Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 13-уми сентябр
Соли 1785 дар шаҳри Мадрид дар синни 60-солагӣ ношири испонӣ Иоаҳим Ибаро аз олам гузашт. Вай 20 июли соли 1725 дар Сарагос таваллуд шуда буд. Иоаҳим Ибаро соли 1779 масъули чопи Академияи подшоҳии Испания таъин гардид. Дар ин кишвар санъати чопи китобро хеле такмил дод.
Нашрҳои хеле зебову хуб ороишёфтаи Инҷил, “Таърихи Испания”, романи “Дон Кихот”-и Сервантес маҳз дар нашриёти ӯ чоп шудаанд..
Соли 1849 нависандаи машҳури рус Николай Гогол баъди зиёрати яксола аз маконҳои муқаддас ба шаҳри Москав баргашт. Гоголро поягузори равияи адабии реализми интиқодӣ ва яке аз бузургтарин танзпардозони ҷаҳон медонанд.
Николай Гогол 20-уми марти соли 1809 дар губернияи Полтаваи Русия ба олам омада буд. Нависандагоне бузурге чун Михаил Булгаков, Фёдор Достоевский, Рюноскэ Акутагава, Фланнери О Коннор, Франс Кафка иқрор буданд, ки таҳти таъсири эҷодиёти Гогол қарор доштанд.
Дар бораи рус ё украин будани нависанда то ҳол баҳс меравад ва худи ӯ низ ҷойе дақиқ ба мансбияти миллиаш нанавиштааст. Аз сӯи дигар то кунун ягон асари Гогол пайдо нашудааст, ки ба забони украинӣ навишта шуда бошад.
Сабаби марги ӯ низ то кунун баҳсбарангез аст ва як фарзияи дақиқ дар бораи бемории адиб, ки билохира ӯро ба бистари марг кашидааст, вуҷуд надорад.
Николай Голог бидуни шак нависанда бузурги сатҳи ҷаҳонист ва аз ӯ осори гаронмоя барои наслҳои баъдӣ боқӣ мондааст. “Шабҳо дар канори деҳкадаи Диканко”, “Миргород”, “Тарас Булба”, “Вий”, “Достонҳои питербургӣ”, “Хиёбони Нева”, “Шинел”, “Ҷонҳои мурда”, “Муфаттиш” аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои ӯ мебошанд.
Чанд асари ӯ ба забони тоҷикӣ низ тарҷума шудааст. Аз рӯи мазҳакаи ӯ “Муфаттиш” бо ҳамин ном дар театри ба номи Лоҳутӣ намоишнома таҳия шуда буд.
4 марти соли 1852 аз олам гузашт. Ҳамагӣ 42 сол умр дид.
Соли 1872 дар Нюрнберг дар синни 68-солагӣ файласуфи олмонӣ Людвиг Фейербах вафот кард. Вай 28 июли соли 1804 таваллуд шуда буд.
Людвиг Фейербах соли 1833 ҷилди якуми китоби «Таърихи фалсафаи муосир»-ро нашр кард. Фейербах фалсафаи худро фалсафаи оянда меномид, зеро ў тафаккури инсонро субъекти ҳақиқӣ мешуморад, чунки ба ақидаи ў инсон маҳсули табиат аст. Бинобар ин вай яке аз асарҳои худро «Муқаррароти асосии фалсафаи оянда» унвон кардааст. Асарҳои дигари машҳури ў «Дар бораи танқиди фалсафаи Гегел», «Моҳияти насроният», «Мулоҳизаҳои пешакии ислоҳоти фалсафа» мебошанд.
Соли 1886 Фридрих Энгелс пас аз вафоти Карл Маркс асаре навишт бо номи “Людвиг Фейербах ва поёни фалсафаи классикии олмонӣ”, ки соли 1888 дар рӯзномаи «Die Neue Zeit» чоп шуд.
Соли 1876 дар Камден, иёлати Огайо нависандаи амрикоӣ Шервуд Андерсон ба дунё омад. Машҳуртарин нависандагони Асри тилоии достонҳои кутоҳи Амрикост. Ҳикояҳои Андерсон ривояти табақаи миёнаҳоли ҷомеаи Амрикост. Ҳаёти инсонҳое, ки аз бисёр неъматҳо маҳруманд, аммо ҷойи рафт надоранд, ба ҳамон зиндагӣ ва ҳамон тарзи ҳаёт қаноат доранд.
Забони ривояту тасвирҳои ӯ аз вижагиҳое бархӯрдор аст, ки бо вуҷуди осори маҳдуд ӯро омили гузар сабки достоннависсии қарни 19-ум ва омилҳои шаклёбии достони кутоҳи муосир меноманд.
Андерсон 8 марти соли 1941 дар синни 62-солаги аз олам даргузашт. Вай дар як сафари тафреҳии баҳрӣ, ки бо ҳамсараш ба Амрикои Ҷанубӣ анҷом дод, дучори бемории дил шуд. Ба ҳадде ки маҷбур шуддар миёнаи мусофират киштиро так гуфт ва ба бемористон муроҷиат кард. Талоши табибон натиҷа надод ва Андерсен даргузашт. Колбадшикофӣ нишон дод, ки вай тасодуфан дандонкобро балъидааст ва ин дандонкоб болиси осеб ва уфунати дигар аъзои бананаш шудааст.
“Мардони пиёда”, “Хнадаи сиёҳ”, “Тор: Даврони кӯдакӣ дар ғарби Миёна”, “Фаротар аз ҳавас”, “Уайнсбург, Огойё”, “Дарк Лаугҳтер” номи чанд романи ӯ мебошад.
Соли 1894 дар Лодз (яке аз буругтарин шаҳрҳои Лаҳистон) нависанда, шоир, тарҷумон ва рӯзноманигори лаҳистонӣ Юлиан Тувим таваллуд шуд. Вай дар оилаи марди яҳудӣ зода шуд ва бародари Ирэна Тувим – шоир ва тарҷумони аҳли Лаҳистон буд.
Аввалин шеърашро бо номи “Илтиҷо” соли 1913 навишт. Худаш иқрор шудааст, ки дар солҳои аввал зери таъсири Уитмен (шоир ва мақоланависи амрикоӣ) ва Рембо (шоири фаронсавӣ) менавишт, чун осори ин дуро зиёд хонда буд.
Шеъру достон ва повесту романҳои зиёдеро аз адабиёти русу Шӯравӣ ба лаҳистонӣ баргардон кардааст.
Юлиан Тувим аз оғоз вазъи саломатии хубе надошт ва ҳамеша аз бемориҳои асаб азият мекашид. Гузашта аз ин рӯ ба шароб овардан ва дар шумори майзадаҳои ҷо гирифтан ба кори эҷодиву зиндагии осоиштаи ӯ халал ворид мекард.
27 декабри соли 1953 дар синни 59-солагӣ дар бемористон бар асари сактаи қалбӣ аз олам гузашт.
Соли 1929 дар деҳаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом донишманди тоҷик Ҷонон Карим (Ҷонон Бобокалонова) таваллуд ёфтааст. Аз соли 1950 дар аспирантураи Институти давлатии омӯзгории Душанбе таҳсил карда, соли 1958 дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург дар мавзуи «Эҷодиёти Мирсаид Миршакар барои бачагон» бомуваффаққият рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Баъдан омӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик буда, ба зинаҳои доктори илми филология, профессор, мудири кафедраи адабиёти тоҷик расидааст.
Муаллифи мақолаҳои зиёди илмиву оммавӣ буда, нахустин «Хрестоматия-китоби дарсӣ оид ба адабиёти бачагонаи советии тоҷик; 1971), «Материалҳо оид ба адабиёти бачагонаи тоҷик» (1975), рисолаҳои «Мирсаид Миршакар – шоири бачагон» (1976), «Таджикская детская литература» (1982), «Герой и время» (1991), «Аз баландиҳои кӯҳи сарбаланд» (1992) «Офтоби сари кӯҳ» (1998), «Нақши занон дар номаи шоҳон» (1998), «Боли ҳунар» (1999) ва ғайра зодаи заҳмати чандинсолаи ӯстанд.
Дар таҳриру таҳияи «Тазкираи адабиёти бачагон» (иборат аз 5 ҷилд, 1979-1984) фаъолона ширкат варзида, дар давоми чанд соли ахир 10 асари худ – «Симои занон дар адабиёти форсу тоҷик» (иборат аз 5 ҷилд), «Алломаи ҳунар», «Назаре ба таърихи танқиди адабии тоҷику форс» ва маҷмӯаи мақолаҳои «Некӣ бимонад ёдгор…..»-ро барои чоп омода намудааст.
Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1971), Аълочии мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1994) дорандаи медали «Барои меҳнати шоён» (1970) ва чандин ифтихорнома.
Соли 1991 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуда буд
17 июни соли 2005 аз олам даргузашт.
Соли 1962 дар шаҳри Таллин шоир ва нависандаи аҳли Эстония Тину Иннепалу ба дунё омад. Вай солҳои 1980-1985 риштаи зистшиносиро дар донишгоҳи Торту хатм кард.
Ба фаъолиятҳои нависандагӣ ҳамчун шои р аз соли 1985 сар кардааст ва то кунун се т маҷмуа аз осори худро мунташир крадааст.
Соли 1993 бо романи “Марзи давлатӣ” таваҷҷуҳи байналмилалиро ба худ ҷалб кард.
Тину Иннепалу дар тарҷумонӣ низ дасти расо дорад. Вай асарҳои Франсуа Мориак, Шарл Бодлер ва Марсел Прусро аз фаронсавӣ ба эстонӣ баргардон кардааст.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ