72 соли Мирзоаҳмад Нуров
Мирзоаҳмад Нуров панҷуми сентябри соли 1951 дар деҳаи Ҳиссораки ноҳияи Москав тавлид ёфтааст. Соли 1974 Омўзишгоҳи тибии шаҳри Кулоб ва Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро соли 1980 бо ихтисоси мусиқӣ ва суруд хатм кардааст. Солҳои 1974 – 1975 дар беморхонаи марказии касалиҳои дохилии ноҳияи Фархор ба ҳайси фелдшер, 1975 -1976 муовини раиси Кумитаи ноҳиявии ҷамъияти Салиби сурх будааст.
Соли 1980 методисти хонаи маданият, ва аз соли 1981 то 1990 директори хонаи маданияти ноҳия ва аз соли 1990 то1995 мудири шўъбаи фарҳанги Ҳукумати ноҳияи Фархор будааст.
Солҳои 1995-1999 мутахассиси дараҷаи 2 Шўъбаи Душанбегии оид ба фурўши пахта ва аз соли 1999то 2002 дар як вақт донишҷўи Донишкадаи давлатии андоз ва ҳуқуқ (шўъбаи), инчунин сардори шўъбаи кадрҳои нозироти андози ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе шуда кор кардааст. Аз соли 2002 директори Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев будааст.
Ҳамчун мутахассиси соҳа дар Фестивалҳои байналмилалии давлатҳои Беллоруссия (1989), Ўзбекистон (2003), Руссия, Ростови Лаби Дон (2004), Кореяи шимолӣ (2004, 2007), Қазоқистон (2008), Чин (2009) ва рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳри Москва ва Фаронса (2006) ширкат варзида, саҳм гузоштааст.
Ҳангоми ба Филармония омаданаш бисёр барномаҳои ҷолиби консертӣ таҳия намуда, дар ҳама чорабиниҳои фарҳангию иҷтимоии кишвар саҳми босазо гирифтааст.
Дорандаи медали «Хизмати Шоиста» -Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз китоби Ҳабиб Сулпймонӣ ва Мирзоазҳмад Нуров “Ифтихори миллат” таҳияи Салима ОДИНАЕВА.
Ин китоб соли 2009 аз ҷониби Вазорати фарҳанг чоп шудааст.
Китобро хонандагони муҳтарам метавонанд дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ бихонанд.