Китоби нав. Иброҳим  Қурбонов: “Бобои Комилшоҳ-таърихи зинда”

Бобои-КомилҚаҳрамони ин китобча – Бобои Комилшоҳ Маҳмудов яке аз он нафароне ҳаст, ки тамоми умри пурсамари худро баҳри ободии ватани азиз сарф кардааст. Ў дар талошу ҷустуҷўи роҳҳои пурсамари ободкорӣ, тарбияи наслҳои ҷавонони ватан кўшиш карда, саҳми босазое гузошт. Ҳаёти бобаракати Бобои Комилшоҳ намунаи ибрат аст.

Иброҳим Қурбонов – аъзои иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон  дар сарсухан ба ин китоб навиштааст, ки  бобои Комилшоҳ  Маҳмудов яке аз он нафароне ҳаст, ки тамоми умри пурсамари худро зоеъ сарф накарда, баҳри ободии ватани азизаш аз синни ба камол расиданаш дар талошу ҷустуҷў роҳҳои пурсамару ободкорӣ, тарбияи наслҳои ҷавонони ватанаш кўшиш ба харҷ додааст.

Ў ҳукумати Советиро бо рафтору кордонии намунавии худаш водор намудааст, ки нигоҳ накарда ба табақаи иҷтимоияш дар корҳои масъули барқароркунию пойдор гардидани ҳукумат саҳми арзандаи худро гузорад. Зеро дар он давраи солҳои сиюм, чилум ва панҷоҳуми барқароршавии Ҳокимияти Шуравӣ на ба ҳар кас, хусусан ба Ҳоҷӣ – Комилшоҳи ҷавон, ки аз оилаи хатмкардаи мадрасаи онвақтаи Бухорои Шариф буд, давлат эътимоду боварӣ мекард.

Бобои Комилшоҳ ба рўзгори пурмашаққати солҳои барқароршавии Ҳукумати  Шуравӣ, ҷанг бо фашизми ғаддор, туҳмату буҳтонҳои баъзе аз бесаводу нотавонбинони ҳамон замона, ғолибу сарбаланд аз ўҳдаи касбу вазифаи пурмасъули тарбияи навли наврас баромада, ба халқу ҳукуматаш содиқона хидмат кардааст.

Дар баробари кору тарбияи насли навраси ҷавон, боз бо назму насри эҷодиёти худ мардумро бо ободонию осудагӣ, тинҷию амонии ватани азизаш, ободкорию дўст доштани марзу бум, табиати зебои ватан даъват карда дар ҳузури фарзандону набераю абераҳо давлати пирӣ меронад. Устод дар баробари кор ва фаъолияти меҳнатӣ бо ҳамсараш Муаззама оила барпо карда, соҳиби чор писар Олим, Амиршоҳ, Баҳрулло, Баҳриддин ва ду духтар Лутфия, Зулҳия гардидааст.

Дар деҳа оилаи намунавӣ мебошад.  Фарзандони худро соҳибмаълумот намуда, баҳри хизмати халқу ватан ба воя расонидааст. Ў аз умри пурсамари худ розист ва шукронаи онро дорад, ки соҳибдавлату соҳиби Ватани соҳибистиқлолу дунявӣ мебошад.

Таҳияи Фарҳоди
САЛИМ, шуъбаи
мукаммалгарддонии фонд