Бо бачаҳо. Ду афсона аз мардуми Куриё
Ин ду афсона аз китобе бо номи “Бахти осмонӣ”-ро ҳамкорамон Зуҳро Матимова таҳия кард, ки соли 2022 нашриёти “Адиб” чоп кардааст. Аслан афсонаҳо хосияти хуби тарбиявӣ доранд ва бо содагиву равонии худ метавонанд ба зудӣ ба дилҳо роҳ ёбанд ва инсонҳоро ба роҳи неку хуб ҳидоят созанд. Ду афсонаи интихобӣ ҳам ҳамин гуна хосият доранд.
Вале ин китоб танҳо ҳамин ду афсонаро надорад, балки афсонаҳои дигар ҳам канори онҳо ҷо гирифта, ки шавқовару хонданианд. Шумо, хонандагони азиз, китоби “Бахти осмонӣ”-ро метавонед дар толори хониши адабиёт барои кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бихонед.
СЕ БАРОДАРОН
Як замон дар ин ҷаҳон се бародар зиндагӣ мекарданд. Рўзе онҳо нияти ёфтани мардумгиёҳ карданд, то ки сарватманду осудаҳол бишаванд. Бахташон хандид ва мардумгиёҳе ёфтанд, ки бисёр гаронбаҳо буд.
Ду бародар забон як карданд, ки:
– Бародари сеюмамонро ба ҳалокат мерасонему ҳиссаи ўро ҳам соҳиб мешавем!
Ҳамин тавр ҳам карданд. Ва баъд ҳар яке аз он бадкорон дар бораи он меандешид, ки чӣ тавр бародари дигари худро ҳалок бисозаду ҳақашро аз худ бикунад.
Бо ҳамин хаёлҳо ба деҳае расиданд.
– Бирав, – гуфт яке ба дигарӣ, – аз дўкон шароб бихар, ман интизорат мешавам.
Вақте ки он бародар шароб харида баргашт, ин бародар худ ба худ гуфт:
– Агар ҳозир ўро ҳалок бикунам, ҳам шаробаш аз ман мешаваду ҳам гиёҳи сеҳрнокаш!
Вай бародарашро паронда, ҳарисона шароби овардаи ўро нўшид. Лекин шароб заҳролуд буд, чунки бо он бародари кушташуда ин бародари худро ҳалок кардан мехост.
Ҳамин тавр, ҳар се бародар ҳалок шуданду мардумгиёҳ бесоҳиб монд.
Аз ҳамон замон кореягиҳо дигар на орзуи мардумгиёҳ доранду на ҳаваси пулу мол, танҳо ҳарчи зиётар бародар меҷӯянду халос.
Се писар
Сарватманде се писар дошт ва ҳамеша лоф мезад, ки онҳоро барои таҳсил ба хориҷа фиристода, соҳиби маълумоти беҳтарин мекунад. Ҳамин ки писари калонӣ ба воя расид, падар ўро барои таҳсил ба Чин равон кард.
Албатта, дар он кишвари бостониву заҳматписанд чизҳои сазовори омўзиш зиёд буданд. Вале бойбача ба чизе шавқ надошту фақат вақтхушӣ карда мегашт
Солҳои таҳсил сипарӣ шуданд, вале ў буду шуд як калима ёд гирифт: «во – мин», яъне «мо». Ва аз ҳар чизе, ки мепурсидандаш, ҳамин мегуфт: «Во – мин!»
Падар писари дуюмашро ба хондан фиристод. Вай танҳо як сухан ёд гирифт: «Бу – чжи – дао –ли», ки маънояш «сабабашро намедонам» аст.
Писари сеюм ҳам ба таҳсил фиристода шуд, лекин ў низ аз бародаронаш қобилтар набуд ва фақат як калимаро аз худ кард: «дуйла», яъне «дуруст», «албатта».
Баъди солҳо бародарон дар хонаи падар ҷамъ омаданд. Сарватманд фахр мекард, ки писаронаш хонда доно шудаанду на ҳар кас ҳарфашонро фаҳмида метавонанд.
Писарон бошанд, ба бекорхўҷагӣ одат карда буданд ва боз ба хориҷа рафта хондан мехостанд.
Падар пулашон дод ва бародарон ба хориҷа равон шуданд.
Боре, ҳангоми сайругашт, зоғонро диданд, ки дар болои буттаҳо парида, қар – қар мекарданд.
«Дар он ҷое, ки зоғон қар – қар мекунанд, ягон гап ҳаст, дидан даркор…» – ба ҳамдигар нигариста, гуфтанд бародарон.
Ба буттазор даромада, ҷасадеро диданд. Дар ҷои худ шах шуда, асли ҳолро меҷустанд, ки миршаб омад.
– Ин шахсро кӣ кушт? – пурсид ў.
Писари калонӣ, забондониашро нишон доданӣ шуда, гуфт:
– Во – мин!
– Барои чӣ? – боз суол дод миршаб.
Навбати писари миёна омад, ки доноии худро намоиш бидиҳад.
– Бу – чжи – дао – ли! – бо ғурур ба забон овард ў.
– Маҷбурам, ки ҳабсатон бикунам, – гуфт миршаб
Писари хурдӣ, аз бародарон ақиб мондан нахоста, бонг зад:
– Дуйла, дуйла!
Таҳияи Зуҳро МАТИМОВА,
муовини сардори шуъбаи адабиёти
кўдакон ва наврасон.