Муаррифӣ: “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ”
Матолиби китоби “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ” ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хидматҳои мондагору бесобиқаи Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудаанд. Бо эълони озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ин муносибат маводи зиёди ҷолибу арзанда аз муаллифони касбу кори гуногун ба рӯзнома ва ворид шуданд ва ба табъ расиданд.
Аз ин миён, рамзан, 30 мақолаи беҳтарини озмунӣ дар ин китоб ҷой гирифтааст. Онҳо бори дигар ёдовар мешаванду собит месозанд, ки мо ба ин рӯзҳои нек, ободониву шукуфои кишвари маҳбубамон бо заҳматҳои бесобиқаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидем.
Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин кишвару миллатро аз вартаи ҳалокат раҳонд ва ба оламиён чун давлати таърихан тоҷвар ва мардуми тамаддунофари олам муаррифӣ намуд.
Китоби “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ”, ки хидматҳои ин абармарди ҷаҳонӣ сиёсатро бозтоб мекунад, туҳфаи арзандаест барои ҳар фарди худогоҳу хештаншинос ва мероси пурарзише ба наслҳои онядаи миллати тоҷдори тоҷик.
Китоби “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Меҳрангез МУҲАББАТОВА