Дар Телеграмканали мо аз Тэтсуо Миура “Оташаки гумроҳ”-ро бихонед
Китобест аз нависандаи суннатгарову анъанапарасти Ҷопон, тарафдори урфу одатҳои миллӣ Тэтсуо Миура. Адиби маъруф масъалаҳои муҳими рўз, ки тамоми аҳли Ҷопони даҳсолаи охири асри гузаштаро ба ташвиш оварда буданд, ба миён мегузорад. Оқибатҳои талхи ҷанги дуюми ҷаҳон, аз байн рафтан ё паст шудани деҳоти патриархалӣ, танҳоии одам дар олами сармоя ва ғайра мавзуъҳои асосии новеллаҳои ў ба шумор мераванд.
Эҷоди нависандаи закӣ ва хушзавқи ҷопонӣ воқеӣ буда, мағз андар мағзи он омехтаи фикру андешаҳои инсондўстию одампарастӣ мебошад. Хусусияти нотакрор ё фарқкунандаи асарҳои ў ин истифодаи лирика ва дақиқияти руҳия ба шумор меравад.
Профессор Шамсиддин Солеҳов дар сарсухан ба ин китоб менависад: Насри муосири Ҷопон бо чандин сифатҳои ҷолиби адабию ҳунарии нотакрораш дар байни хонандагони муосири адабиёти ҷаҳон шўҳрат дорад. Нависандагони муосири ин кишвар, дар баробари суннатгароӣ ва таъсирпазирӣ аз дастовардҳои адабиёти гузаштаю муосири халқҳои мутамаддин, дар замони мо осореро ба вуҷуд меоваранд, ки он дар ҳамаи гўшаю канори дунё мавриди таваҷҷуҳи хонандагони сершумор ва аҳли завқ мебошад. Чандин нафар аз нависандагони муосири ин кишвари офтобрўя барандаи баландтарин ҷоизаи адабӣ – ҷоизаи ҷаҳонии Нобел гардиданашон, далели равшани эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кардани адабиёти муосири Ҷопон мебошад. Имрўз, адибони бузурге мисли Акутагава, Оэ, Кавобата, Кайков ва чанд нафари дигар аз дўстдоштатарин нависандагони хонандаи муосиранд. Ҷолибияти осори адибони номбурда на танҳо дар тасвири ҳодисаю воқеаҳои нотакрор ва ҳолатҳои нигаронкунандаи рўзгори инсони муосир зоҳир мешавад, балки онҳо бо умқу паҳнои пурдоманаи таҳлили бадеии ҷаҳони ботинӣ, вазъи рўҳию равонӣ ва жарфнигарӣ ба дунёи фикру андешаи инсони муосир фарқ мекунанд.
Дар насри муосири Ҷопон инсон бо ҳама паҳлуҳои иҷтимоию инфиродияш, бо ҳама шодию ғамаш, бо ҳама сарфарозию сарафкандагияш, хулоса бо ҳама расоию норасоияш воқеъбинона ба қалам дода мешавад, ки он сабаби дигари мавриди таваҷҷуҳи хонандагон ва шўҳрати зиёд пайдо кардани адибони ин кишвар мебошад. Ин осор дар байни гурўҳи муайяни хонандагони тоҷик ҳам маъруфияту маҳбубияти хос дорад. Мутаассифона, то имрўз ба забони тоҷикӣ асарҳои хубу шоистаи нависандагони Ҷопон тарҷума ва нашр нашудааст, ки ин камбудии ҷиддии дастандаркорони тарҷумаи бадеӣ ва ноширони мо мебошад. Аз ин ҷиҳат, иқдоми рўзноманигори варзидаи тоҷик, Абдуғаффор Қурбонов кўшишест, ба хотири ислоҳи ин камбудии соҳаи тарҷумаи бадеии мо, ки он бешубҳа шоистаи табрик ва истиқболу дастгирист. Зеро Т. Миура аз ҳикоянависони ҷопонист, ки осори ў то имрўз, ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва борҳо ба нашр расидааст. Мо бо осори ин адиби худвижа ҳанўз солҳои 80-уми асри гузашта ба воситаи тарҷимаҳои русии онҳо ошно гардида будем.
Вале имрўз, хушбахтона, тавассути заҳмати Абдуғаффор Қурбонов ва нашри маҷмўаи мазкур имкон фароҳам меояд, ки доираи васеи хонандагони тоҷик бо дунёи рангини рўзгори мардуми Ҷопон, ҳунару истеъдоди адабии Т. Миура ва дунёи нотакрори асарҳои ў аз наздик ошно гарданд.
Суханро дароз намекунем, балки ин китоби хуби хонданиро комил ин ҷо мегузорем, то аз мутолиаи он баҳраҳо бардоред.
Китобро ин ҷо дарёфт кунед: ОТАШАКИ ГУМРОҲ