамроҳи занаш ӯ дар саросари кишвар барои таблиғи хайрия сафар мекард ва соли 1983 бошад, ҳатто ба Антарктида рафт.

Дар солҳои 70—80 муаллиф услуби худро тағйир дод, дар асарҳои ў бештар ҳаҷв ва ақидаҳои фалсафӣ пайдо шуданд. Дар ин вақт силсилароманҳои «Ҷаҳон афсонае беш нест» навишта шуда буданд, ки дар онҳо коиноте, ки Ҳейнлейн офаридааст, яке аз оламҳои сершумору ноошнои воқеияти мо ба назар мерасад.

Роберт Ансом Ҳейнлайн 8 майи соли 1988 дунёро тарк кард. Аз нависанда 32 роман, 59 ҳикоя ва 16 маҷмуаи асарҳои дигар боқӣ мондааст.

arthur-conan-doyleСоли 1930 дар Кроуборо нависандаи англиси шотландӣ Артур Конан Дойл, муаллифи достонҳои детективӣ дар бораи Шерлок Холмс, дар синни 71-солагӣ даргузашт.

Артур Конан Дойл 22 майи соли 1859 дар Эдинбург таваллуд шудааст. Падараш мансаби хурдеро ишғол мекард. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1876 ба факултаи тиббии Донишгоҳи Эдинбург дохил шуд. Пас аз хатми донишгоҳ, Конан Дойл дар Портсмут ба таҷрибаи хусусии тиббӣ оғоз кард. Дар охири солхои 80-уми асри 19 аз рўйи шавқу ҳавас аввалин ҳикояҳои детективиро дар бораи детективи ҳаваскор Шерлок Холмс навишт, ки ғайричашмдошт хонандагони зиёде пайдо кард. Соли 1891 Конан Дойл тасмим гирифт, ки нависандаи касбӣ шавад ва ба Лондон кӯчид. Ҳикояҳо дар бораи детективи Бейкер-стрит бениҳоят маълуму машҳур шуданд, ки ҳатто бисёриҳо Холмсро шахси воқеӣ мепиндоштанд. Сели мактубҳо аз ҷониби хонандагон ба унвони детектив ба дасти муаллиф мерасид. Конан Дойл аз тарси «адиби як қаҳрамон» шудан, соли 1893 қаҳрамони худро «кушт», ки ин боиси норозигӣ ва сару садои мардум гардид.

Соли 1902 бинобар мушкилоти молӣ ӯ маҷбур шуд детективро “зинда кунад” ва то соли 1927 ҳикояҳои нав ба нав дар бораи Холмс эҷод мешуданд. Конан Дойл инчунин бисёр ҳикояҳо ва романҳои таърихию афсонавӣ навиштааст («Муртадон», 1893; «Дунёи гумшуда» 1912 ва ғайра). Солҳои 1899-1902, ки аллакай нависандаи маъруф буд, ҳамчун духтури полк дар ҷанги Англо-Бер иштирок кардааст. Марги писараш дар Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ, нигаронӣ аз сарнавишти падараш, ки дар девонахона аз дунё гузашт, нависандаро такони сахт дод. Вай дар соли 1917 аз муҳити пештараи адабии худ тамоман рў гардонд ва аз мазҳаби католикӣ низ даст кашид.

Библиографияи классикии асари машҳури нависанда «Шерлок Холмс» (Canon English of Sherlock Holmes) 60 асарро (56 ҳикоя дар 5 маҷмӯа ва 4 повест) дар бар мегирад.

salomeya-nerisСоли 1945 дар Маскав шоири Литва хонум Саломея Нерис, дар синни 40-солагӣ аз бемории саратони ҷигар аз дунё даргузашт. Ў шоири халқии ҶШС Литва ва барандаи Ҷоизаи Сталини дараҷаи аввал ба шумор меравад.

Услуби эҷодии Саломе Нерис неоромантизм (неоромантизмҷараёне  дар фарҳанги бадеии охири асри 19 ва ибтидои асри 20, ки бо эҳё ва рушди ғояҳои романтизм алоқаманд аст) мебошад. Шоира соли 1921 ба навиштани шеър шуруъ кардааст. Аввалин шеърҳои худро бо тахаллуси Liūdytė ва Juraite ва аз соли 1923 бо номи худ Salomėja Nėris нашр кардааст. Нахустин маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Субҳи содиқ» («Anksti rytą», 1927), «Изҳо дар рег» («Pėdos smėly», 1931) мебошанд.

Мавзуҳои иҷтимоӣ дар маҷмӯаҳои «Рўйи яхҳои зудшикан» (Per lūžtantį ledą, 1935) ва «Дармана гул мекунад» (Diemedžiu žydėsiu, 1938) ба назар мерасад. Ба ақидаи хонандагон, мунаққидон ва муаррихони адабиёт маҷмуаи «Дармана гул мекунад» беҳтарин асар унвон гирифтааст, ки он сазовори Мукофоти давлатии адабии Литва гардид. Барои кӯдакон достони афсонавии «Ятимдухтар», «Эгле маликаи морҳо»-ро (1940) навиштааст.

Маҷмӯаҳои «Суруд, дил, зиндагӣ!» (1943) ва «Булбул бе нағмасароӣ наметавонад» (1945) ба давраи шӯравӣ тааллуқ доранд.

 doroti-parkerСоли 1967 дар Ню Йорк нависанда, филмноманавис ва шоири амрикоӣ хонум Дороти Паркер дар синни 73-солагӣ аз олам чашм пўшид.

Дороти Паркер нависанда ва шоири яҳудӣ-амрикоӣ буд, ки бо ҳазли нешдор, латофат ва дурандешӣ нисбат ба камбудиву нуқсонҳои ҳаёти шаҳрии асри ХХ маъруф буд. Бо вуҷуди он, ки Паркер дар замони кўдакиаш душворӣ зиёд кашидааст, муваффақият ва эътироф ба даст овард. Ў ба Ҳолливуд рафт ва дар он ҷо ба навиштани филмномаҳо оғоз кард. Муваффақияти Паркер дар он ҷо, аз ҷумла ду номзадии ў ба ҷоизаи Оскар дар ниҳоят маҳдуд буд, зеро иштироки ӯ дар ҳаракати зиддифашистӣ боиси он шуд, ки ӯро ба «Рӯйхати сиёҳ»-и Ҳолливуд шомил кунанд.

Паркер се даъфа издивоҷ кардаааст (ду даъфа ба як шахс) ва якчанд бор қасди худкушӣ ҳам карда буд, аммо дар оқибат ў майзада шуд. Ҳарчанд нависанда истеъдоди худашро ночиз мешумурд ва аз шўҳрати “зарофатгўй”-иаш таассуф мехӯрд, вале эҷодиёт ва зеҳни олиҷаноби ӯ аз имтиҳони замон гузашт ва пас аз маргаш муддати тӯлонӣ мавриди ниёз боқӣ мондааст.

Соли 1968 дар Беллефонте иёлати Пенсилвания нависандаи жанри асарҳои тахайюлӣ Ҷефф Вандермеер барандаи ҷоизаи Nebula таваллуд шудааст.

dzheff-vandermeerҶеффри Скотт Вандермеер дар оилаи биохимик ва рассом ба воя расидааст. Ў дар Донишгоҳи Флорида дар Гейнсвилл таҳсил карда, се сол рўзноманигорӣ ва сипас адабиёти англисиро бо ихтисоси иловагӣ дар таърихи Амрикои Лотинӣ омӯхтааст, вале соҳиби диплом нашуд. Дар соли 1992, Вандермеер узви Семинари Шарқи Кларион шуд, ки дар он ҷо дар солҳои 2000-ум ба таълим шурӯъ кард.

Вай чунин мешуморад, ки тахайюлот ин хаёл нест, балки як навъ воқеияти ниҳоние мебошад, ки ҳанўз то пайдо шудани ҷаҳони мо арзи ҳастӣ дошт.

Ҷефф дар мактаб ба навиштани ҳикояҳо дар жанрҳои тахайюлӣ ва даҳшатнок шурӯъ кард ва дар охири солҳои ҳаштод аллакай онҳоро дар матбуот нашр мекард. Бархе аз корҳои аввалини ӯ ба тазкираҳо, аз ҷумла маҷмӯа аз силсилаи “Беҳтарин дар сол” шомил шудаанд. Соли 1989 Вандермеер «Китоби қурбоққа» ва соли 1996 маҷмӯаи «Китоби маконҳои гумшуда»-ро худаш нашр кард. Илова бар ин, Ҷефф шеърҳо менавишт, ки яке аз онҳо дар соли 1994 барандаи ҷоизаи Reisling шуд.

Имрӯз асарҳои ӯ ба даҳҳо забон тарҷума шудаанд. Масалан, ба забони русӣ шумо метавонед силсилаи чандҷилдаи зерини Ҷеффро мутолиа кунед: “Амбера”, “Венисс”, “Минтақаи X” ва «Борн».

Яке аз маҷмӯаҳои бадеии кӯтоҳи Вандермеер «Шаҳри поксириштон ва беақлон», ки дар шаҳри бофтаи Амбра ҷойгир аст, мақоми мазҳабӣ пайдо кард ва ҳаракати нави аҷиби адабиро маъмул кард.

Ҷеффро “яке аз шахсиятҳои барҷастаи адабиёти бадеӣ дар Амрикои муосир” меноманд. Ў ҳамчун муаллиф  сазовори ҷоизаҳои сершумор мебошад.

Соли 2011 дар Екатеринбург нависандаи рус Иван Соколов даргузашт.

Соли 2022 дар Текоа шоир ва тарҷумони исроилии рус Игор Бялский, муҳаррири маҷаллаи Ерусалим ва сомонаи «Anthology Jerusalem», дар синни 72-солагӣ даргузашт.

Вай хатмкардаи Донишкадаи политехникии Перм (1971), муҳандиси автоматика ва телемеханика буд. Дар Институти тадқиқотии мошинҳо ва системаҳои идоракунӣ (НИУМС) кор мекард ва инчунин (пас аз хатми факултаи касбҳои ҷамъиятӣ) дар Донишкадаи политехникии Перм аз фалсафа дарс додааст.

Соли 1973 ба Тошканд кӯчид. Ў яке аз муассисони маҳфили ҳаваскорони суруди Тошканд «Апрел» (1975) ва ҷашнвораҳои суруди муаллифии Чимгон (1977-1989) ба узвияти Иттифоқи нависандагони ИҶШС (1987) пазируфта шудааст. Соли 1990 бошад ба Исроил муҳоҷират кард ва соли 2005 аз Байтулмуқаддас ба шаҳраки Текоа кӯчид.

Шеърҳояш ба тазкираҳои «Қитъаҳои аср», «Улисси озодшуда», «Суруди муаллиф», тарҷумаҳояш бошад ба тазкираи «Қитъаҳои асри II» дохил карда шудаанд.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА