Намояндагони Донишгоҳи санъати Ҷумҳурии Исломии Эрон Китобхонаи миллиро тамошо карданд
Як гурӯҳ намояндагони Донишгоҳи санъати Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ҳамакнун бо даъвати Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмони кишвари мо мебошанд, аз Китобхонаи миллӣ дидан намуданд.
Онҳо бо шароити ин боргоҳи маърифат аз наздик ошно шуданд, осорхонаҳои китобро тамошо ва дар дафтари ёддошти меҳмонон қайдҳо карданд.
Ба меҳмонони эронӣ Осорхонаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир бештар писанд омад ва барояшон мароқангез буд, ки дастхатҳои нодир чӣ гуна ҳифз мешаванд ва киҳо аз он баҳра мебардоранд.
Онҳо қадимитарин дастхатҳо ва нусхаҳои қаламиро тамошо карданд ва ба суолҳои худ дар мавриди ин китобҳо посух дарёфт намуданд.
Барои меҳмонон мусаввараи Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарифзода, ки дар пештоқи ошёнаи сеюм ҷой гирифтааст, мавриди писанд қарор гирифт ва ошноӣ бо рамзҳои он, ки таърихи беш аз ҳазорсолаи миллатро инъикос мекунад, барояшон таассуроти амиқ гузошт.
Азиза НИЁЗОВА, мутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.