Кишваршиносӣ. Искандаркўл. Номи Искандари Мақдунӣ ба ин кӯл чӣ иртибот дорад?
Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ атрофи номи яке аз кӯлҳои бузурги Тоҷикистон – Искандаркӯл баҳсҳои зиёде сурат гирифтанд ва иддае ҳамоно ба ин боваранд, ки ин кӯл ба номи Искандари Мақдунист, ҳарчанд таърих ёд надорад, ки қадами ин сарлашкар ва ин истилогари юнонӣ ба ин маконҳо расида бошад.
Кўли Искандар, кўл дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд. Дар нишебиҳои шимолии қаторкўҳи Ҳисор, дар баландии 2195-2200 м аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Масофа аз Искандаркўл то шаҳри Душанбе 134 км, аз шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ то Искандаркўл 23 км. Масоҳати сатҳи оби кўл 3,41 км2, дарозияш 3,3 км, паҳнояш 2,9 км, умқаш то 72 м. Ҳаҷми об 173 млн м3. Искандаркўл дар натиҷаи аз морена ва кўҳпораҳо банд шудани маҷрои дарёи Саратоғ ба вуҷуд омадааст.
Шаклаш секунҷа. Ба Искандаркўл дарёҳои Саратоғ, Ҳазормеш, Сарима ва якчанд чашма рехта, аз он дарёи Искандар ҷорӣ мешавад. Обаш соф ва ширин буда, танҳо пулакмоҳӣ дорад.
Атрофи Искандаркўлро кўҳҳои баландияшон то 5000 м иҳота кардаанд. Иқлими атрофии кўл тобистон гарм (ҳарорати миёнаи июл18°C), зимистон нарм (ҳарорати миёнаи январ – 6,1°C, ҳарорати оби соҳилҳои кўл тобистон 7-12,5°C). Танҳо қисми шарқии кўл аз сармои шадид ях мебандад. Дар атрофии резишгоҳи дарёҳо дарахтони сафедор, тўс, ангат, зирк ва ғайра мерўянд.
Роҷеъ ба Искандаркўл ва иртиботи он ба номи сарлашкар ва истилогари юнонӣ – Искандари Мақдунӣ (356-323 то мелод) дар байни мардум афсонаву ривоятҳои бисёр паҳн шудаанд. Мутобиқи ахбори таърихӣ ва ривоёти то замони мо расида, гўё Искандар ба хотири гузоштани нақше дар ин макони зебо барои ба Искандаркўл додани номи худ иқдом намудааст. Олимони тоҷик бар он ақидаанд, ки асли номи Искандаркўл аз вожаи суғдии «искотар» ё «искодар» (искӣ – боло, баландӣ ва тар ё дар – деҳа, маҳалла, макон) гирифта шуда, маънояш кўли дар баландӣ ҷойгиршуда мебошад ва ба Искандари Мақдунӣ алоқае надорад.
Дар «Ҳудуду-л-олам» (асри10) номи Искандаркўл Ҷан ё Дарёжа омадааст. Дар миёнаҳои асри 18, дар асарҳои «Нақшаи роҳи обӣ», «Харитаи генералии империяи Русия» (1776) ва «Харитаи Осиё» (1795) муҳандис ва афсари рус К. Ф. Бутёнов Искандаркўлро бо номи Таран (вазъияти муҳосира дар амалиёти ҳарбӣ) нишон додааст.
Тибқи хулосаи В.В. Бартолд номи феълии Искандаркўл дар охири асри 17 пайдо шудааст. Дар соҳили шимолу шарқии Искандаркўл аз соли 1929 пойгоҳи обу ҳавосанҷӣ фаъолият дорад. Искандаркўл яке аз кўлҳои хушманзараи Тоҷикистон буда, атрофи он иқлими мусоид ва табиати зебо дорад. Ба ин мавзеъ ҳамасола аз ҳудуди ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат сайёҳони зиёде меоянд.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2019. – Ҷ. 8. – С. 420-423.
Таҳияи Истампулод Ормонов
Корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.