Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 8-уми июл
Соли 1621 дар Шато-Терри масалнависи фаронсавӣ Жан Лофонтен ба дунё омад. Лафонтен дар синни 33-солагӣ ба эҷодиёт шурӯъ кардааст. Нахустнамоиши адабии нависанда маҳзакаи «Хоҷасарой» буд, ки соли 1654 нашр шудааст. Асар бо гуногунрангии аҷоиб, зебоманзарӣ ва латофати худ ҷолиби диққат аст.
Хидмати хоси нависанда дар офаридани жанри махсуси масалҳои шоирона аст, ки дигар адабиёти ғайриҷиддӣ ба шумор намеравад. Навоварии масалнавис дар он аст, ки вай ба масал қаҳрамони нав – одами одиро дохил мекунад ва бо ҳамин жанр осон мешавад.
Нашри аввалини масалҳо «Масалҳои Эзоп аз ҷониби Лафонтен», ки соли 1668 нашр шуда буд, 6 китоб ва нашри соли 1693 аллакай 12 китоби масалҳоро дар бар мегирифт.
13 апрели соли 1695 дар синни 73-солагӣ дар Порис тарки олам кард.
Соли 1889 шумораи аввали рӯзномаи «The Wall Street Journal» аз чоп баромад. Ин яке аз муҳимтарин ва пурнуфузтарин рӯзномаҳои иқтисодӣ-сиёсии ҷаҳон аст, ки маркази он шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад.
Соли 2010 адади нашри он 2,1 миллиону 400 ҳазор нусха эълон шуда буд. Дар бораи навгониҳои сиёсат, иқтисод, молия ва фарҳанг менависад.То соли 2003 пуртиражтарин газетаи ИМА буд, аммо баъдан USA Today ба теъдод аз он гузашт.
Соли 1892 дар Портсмут нависанда, шоир ва мунаққиди англис Ричард Олдингтон таваллуд шуд. Аз осори машҳури ӯ метавон ба “Марги як қаҳрамон” ва “Ҳамаи одамон душманонанд” ишора кард.
Олдингтон дар оилаи вакили мудофеа дида ба олам кушод ва дар коллеҷи Дувр дар назди Донишгоҳи Лондон таҳсил намуд. Ба сабаби вазъи мушкили молӣ натавонист ба таҳсил идома диҳад ва соҳиби дараҷаи илмӣ шавад. Соли 1911 ҳамсари ояндаи худ Ҳилду Дулитл (шоири амрикоӣ, ки бо номи Х.Д. машҳур аст), шинос шуд. Ду сол баъд издивоҷ карданд, вале нахустфарзандашон мурда таваллуд шуд.
Соли 1912 Олдингтон шомили маҳфили тасвиргароӣ (имажистҳо) мешавад.
“Образҳо”, “Ҷанг ва муҳаббат”, “Марги як қаҳрамон”, “Духтари сарҳанг”, “Посухҳои кутоҳ”, “Занон бояд кор кунанд”, “Ҳафт нафар муқобили Ривза”, “Ҳерсог”, “Номдузд Лоуренс”, “Чеҳраи балвогар” аз ҷумлаи китобҳои ӯ мебошанд, ки солҳои гуногун чоп шудаанд.
Олдингтон 27-уми июли соли 1962 дар синни 70-солагӣ тарки олам кард.
Соли 1900 нависанда, рӯзноманигор, мунаққиди театр ва публистисти украинӣ Юрий Смолич зода шуд. Вай Раиси Иттиҳоди нависандагони Украина, котиби Иттиҳоди нависандагони СССР, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ буд.
Романҳои “Хоҷагии доктор Галванеску”, “Баъд чӣ шуд”, “Боз як сонеҳаи зебо”, “Сабаби чаҳорум”, “Чилу ҳашт соат”, асарҳои сегонаи “Асрори мо”, “Бачагӣ”, “Ҳаждаҳсолагӣ”, “Онҳо нагузаштанд”, “Мо ҳамроҳ дар ҷангҳо будем”, “Субҳи баҳр” номгӯи баъзе асарҳои ӯ мебошанд.
Юрий Самолич 26 августи соли 1976 дар синни 76-солагӣ дар шаҳри Киев аз олам рафт.
Соли 1932 дар шаҳри Қрими Куҳан дар синни 51-солагӣ нависандаи лаҳистонитабори рус Александр Грин вафот кард. Вай фарзанди Александ Грини лаҳистонӣ буд, ки ба Русия табъид шуда буд.
Грин дар кӯдакӣ ва навҷавонӣ романҳои моҷароии Майн Рид, Густав Оморро мутолиа менамуд, қиссаву достонҳои тахайюлӣ мехонд.
Бисёр мехост дарёнавард шавад, вале ҳаргиз ба ин муваффақ нашуд.
Мунаққидони рус дар замони ҳаёташ ба асарҳои ӯ таваҷҷуҳ накарданд ва ӯ дар тангдастӣ дар шаҳре, ки ба дунё омада буд, аз олам рафт. “Бодбонҳои сурх”, “Ҷаҳони нуронӣ”, “Занҷири тиллоӣ”, “Хиромидан бар амвоҷ”, “Роҳе ба нокуҷо” аз ҷумлаи офаридаҳои ӯ мебошанд.
Соли 1937 нависанда, мутарҷим ва фаъоли иҷтимоии аҳли Арманистон Аксел Бакунс ба ҷурми бофтаву сохтаи таблиғоти зиддишӯравӣ ба қатл расонда шуд. Вай дар як хонаводаи деҳқон ба дунё омада буд. Соли 1923 Донишгоҳи кишоварзии Харковро хатм кард ва дар ноҳияи Зангезур агроном шуд.
Соли 1934 вакили Арманистон дар Анҷумани аввалини Иттиҳоди нависандагони СССР буд.
Аввали соли 1937 барои таблиғоти зиддишӯравӣ боздошт ва тибқи рӯйхате, Иосиф Сталин шахсан имзо кардааст, парронда шуд.
Соли 1955 ба сабаби исбот нашудани иттиҳом баъд аз маргаш сафед шуд. Соли 1957 дар хонае, ки бузург шуда буд, осорхона боз карданд.
Таҳияи Б.Шафеъ