Китоби нав. Муҳаммад Ғоиб: “Сояравшан”
«Сояравшан» романи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдулло Рўдакӣ ва дорандаи Ҷоизаи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, ба номи Чингиз Айтматов мебошад, ки аз боби ҷаҳонишавӣ ва пайомадҳои хубу зуҳуроти номатлуби он ҳикоят карда, мулкдоронро ба роҳи дурандешию муҳофизати сарватҳои моддию маънавӣ ҳидоят менамояд.
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб муаллифи зиёда аз 40 асар, аз ҷумла «Турнаҳо», «Роҳи деҳа», «Фарёди ёдҳо», «Меҳри гиёҳ», «Хоки ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгаштапайдо», «Роҳи каҳкашон», «Пойгаҳ», «Ватани Наврӯз», «Фархундапай», «Шоҳи Ҳамадон », «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Девон» «Каъбаи дил», «Подарок» (бо забони русӣ), «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» ва ғайра мебошад.
Ҳамчунин якчанд очерку новеллаҳои телевизионӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Драмаҳои машҳури “Шоҳи Ҳамадон”, “Мири Кабир”,”Имоми Аъзам”,”Арвоҳзада”,”Зиндамаргон”, “Волидони беворис“, филмномаҳои “Гумгаштапайдо”, “Пуштаи хандақпеч”, “Ҳасрати дидор”,”“Вафодор” ва ғайра маҳсули эҷоди ӯянд.
Фарҳод САЛИМ,
мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд.