Таърих чист? Илм аст ё фан?
Таърих чист? Илм астё фан? Чаро гузаштаро муаллими оянда меноманд? Чаро мо гузаштаи худро бояд донем? Омўзиши илми таърих чӣ аҳамияте дорад? Кӣ ба ин суолҳо посухи мукаммал гуфта метавонад?
Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ таърихро ошнокунандаи кору пайкор дар роҳи худшиносию бедорӣ қаламдод карда, муаррихро марди роҳ номидааст. Чӣ гуна будани “илм”-у “фан” тафовут ва душвору осон будани соҳаҳои гуногуни илму донишро бархе аз одамон ғалат мефаҳманд ва дар байни онҳо кам ҳам бошад, ба ҳар сурат одамонеро метавон вохўрд, ки як илмро осон ва дигар илмро душвор меноманд. Ба хотири эҳтироми адолат бояд гуфт, ки ҳар як илм душвору осон аст.
Ҳар як офаридаи табиати пурасрор маънову ҳикмату ҷавҳаре дорад ва ҳамоҳангии комиле миёни мавҷудоти олам ва қонунҳои ҳоким бар онҳо мавҷуд аст. Низоми табиати пурасрор ба он гунаест, ки афроди соҳибхирад бо заҳмату хираду ақлу ҳушаш метавонад ин ҳама марҳалаҳои такомули маънавию ахлоқиро пушти сар ва дарки ин ҳама асрору муаммо кунад. Масалан, хидматҳои Бартолди таърихшинос, Оранскийи забоншинос ва Николсони адабиётшиносро метавон мисол овард, ки на ҳар як табиатшинос ё кимиёдон карда метавонад. Ин ҳама андешаҳои як тан аз фарзандони худшиноси замони мост, ки дар роҳи омўзиши илми таърих баён доштааст.
Маҷмуаи “Таърих чист?” ба таври силсила бо иқдому ташаббуси профессор Абдулҳай Комилӣ 2018 чоп шудааст. Рисолаи мазкур аз даҳ боб иборат буда, дар он роҷеъ ба чигунагии таърих, яъне, ба ибораи дигар, ба суолхои “Таърих чист?”, “Оё таърих илм аст ё фан?”, “ Кист таърихшинос ё муаррих?” ба таври мухтасар посух хоҳед ёфт.
Ин китоби хурдакак бо посух ба суолҳои ёдшуда барои хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва ҳам барои донишҷўёни курсҳои ибтидоии донишкадаву донишгоҳхо ва умуман барои тамоми дўстдорони илми таърих тавсия шудааст.
Китобро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Ойҷонгул ДАВРОНОВА,
сармутахасси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.