Бо бачаҳо. Ду шеър аз Муҳаммадюсуфи Шодй

Муҳаммадюсуфи-ШодйДу шеър аз шоири хуби бачаҳо Муҳаммадюсуфи Шодиро аз китоби нави ӯ “Шаҳраки занбӯрон” интихоб кардем. Ин китоби пурсурату зебо моли 2022 дар нашриёти “Адиб” чоп шудааст ва маҷмуаи шеърҳои ба тозагӣ эҷодкардаи адибро дар бар мегирад.

Кист Муҳаммадюсуфи Шодӣ? Бачаҳо бояд шоири худро бештару беҳтар бишносанд.

Муҳаммадюсуфи Шодй 25-уми  декабри  соли 1952  дар  деҳаи Бостон (собик  Эскигузар) шаҳри Ваҳдат Чумҳурии   Точикистон  таваллуд  шудааст.

Соли  1968  мактаби миёнаи  №43 –и  деҳаро   тамом  карда, соли  1968  ба  Омўзишгоҳи  маданй – равшаннамоии  чумҳуриявй  дохил  шуда,  онро  соли  1970  хатм  кард.

Моҳи  январи  соли  1971  бо  роҳхати  Омўзишгоҳ  ба  шуъбаи  маданияти  шаҳри  Ваҳдат ба кор  омад.

Аз  соли  1978  то  соли  1989  дар  мактаби №9-и  шаҳри  Ваҳдат  (ноҳияи  Кофарниҳон) ба ҳайси  омўзгор  кор  кардааст.

Аз  соли  1981 то  соли  1986  дар  шуъбаи  ғоибонаи  факултаи  таърихи Донишгоҳи давлатии омўзгории Точикистон таҳсил  кардааст.

Аз соли  1990  то  соли  1992  дар  идораи  Ахбори  Кумитаи  телевизион  ва  радиои  назди  Ҳукумати  Чумҳурии  Точикистон  фаъолият  кардааст.

Соли 2000-ум дар  Вазорати  наклиёти   Чумҳурии  Точикистон  ба ҳайси Сардори  маркази  матбуот  кор  карда,  нашрияи  «Нақлиёт» – ро  таъсис  додааст.

Соли 2004 ба Донишкадаи наклиёти Точикистон ба кор  гузашта, дар вазифаҳои мудири  шуъбаи  илм, мудири  шуъбаи  табъу  нашр  ва  мушовири  ректор  кор  кардааст.

Муаллифи китоби «Эскигузар», очерки таърихию илмӣ илмй бо ҳаммуаллифии Бурҳониддин Каримзода китобҳои «Меҳнати  ҳалол  ва  кадри  инсон» Душанбе – 2005,  «Зиндагй  дарёст»  Душанбе – 2007), рисолаи  «Зарбаҳои  руҳй  ва  инкишофи  шахсият», Душанбе – 2006  ва  чандин  дастурҳои  методй  оид  ба  таълими  фанни  Асосҳои  давлат  ва  конун, Мачмўи  мазуъҳои  лексионй  оид  ба фанни сотсиология буда, пайваста дар матбуоти даврй  маколаҳои  таҳлилй  менависад.

Муддате дар ҳафтавори «Нури зиндагй» фаъолият кардааст.

Аз соли  2008 то 2015  вазифаи   Котиби  матбуотии  Фурўдгоҳи   байналмилалии Душанберо бар уҳда дошт. Узви Иттифоки  журналистони  Точикистон   мебошад.  Имрўзҳо  дар  нафака  буда, дар  ҳалкаи  фарзандону  наберагон  давлати  пирй  дорад.

Инак, он ду шеър:

Мусичаи бехунар

Аз  рўи  ҳавлии  мо,
Аз  зери  гулбуттаҳо.

Мусича  ногаҳ парид,
Куртачаи ў  дарид.

Мусича рафту башаст,
Гўшаяки  бом  нишаст.

Сўзану ресмон гирифт,
Як  пари  калон  гирифт.

Зўр зада  духтанй шуд,
Пари  калонро ба худ.

Пар, ки пари зоғ буд,
Миёнакаш роғ буд.

Ин ҳамаро  мошон дид,
Мияв- мияв, хандид.

Гуфт  мусии  беҳунар,
Лонаатро  гир  хабар.

Шояд, ки аз пари худ,
Куртаатро дўзй  зуд.

Роғ – кушода, миёнаи пар кушода аст.

Мусӣ – мусича

Амри гурба

Гурбаи  мо гуфт  мияв,
Фирдавс  гуфто  палав?

Гурба  сараш   чунбондаст,
Гўё, ба ў фаҳмондаст.

Мияв-мияв-мияв, не,
Хўроки  ман  палав не.

Қаймоку шир аз яхдон,
Гирифта назди  ман мон.

Сони ҳасибро  барор,
Яку  ду  гуфта  шумор.

Дар хона  муш  бисёр,
Шикори  муш  душвор.

Кити-кет аз магазин,
Оварда назди ман шин.

Хўрда  карру  фар кунам,
Баъдан корро сар кунам.

Амри гурба ичро шуд,
Муши калон кучо шуд?

Кити-кет – хӯроки гурба

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
м
утахасисси  шуъбаи  адабиёти
кудакон  ва наврасон