Истиқлол-омили рушди афкори миллии китобдорӣ
Дар муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони баналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон» бахшида ба 32 –солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, конференсияи илмӣ–амалӣ ва намоиши китоб бо унвони «Истиқлолият-омили рушди афкори миллии китобдорӣ» баргузор гардид.
Дар конференсия олимону мутахассисони варзидаи МД «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори он доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол, директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сӯфизода Шодимуҳаммад, директори муассисаи нашриявии «Ирфон», н.и.п., дотсент Ғуломзода Қурбон, Ходими пешбари шуъбаи фаъолияти китобдории Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати варҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои педагогӣ дотсет Комилзода Шариф, сардори Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Китобхонаи миллӣ, Атозода Муҳаммадиқбол, директори МД «Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию тиббӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Фирдавс, декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» Зафари Шариф, доктори илмҳои филологӣ, профессор М. Муродӣ, доктори илмҳои филологӣ А. Азимов ва маҷаллаҳои “Тоҷикистон”, “Илм ва Ҳаёт” ва рӯзномаи “Баҳори Аҷам” ҳайати кормандони Хонаи китоби Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар оғоз Директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони баналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон» Нодирзода Сайзароб ҳозиринро бахшида ба 32- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрику таҳният гуфта, зикр карданд, ки «воқеан, истиқлолу озодӣ бузургтарин неъмат, шаъну шараф, нангу номус, обрӯю эътибори ҳар соҳибватан ва шарти асосии мавҷудият ва ифтихори миллат ба ҳисоб меравад. Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти миллати тоҷик рӯйдоди муҳимми таърихӣ буда, дар баробари дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои пешрафти илму маориф, фарҳанг, аз ҷумла рушди соҳаи китобдорӣ шароитҳои воқеан мусоидро фароҳам овард».
Мавсуф инчунин, қайд намуд, ки аз солҳои аввали Истиқлолият соҳаи китобдорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва хосатан аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ меёбад. Аз ҷумла қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, консепсия ва барномаҳои рушди соҳаи китобдорӣ, бунёди китобхонаҳои нав дар марказҳои шаҳру деҳоти мамлакат гувоҳи онанд.
Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафар Шосаидзода, дар доираи мавзуи «Масъулияти падару модар дар раванди таъмини ҳуқуқи дастрасии фарзандон ба иттилоот» иброз дошт, ки дар шароити ҷомеаи муосири демократии иттилоотӣ яке аз ҳуқуқҳои муҳими конститутсионии кўдакон ин ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ба шумор меравад. Он дар асноди байналмилалӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои кўдак вобаста ба таъмини дастарсӣ ба иттилоот инъикос ёфтааст. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи дастрасии кўдакон ба иттилоот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» (18.06.2008, № 411), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз (18.03.2015, №1196) «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак», дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, аз ҷумла «Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдак» иборат мебошад. Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26.06.93 ба «Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдак» ҳамроҳ шуд ва он барои кишвари мо аз 25.11.93 эътибор пайдо кард. Ба андешаи С. Шосаидзода,- «дар чунин шароит масъулияти ниҳодҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла оила, падару модарон, китобхона ва ҳамаи онҳое, ки ба таълиму тарбияи насли наврас ҷалб гардидаанд, бештар мегардад. Аз ин ҷост, ки мақоми олии қонунгузори кишвар ба масъалаи такмили қонунгузории миллӣ дар самти мушаххас намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои волидайн вобаста ба таълиму тарбияи фарзандон эътиборӣ ҷиддӣ медиҳад».
Сипас, ходими пешбари шуъбаи фаъолияти китобдории Пажўҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати варҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода дар мавзуи «Проблемаҳои библиографикунонии ҳуҷҷатҳои чопӣ ва электронӣ дар даврони истиқлол»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷумла иброз дошт, ки «имрўз муҷаҳҳазнамоии марказҳои китобдорӣ бо технологияи замонавӣ фаъолияти библиографон ҷараёнҳои навро касб намудааст. Мо бояд дар қатори масъалаи библиографинамоии маҳсулоти чопӣ ва ѓайри чопӣ масъалаҳои рақамигардонии маводи иттилоотӣ, бунёди захираҳои иттилоотӣ электронӣ, сомонаҳо, баргардони захираҳои бузурги китобии китобхонаҳо, созмондиҳии китобхонаҳои вертуалӣ ва омоданамоии мутахассисони соҳибтахассус ва соҳибмалакае, ки ба рушди минбаъдаи фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо ва марказҳои иттилоотӣ муҳиманд, низ мавриди таҳқиқ қарор диҳем». Ба андешаи Шариф Комилзода «нақши библиография дар тарѓиби осори чопӣ ниҳоят бузург аст. Ба рушди он дар ҳама давру замон аҳамияти муҳим дода мешавад, хусусан дар замони истиқлол. Рушди библиография ба рушди тамоми самтҳои муҳими илмӣ-амалии ҷумҳурӣ, хусусан хоҷагии халқ мусоидат менамояд» ҷамъбаст намуда, ҳозиринро ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи нақши Президенти мамлакат дар рушду нумуи соҳаи китобдорӣ даъват намуд.
Сардори Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атозода зимни ирои маърӯзаи илмӣ зикр намуд, ки «матбуоти тоҷик, ки сароғози онро рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» асос гузоштааст, яке аз масъалаҳои муҳими илми публитсистика маҳсуб мешавад. «Бухорои шариф», ки 11 марти соли 1912 дар Аморати Бухоро рӯйи нашр омадааст, яке аз сарчашмаҳои муҳимми таърихиест, ки вазъи сиёсии давр, забону фарҳанг, мактабу маориф, иқтисоду тиҷорат, сатҳи зиндагии омма, тамоюлоти сиёсию фарҳангӣ ва динию ахлоқии ҷамъиятро дар оғози садаи ХХ-ро дар доираи имконоти маънавию тахассусии худ бозгӯ намудааст.
Ба андешаи Муҳаммадиқбол Атозода «воқеан, омӯзиш ва таҳқиқу таҳлил нишон дод, ки «Бухорои шариф» то ҳол ба таври пурра бо назардошти омилҳои таърихи табъу нашр, заминаҳои пайдоиш, шумораҳои нашршуда, моҳият ва мавзуъҳо, мундариҷаи мавод, омилҳои суқут, аносир ва ташаккули жанрҳои матбуотӣ ва дигар хусусиятҳомавриди таҳқиқи диссертатсионӣ қарор нагирифтааст. Махсусан, доир ба аносири жанрии ин рӯзнома пажӯҳишгаре дахолат накардааст».
Декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф зимни баррасии мавзуи «Фаъолияти китобдорӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ба соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, рушди онро дар маркази фаъолияти хеш қарор доданд. Сарвари давлат ҷавҳари ҳастии миллатро дар пойдории фарҳанги миллии он дониста, маҳз китобдорию баҳрабардорӣ аз китоб ва китобофарии халқи тоҷикро яке аз воситаҳои боэътимоди наҷот ва бақои миллат маънидод карданд.
Ба андешаи Зафари Шариф воқеан, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, бавижа илму маориф ва фарҳангро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ қарор дода, вобаста ба ин тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодаааст. Ҳадафи асосӣ баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокии миллат, боло бурдани сатҳу сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мебошад.
Дар охир, оид ба натиҷаҳои конференсия миёни иштирокчиён табодули афкори судманд сурат гирифта, меҳмонону иштирокдорон фикру андешаҳои худро оид ба истиқлолият, ҳувият ва худшиносии миллӣ баён намуданд. Намоиши китобҳои тозанашри МД “АМСБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон” низ хеле ҷолибу хотирмон буд.
Ҳикматов НУРАЛӢ, мудири шуъбаи
қабули нусхаҳои ҳатмӣ ва
ҳифзи осори нашрӣ